Бахшҳо

Вокуниш ба прокурор: Ба номуси мардум дастдарозӣ накунед

Интиқоди Шариф Қурбонзода, додситони вилояти Суғд аз фарҳанги либоспӯшии занон дар шимоли кишвар, ки гуфтааст, “либоси мардуми арабу покистониву эрониро ба бар кардани занону бонувони мо чӣ маънӣ дорад?” вокунишҳои зиёдеро миёни корбарони “Озодагон” ба миён овард.

Аксари корбарон ин интиқодро актарафа ва дур аз воқеият хонда, дахолати як додситон ба либоспӯшии занҳоро дастдарозӣ ба номуси мардум донистаанд. Камол, як корбари “Озодагон” навиштааст, “прокурор (додситон) ба назорати иҷрои қонун сару кор дорад, на ба либоспӯшии занон. Агар ин либоспӯшӣ қонунро вайрон карда бошад, марҳамат дахолат кунад. Вале чун қонун вайрон нашудааст, ин суханонро гуфтан ҷоиз нест. Баръакс, додситон ҳамчун ҳомии қонун бояд гӯяд, ки ҳаққи ҳар инсон аст, ки чӣ хел либос мепӯшад ва касе набояд дахолат кунад”. Дар таъйиди ҳарфҳои Камол, корбари дигаре бо номи Умар навиштааст, “ришҳои мардонро тарошидед, лекин илтимос ба номуси мардум, яъне зану духтарҳояшон дастдарозӣ накунед!”

Абдуллоҳ яке аз корбарон “пайравӣ”-и бархе аз занҳои тоҷик ба мардуми арабу эрониро ҳаққи конститутсионии онҳо дониста, гуфтааст, Тоҷикистон як давлати демократӣ мебошад ва сокинони он ҳаққи интихоби сару либосро доранд: “Чи гунае ки бархе аз занҳо ҳақ доранд, либоси аврупоӣ пӯшанд, занҳои дигар низ бар асоси Сарқонуни кишвар ҳақ доранд либоси арабӣ ё эронӣ ба бар кунанд”.Аммо Абдуллоҳ менависад, агар додситонии вилояти Суғд дар баробари либосҳои эронию арабӣ дар бораи аврупоӣ низ ҳарф мезад, ҳатман ин интиқоди ӯ дастгирӣ меёфт, вале вақте аз воқеият чашм пӯшидааст, наметавонад бо андешаҳои ӯ розӣ бошад. Ӯ гуфтааст, “дар фарҳанги либоспӯшии мо бисёртар хатар либоси аврупоӣ дорад, шумо ҷаноби Курбонзода оё намедонед, ки фарҳанги либоспӯшии мардуми тоҷик чӣ тавр буд, занҳои тоҷик ҳатто то солҳои 1995 либоси миллӣ доштанду либосҳои чакани кушоду рӯймоли сафед ба бар мекарданд. Аммо имрӯз кам нафароне ёфт мешаванд, ки либоси миллиро риъоя кунанд, ман ҳам бо шумо розиям ки ба ҷои он либосҳои сиёҳ либосҳои миллиро кушод духта бипӯшанду дар сар рӯймоли тоҷикӣ дошта бошанд, вале он либосҳое, ки ба фарҳанги либоспӯшии мардуми мо зарар дорад, ин либосҳои аврупоӣ аст, ки мебахшед, тамоми нозукиҳои занонаи духтарони тоҷикро намоён мекунад”.

Дар идома корбаре низ бо номи “Прокурор” ба Қурбонзода тавсия додааст, ки ба ҷойи дахолат кардан ба либоспӯшии занҳо дунболи ифшокунии ҷиноятҳо бошад, чун ба гуфтаи ӯ, масъалаи сару либоси занҳоро бояд Кумитаи занон интиқод кунад: “Як бор хуб фикр кунед ҷаноби додситон, наход аз мини ёбкаву куртаҳои нимурёни аврупоӣ ин либосҳои мегуфтаи шумо ғайриқабул бошад?”“Прокурор” гуфтааст, шояд Қурбонзода нияти додситони кулли Тоҷикистон шуданро дорад, аммо барои ӯ беҳтар аст, дунболи муайянкунии омилҳои худкушӣ бошад, чун дар ин самт нафъаш ба мардум зиёд мерасад: “бигзор танаи шортик ё фаранҷӣ бигарданду заводу фабрика ё танку сомолёт созанд”.

