Бахшҳо

Тоҷиконро чӣ ба ҷангҳо мебарад: Пул, ақида ё беақлӣ?

Дар пасманзари хабарҳо оиди афзоиши ҷангҷӯёни тоҷик дар Сурия ва Ироқ, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ онро мояи нигаронӣ хонд, “Озодагон” аз таҳлилгарон омили сафари ҷавонони тоҷикро ба ҷангҳои хориҷӣ суол кард:

Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшинос

Яке аз сабабҳои рафтани ҷавонон ба ҷанги Сурия, пеш аз ҳама сабаби молӣ мебошад. Мардуми камбағал онҷо мераванд ва ҳар ҷанговар дар як моҳ пул мегирад. Аз ҷониби дигар, афроде ҳастанд, ки дар зери таъсири идеологияи ифротгароён ба ин ҳаракат шомил мешаванд. Омили дигар маҳдудияти сиёсиву динии шарҳрвандон аст. Онҳо мегӯянд, ки бубинед, дар Тоҷикистон занону кӯдаконро ба масҷид намемонанд, ин маънои онро дорад, ки Исломро дар ин кишвар пахш мекунанд ва яке аз омилҳое мебошад, ки ҷавононро ба ин кишварҳо ҷалб мекунад.

Бобоҷони Икром, коршиноси масоили минтақавӣ

Бекорӣ ва бенавоӣ яке аз сабабҳои асосӣ иқтисодӣ аст. Мо таъсири сиёсати пешгирифтаи ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ дар кишварро ҳанӯз эҳсос накардаем. Ба ҷуз ҳабс кардан, ба ҷуз ҷазо додан ба ҷуз ҷавононро дар ҷои ҳодиса дастгир кардан, дигар корҳои тарбиявӣ дар сатҳи давлатӣ ба таври бояду шояд ташкил накардаем. Ҳаракатҳо ва гурӯҳҳои иртиҷоӣ, ки имрӯз дар Тоҷикистон амал мекунанд, ҷавононро ба сўйи худ ҷалб мекунанд ва барои сафар кардан ба Сурия мусоидат мекунанд. Фардо ин ҷавонон бо ақидаҳои иртиҷоӣ мусаллаҳ мешаванд, бармегарданд ба Тоҷикистон ва мушкили зиёд ба сари мардуми тоҷик меояд. Ин ҳушдор саривақтист.

Усмон Солеҳ, сухангўи ҲХДТ

Шабакаҳои пинҳоне дар Русия, Туркия, Тоҷикистон ва умуман минтақа ҳастанд, ки барои ҷалби ҷавонон кор мебаранд. Баъзе хабарҳо дар худи Тоҷикистон паҳн шуд, ки нафарони аз суйи мақомоти интизомӣ боздоштшуда дар ҷанги Сурия ширкат кардаанд. Дар Русия аз ҳисоби муҳҷирони корӣ нафаронро истихдом мекунанд. Баъзе одамон сода ҳастанд, намефаҳманд, шояд бар ивази маблағе бошад, розӣ мешаванд, мераванд, вале оқибаташро фикр намекунанд. Ман фикр мекунам, ки доираҳои муайяне ҳастанд, ки ба ҳамин корҳо машғуланд.

Ин дар ҳолест, ки ба иттилои раисиҷумҳури Тоҷикистон то ҳол танҳо дар Сурия беш аз 30 ҷангии тоҷик фавтидаанд. Теъдоди умумии иштирокдорони ҷангҳои хориҷӣ аз Тоҷикистон аз 200 то 500 нафар арзёбӣ мешавад.

Мӯҳр
ANASJON
OZODAGON shumo az nafaroni javob mepused ki fahmish nadorand dar borajangi surya. Agar mushkilii moli va besavodi boshad charo az amrikovu aurupo meravand holo in ki shumorai onho nisbat ba TJ ziyod ast.

Ба акидаи ман, пеш аз хама чавононро вазьияти иктисоди, я не бепули бекори кашшоки ба ин гумрохи мебарад. Шахси серу пуру вазьи зиндагиаш муьтадил ва ором хеч гох ба чанг ба суи марг намеравад. Аз дармондагию мухточии мардуми мо шахсхои манфиатдор истифода мекунанд. Бехтараш шароити иктисодиву ичтимоиро фарохам орему киву чи гунахгор гуфта нагардем

мухаммад
Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшинос

Аз ҷониби дигар, афроде ҳастанд, ки дар зери таъсири идеологияи ифротгароён ба ин ҳаракат шомил мешаванд. Омили дигар маҳдудияти сиёсиву динии шарҳрвандон аст. Онҳо мегӯянд, ки бубинед, дар Тоҷикистон занону кӯдаконро ба масҷид намемонанд, ин маънои онро дорад, ки Исломро дар ин кишвар пахш мекунанд ва яке аз омилҳое мебошад, ки ҷавононро ба ин кишварҳо ҷалб мекунад.

Вамбери
Пеш аз хама бесаводи,беакли,ва бепули чавононро бо рохи ифротгарои мебарад.Шумо бубинед,дар дохимли кишвар чи гуна тарики дискхои афсонахои фанатизми дини аз чониби эшону муллову кори рохандози мешавад.Ин беаклхо боре надидем,ки дар дискхо оиди ахамияти физика,химия,тиб ва оиди олимони ин сохахои гарбу шарк вазъ гуянд,лекин попи Рус Кирилл бошад дар мавизаъаш хатман мегуяд!

ман фикр дорам ки чохилият ва бефархаги, акидаи асримиёнаги доштан, тарбияи нодурусти оила, бемаърифати, чойи донишхои замонавиро гирифтани тафаккури бемояи дини (дар назар аст худкурбонкунии чохилона) боиси ин омил аст.

точикписар
Фикри шахрвандонро кардан лозим аст,агар не дар хамаи манотики дунё дигар точикбачахои луч чанг мекунанд-ба хотири пул барои рузгузаронии оилахояшон шуда........Кисахои шумо кайхо боз пур шудаанд,бас кунед коратонро!!!!!!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)