Бахшҳо

Эмомалӣ Раҳмон ба Рӯзи мавлудаш рост омадани Иди забонро шарҳ дод

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо нашри як паём тамоми мардуми кишварро бо Иди забон табрик гуфтааст, ки 5-уми октябр дар рӯзи мавлуди раисиҷумҳур таҷлил мегардад.

Ӯ дар паёмаш хабаргузории миллии “Ховар” нашр кардааст, омили аз рӯзи 22-юми июл ба рӯзи 5-уми октябр таъин шудани Иди забонро шарҳ дода гуфт, “25 сол қабл, яъне 22-юми июли соли 1989 дар Иҷлосияи даҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни забон қабул шуд ва он барои тоҷикон рӯзи таърихӣ гардид. Аммо бо сабаби он, ки рўзи 22-юми июл ба давраи таътили тобистонии мактабҳо ва донишгоҳҳову донишкадаҳои мамлакат ва рухсатии кормандони ташкилоту муассисаҳо баробар меояд, ширкати фаъоли ҳамаи қишрҳои ҷомеа дар ин ҷашни умумимиллӣ ғайриимкон мегардид.”

Бинобар ин ба гуфтаи раисиҷумҳур Иди забон 5-уми октябр таъин гардидааст, ки рӯзи қабули қонуни нави Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» мебошад: “Қонуни нави забон дар Тоҷикистон 5 октябри соли 2009 қабул гардид ва дар асоси ҳамин санади муҳим ин рӯз ба феҳристи ҷашнҳои миллӣ ворид шуд.”

Эмомалӣ Раҳмон дар зикри чораҳо барои нигоҳ доштани забон таъсиси Кумитаи забон ва истилоҳотро ном бурда, афзуд, ки ҳадаф аз таъсиси Кумита назорати иҷрои муқаррароти қонун, ҳамгунсозии истилоҳоти соҳаҳои гуногун, риояи меъёрҳои забони давлатӣ ва дар маҷмўъ, татбиқи сиёсати давлатии забон мебошад.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз моддаи дуюми Конститутсияи Тоҷикистон ёд овардааст, ки дар он забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ эълон шудааст: “Забон рукни асосии миллат ва давлат аст. Миллату давлат соҳиб ва пуштибони забонанд. Забон омили асосии давлат аст. Ин аст, ки забон ва давлату миллат дар паноҳи якдигаранд”.
Мӯҳр
Шорех
Рахмон ба рузи 5- ум гузаронидани иди забонро шарх дод, муфти як руз кафо, яъне 5- ум овардани иди курбонро хам шарх дод. Як пешниход дорам? Биеед хама идхоро дар хамин руз монем? Хам харочот кам, хам як нафари асосии кишвар рози. Агар у хамин руз таваллуд намешуд, мо на миллат медоштему на кишвару на забону на курбону рамазон! Соати таваллудро хам ефтан даркор, хатто дакикаашро хам. Хамон дакика ки фаро расид, хама бояд аз чо бархезем, гимн садо дихад ва хама даст болои сина, ру ба тарафи акси сохиби хама идхо бигуем: як чахон ташаккур, ки таваллуд шудед! Агар хамон чо мемондед, дигар ягон точик хаки таваллуд шудан надошт. Як комиссияи давлати бояд ташкил кард барои муайян кардани соату дакикаи таваллуд, чойи афтидани навзоду рехтани хуни ноф, ташхиси рангу буйи хун. Раиси комиссия Юсуфшох Екубов, чонишинаш Ато мирхоча, аъзоен Бозор Собир, Низом Косим. Барои он ки ин масъалаи нихоят мухими стратеги барои миллат мебошад, худи Ятимов масъулияти амнияти гурухро ба душ бигирад. Ки тарафдор?

Ин бори аввал нест, ки Озодагон дуруг менависеду дигар "Озода" набудани худро исбот мекунед. Чаро сарлавхаи матн ба матн мувофикат намекунад???

Ба шумо чи зарур омада, ки ба ин каллобию мардумфиреби даст мезанед?!

Ин бори аввал нест, ки Озодагон дуруг менависеду дигар "Озода" набудани худро исбот мекунед. Чаро сарлавхаи матн ба матн мувофикат намекунад???

Ба шумо чи зарур омада, ки ба ин каллобию мардумфиреби даст мезанед?!

узр
Барои дигар идхои тобистонро, аз он чумла 27 июн, ба рузхои таваллуди ягон кас гузаронидан зарурат нест?

Mamlakat guftani jumhirii tojikiston khoto ast zero mamlakat podshohi ast

Тамоми идхоро дар хамин руз гузаронему монем

рузи истиклолу иди наврузро 5 октябр чашн гирем ба фоидаи ,, давлату миллат,, ва хонандагон аст.

Дар моддаи дуюми Конститутсияи Тоҷикистон ёд овардааст, ки дар он забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ эълон шудааст: “Забон рукни асосии миллат ва давлат аст. Миллату давлат соҳиб ва пуштибони забонанд. Забон омили асосии давлат аст. Ин аст, ки забон ва давлату миллат дар паноҳи якдигаранд”. Аммо ин чизо дар амал нест.Дар кафедраи педагогикаи умумии ДДОТ ба номи С.Айни одаме ки робари мекунад умуман забони точикиро намедонад, на навишта методанду на дуруст гап зада, аммо ректори донишгох уро дастгири менамояд, дар кафедра умуман барномахои фан вучуд надорад, мачлиси кафедра ба забони руси мегузарад, ана ин хел одамхо на хурмати забон ва давлатро эхтиром мекунад

Аз ин нуктаи назар хулоса кардан мумкин аст, ки дар мавриди кабул шудани тагйироту иловахои нав ба Конуни Забони давлати рузи чашни забони давлати хам бояд тагйир пазирад. Зинда монем хохем дид!

Ба Кумитаи давлатии забон ва истилоҳоти Тоҷикистон дар назди Хукумати Чумхурии Точикистон мурочат мекунем,ки дар кафедраи педагогикаи умумии Донишгои давлатии омузгории Точикистон ба номи С.Айни ичроиши “Қонуни забон" ба талабот чавобгуй набуда, мудири он ягон калимаи забони точикиро навишта ва хонда наметавонад. Мо то хануз намедонем ин хонуми профессор аз хама донишгохо дарс гуфта шармандавор барои пул ситониааш пеш карда шудааст акнун навбати донишгохи ба мо хамчунин модар расидаст, хохиш мекунем,ки ба ин масъалаи рузмарра чора андешанд

душанбинец
Матин,
Худи ҳамон раиси Кумитаи забон ва истилоҳот ҳам дурусту равон бо тоҷикӣ сухан гуфта наметавонед... шеъри бисёреро медонад аммо мутаасифона забонро он қадар хуб балад нест, барои ҳамин об аз боло лой аст.

культ личности прогрессирует

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)