Корбари дигаре низ бо номи “Ҷовид” аз дахолати як додситон ба либоспӯшии занҳо интиқод карда, дар таъйиди суханҳои “Прокурор” илова кардааст, “мегӯӣ дигар мушкилот вуҷуд надошта бошад, мардум аз гуруснагӣ мемиранд, ту бошӣ аз пушти сатру муллоҳо мегардӣ, бигзор ҳар чӣ мепӯшанд, пӯшанд, ин фармудаи Худованд аст, вазифаи шумо таъмини аҳолӣ бо ҷои кору шароити хуб аст. Ҳатто ҳоло дигар президент низ гапи мегуфтанӣ надораду гӯиё тамоми мушкилот ҳал шудаву танҳо ҳамин сару либоси мардум мондааст”.

Аммо “Тоҷик” аз ҳарфҳои додситони Суғд пуштибонӣ кардааст. Ӯ менависад: “пос ва гиромӣ доштани урфу одатҳои миллӣ яке аз вазифаҳои асосии миллати тоҷик бояд бошад. Ҳамаи он шахсоне, ки худро ман тоҷик мегӯянд бояд анъанаҳои миллиро ҳифз намоянд. Вагарна зери таъсири миллатҳои бегона аз байн мераванд. Як бор ба миллатҳои дигар нигоҳ кунанд. Масалан, афғонҳо, русҳо, қирғизу қазоқу ғайра, онҳо дар ҳар куҷо бо либоси миллӣ ва анъанаҳои худ фахр мекунанд. Нишонаи дини Ислом дар либоспӯшӣ нест, балки дар рафтору кирдор мебошад. Инчунин, ҳар як падару модар нагузорад, ки фарзандаш либоси аврупоӣ пӯшад”.

Интиқод додситонии вилояти Суғд аз “бегонапарастӣ”-и занҳои тоҷик дар ҳолест, ки моҳи декабри соли гузашта академик Абдуҷаббор Раҳмонов, райиси Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва профессор Нуралӣ Шоев, ректори Донишгоҳи технологии кишвар дар маҳфили “Дизайни либосҳои муосир” аз ихтирои сару либоси замонавӣ ба занҳои тоҷик истиқбол карда буданд. Раҳбарони ду донишгоҳи кишвар, гуфтанд, “миллати тоҷик фарҳангу тамаддуни таърихӣ ва ғанӣ дорад. Дар ҳар давр вобаста ба тақозои замон мардуми мо либоси зебою шинам ва хос ба расму оини хешро ба тан кардаанд. Чун кишвари азизи мо дар айёми ҷаҳонишавӣ қарор дорад, зарур аст, ки сару либос ва пойафзоли ба замона мувофиқ ихтироъ гардад. Боиси хушнудист, ки дар Донишгоҳи технологӣ факултаи махсуси дизайн ва тарроҳии либос фаъолият мекунад ва аз ҷониби муҳассилини ин даргоҳ навъҳои гуногуни зиёди либосҳо тарҳрезӣ шудаанд”.


Акс аз маҳфили “Дизайни либосҳои муосир”


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
д
Ба ман хусусан шими чинс пушидани духтарони точик маъкул нест. Бисерашон фигураи безеб доранд, пойхои калта, миени гафс, кадди паст. Рости гап тамоми назокати зан гум мешавад бо ин тарзи либоспуши.

Асадулло
дуруст чиба либоси аврупоида эрод надоранд факат либоси Эрону дигар

Додситон ба либос сару кор надошта бош!!!

Аслидин
Охир хами додситону дигару дигараш чи кор дошта бошад ки чи хел либос мепушад.Нисфи занони Точикистон бе тахпуш мегардад як бор дахон намекушоянду як хохари исломи ки сатр пушид даррав хама гапзания сар мекнан

саида
ин озодагон наход ин кадар да замин зада бошад ки ин хар хел мавзухои фачро нашр кунад?

карим
намефората нахон дар мавзуи бехтарин сухбат кардааст ин дар дили мардум аст.ки имруз хукумат бочои хал кардани мушкили мардум факат мушкили эчод мекунад намемонад ки як кас ба тарзи хостааш зиндаги кунад бо гуе давлати демократи аст.

Фарҳад
Прокурор ба ғайр аз ҳуқуқшинос буданаш инчунин як шаҳрванди оди аст ӯ низ ақидаҳои худро дорад.

