Бахшҳо

ҲНИТ гуфт, дар танҳоӣ вориди корзори интихобот мешавад

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), яке аз аҳзоби умдаи мухолифи кишвар аз омодагӣ барои иштирок дар интихоботи парлумонии 2015 хабар медиҳад. Ин ҳизб мегӯяд, 16 декабри соли ҷорӣ анҷумани пеш аз интихоботии худро баргузор хоҳад кард.

Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи ҲНИТ дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ин тасмим дар пайи нишасти Раёсати олии ҳизб рӯзи 28 сентябр дар қароргоҳи марказии он дар шаҳри Душанбе гирифта шудааст. Ба гуфтаи Файзраҳмонов, Раёсати олии ҲНИТ баъд аз шунидани гузориши ситоди омодагӣ ба интихоботи парлумонии моҳи феврали соли 2015-и Тоҷикистон, ба хулосае омадааст, ки бо вуҷуди фишору таҳдидҳо алайҳи пайравонаш дар ин корзори сиёсии кишвар иштирок хоҳад кард.

Файзраҳмонов мегӯяд, Раёсати олии ҲНИТ ширкат дар интихоботро барои субот ва пешрафти кишвар муҳим арзёбӣ карда, бо аксарияти раъй аз он ҷонибдорӣ намуд:“Фишорҳо ва монеъагузориҳои зиёди мақомот болои ҳизбро мавриди таҳлил қарор дода, онро дар муқоиса ба вазъи соли 2010 ақибравӣ ва дасткашӣ аз дастовардҳои демократӣ баҳогузорӣ карданд. Бо назардошти вазъи нигаронкунандаи минтақа, фаъол гаштани неруҳои мухолиф ба равандҳои демократӣ ва тундрав, фишор болои аҳзоб ва гуруҳҳои қонунмеҳвар ва муътадил фазои интихоботиро печида гардонидааст. Пас аз баррасӣ ва таҳлили ҳамаҷониба , Раёсати олии ҲНИТ ширкат дар интихоботро барои субот ва пешрафти кишвар муҳим медонад.

Инчунин Раёсати олии ҲНИТ бо содир намудани қароре барои пешгирӣ аз тақаллуб дар интихобот ва фишорҳои эҳтимолӣ болои аъзо ва ҷонибдорон дар раванди интихобот ба андишидани чораҳои зарурӣ, аз ҷумла тақвияти бахши иттилоърасонӣ, омузиши ҳуқуқӣ ва сиёсии фаъолони ҳизб, истифода аз равишҳо ва шеваҳои муосири таблиғотӣ дар маъракаи интихобот дастур додааст.

Ҳизби наҳзати исломӣ дар ин ҷаласаи раёсати олии худ ба масъалаи ташкили эътилоф дахл карда, ба танҳоӣ рафтан ба интихоботро авлавият додааст. Аммо ба гуфтаи масъулини ҲНИТ, дари онҳо барои ҳамкорӣ бо ҳама ҳизбу ҳаракатҳо ва шахсони алоҳида боз мебошад: “Меъёрҳои асосӣ барои ҳамкорӣ қонуният, манофеъи милливу давлатӣ, арзишҳои муштараки миллӣ ва демократӣ, инчунин, шаффофияти интихоботҳо мебошанд.

Раёсати Олии ҲНИТ карор кардааст, ки барои баргузории анҷумани пешазинтихоботии худ аз шаҳрдории Душанбе толор хоҳад хост.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Усмон (донишчу)
БЕХТАРИН ИКДОМ

Хуб мешуд хамин аъзоён ва пайравони ХНИТ ба манфиати давлат ва миллат ягон кори хайр мекарданд, масалан ягон дехаро бо об таъмин, асфалтпуши рох, схтмони мактабу богча барои насли наврас. Хеч кор намекунанд, факат гайбат, бадномкунии хокимият. Дин рохи худашро дорад, давлатдори рохи худашро! Факат масъалахои динива часпида гирифта, мардума аз тараккиёт ба акиб бурдани хастанд, чи бало?

ганда
БИЕД БА ХОТИРИ ХАЛКИ БЕЧОРАИ ТОЧИК АЗ ПУЛХОИ ШАЙХОНИ АРАБ ДАСТ КАШИДА РИШХОРО ТАРОШИДА ЯК ХИЗБИ ПРОГРЕСИВИ ТАШКИЛ ДИХЕД ВАЗИФА ДАРКОР БОШАД @

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)