акбар кулоб
чаноби додситон фикр мекуни бо ин гапхоят ягон вазифаи болотар мегири фаромуш накун ки хеч вакт мисли гафор сидойу екуб хизмат карда наметавони ехтиет кунед дар пешат чари калонай

Эй миллати гумрохи Точикистон гумрох ба он маъне ки таърихи аёнро намебинем ин шармандагист кати хаму Авестотону либосотону оташпараститон бигзор бо хохиш нашавад бо мачбур кабул кунед. Оё фаромуш кардед ки пайвандони мо Ирону Афгонистони гарки хунанд. Чаро нафрат ба либосхои онхо мекунед. Ин хама саркаши ва душманои бо дини Худост окибаташ пушаймонист ва чангчуйи АСТ. Зеби духтари точик Хичобу сатр аст! На юбкаву джинси барахна

anasjon
salom ozodagon. IN HUKUMATI MO BO INKONUNHOI ZIDI ISLOMI HUD BO DASTI HUD BROI DUSHAMAN MESOZAD.AZ HUDO BITARSED KI FARDO DER HOHAD SHUD.pas on vakt ki jang shud jang baini du barodar nameshavad balki jang baini musalmonu kafar meshavad. salomat boshed ozodagon.

Прокурор худ бехабараст ки хурокхои мехурдагиш Китайский шудаги!

Анатолий Демяненко
Иттиходи Шурави бо хама тавоноияш хамчунин дар сатхи давлати дар чодаи фарханг ва муносибат ба мардум сиёсати бехтарини этикиро дошт,ки имруз тамоми чахон ба ин сиёсат сари таъзим фуруд оварда,дар бораи одобу ахлоки шурави ва стандарти он сухан мекунанд.Ин тавр либоспуши дар тамоми хоки шурави баъди аз байн рафтани СССР дар тамоми хоки пасошурави рохандози гашта,лучу урёнию лутигари моли гарб аст,хичобу сатр бошад моли шарк аст.Бадахлокии зани шурави низ моли шарку гарб буда,дар шурави одобу ахлоки зани шурави дар чахон хамто надошт!Занони зебои точики мо бояд либоси милли ва мувофики замони шуравиро ба бар кунанд.Ин маслихат аст,на мачбуркуни!д,

444
Хуб мешуд, ки чаноби Курбонов ба он рохбароне, ки монополияи корупсионии рохбарияти худро ташгкил кардаанд сарукор мегирифт. ва хамзамон як чан мисол меовард, локин мутаасифона ба ин зураш намерасад ё худ шомили яке аз ин гуруххост.

Рафик прокурор! Либоси исломи - шарки ва ё аврупои пушидан чиноят нест, ва дар конституция хам дар ин бора навишта нашудааст. Шумо дар кадом асос ин масъаларо бардоштед? Бехтар нест ки пеши фасодкорону чинояткорон гиред?

бародарон, он чи ки дар боло навиштаанду гуфтаанд ба ягон тааш рози нестам.
Ман нав фахмидам, ки Абдучабор Рахмонов академик шудааст!
Охир хамин А.Рахмонов набуд, ки дар ДДОТ пушидани пойафзоли пастро маъну баландашро "модда" карда буд.
Бародари дигар навиштааст, ки русхову казок ва киргизн либоси милли ба бар мекунад, не бародар афгонхо дар хакикат либоси худашона доран, аммо русхову казоку кириз на. Як маротиба шабакахои телевизионии Туркманистона тамошо кунед, онхо дар чойхои кориву фарханги. мактабхо ва гайра либоси милли ба бар мекунанд. Хатто мардхои туркман дар сар кулох (токи) доранд ана инро либоси милли мегуян.
Либоси эрони, афгони, покистониву араби напушанд? хамон либосхои нимбарахнаи тамоми баданашон уриён пушанд? вой бар холи миллат! вой бар холи мо мардон.........
Мегуем, ки дигар Саъди, Хофиз, Чоми, Рудакиву Фирдавси ва дигарон ба дунё намеоянд....... ба хамин либоси барахнаву бакали пива, сигарету шабгардии баъзе аз занхо, шукр кардан лозим ки хозирам худованд ба мо насли солим насиб мегардонад. Барои ба дунё овардани саъдиву Хофиз барин олимон занхои покдоману поквичдон, мардхои бо нангу номуз мебоист.
узр мехохам аз занхое, эхтироми миллату ватан доранд........

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)