Бахшҳо
30 сен 2014 08:30Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Мақомот: Кӯчарӯбро корманди прокуратура пахш кардааст

Додситонии Душанбе тасдиқ намуд, ки Зеварбону Пирова, як роҳруби 53-солаи тоҷикро дар хиёбони Исмоили Сомонӣ корманди прокуратура пахш кардааст.

Тавре манбаи “Озодагон” аз ин ниҳод иттилоъ дод, парвандаи ин ронанда, ки корманди додситонии ноҳияи Исмоили Сомонӣ мебошад, аллакай ба Додситонии генералӣ равона шудааст ва ҷузъиёти бештари онро ифшо карда наметавонад.

Дар суҳбат ба “Озодагон” наздикони Зеварбону низ изҳор доштанд, ки ронанда Фирӯз Холиқзодаи 31-сола буда, дар прокуратура кор мекардааст.

Зеварбону Пирова, як роҳруби 53-солаи тоҷик, субҳи 28 сентябр ҳангоми руфтани роҳи назди меҳмонхонаи “Ҳаят Реҷенсӣ” дар хиёбони Исмоили Сомонӣ зери чархи мошин монда буд. Ҳамкорони Зеварбону, ки шоҳиди ҳодиса будаанд, дар суҳбат бо "Озодагон" гуфтанд, қазия соати 4:30 дақиқа рух дод: "Мошин баъди он ки Зеварро пахш кард, ҳатто суръатро паст накарда ҳамчунон ба роҳаш идома дод. Вақте ду ҳамкори дигарамон ин ҳодисаро диданд, аз тарс аз ҳуш рафтанд. Онҳоро ба Қарияи Боло бурданд”-гуфтанд тамизкорон.

Дар ҳамин ҳол наздикони Зеварбону ба “Озодагон” гуфтанд, суръати мошин ба ҳадде баланд будааст, ки ҷасади марҳумро ба қисмҳо ҷудо кардааст.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Бовари дорам, ки дар ин казия низ чун казияи писари Амонулло Хукумов баъди гузаронидани санчишхои гуногун, боз хам гунохе намеёбанд. Зеро у хомии хукук аст ва хатман бо кумаки тагияш хукуки худро дифоъ мекунад.
Вале якин мегуям, ки мархума шахид шуд ва иншооллох чояшро дар бихишт хохад ёфт.
Чи чора ки дар мо конун факат барои камбагалхову бепушту паноххо аст.

Душанбеги
холи мебинем, ки экспертиза мешавад ва" бегунохии" Фирузчон тасдик мешавад

Ақлак
Ҳой мардум!! Шумо ёрдамчии прокуроро даравӣ карда гунаҳкор набароретон. О вай фақат мошини вай будааст ку?!
Дар сари рул кӣ нишаста бад? Худи ёрдамчии прокурор? Э! Иштибоҳ мекунед!!
Ана мебинед, вай мошин зери фармони ҷинҳои ёрдамчии прокурор буд. Чӣ? Ҷин гуфтам? Эээ, мебахшед, ҷиян гуфтанӣ будаму.... Хайр фарқаш чӣ, ҷин бошад ё ҷиян бошад? Ҷиянҳои имрӯза аз ҷин ҳеҷ монданӣ надоранд ва барои мақомоти судии мо чӣ фарқ дорад, кӣ сари чанбарак нишаста буд, муҳим ки одами худиро нашинонанд. Бале, лозим шавад ҷинро ҳам, э бубахшед, ҷиянро ҳам мешинонанд, то тағо ҷон ба саломат барад ва баъди чанд моҳ ӯро аз турма халос мекунад, статяашро ёфта.
Механдед? Магар ман чизи хандаоваре гуфтам? О фаромӯш кардед як бачачаи ғундача бо як мошинчаи майдача се нафарро зада кушт, сетои дигарро искалочит карда партофтанаша. Аввал гуфтанд, ки ҷӯреи дар паҳлӯеш буда ин корро кардааст (!), гӯё вай мошин ду рул доштааст, баъд гуфтанд, ки не вай набудааст, як нафари дигар будааст, лекин вай бачачаи ғундача набудааст, ҳарчанд пас аз садама ҳардуи онҳо аз он мошин берун омадаанд.
Дар охир худи вазир (шӯхӣ накунед !), худи вазир баромад карда ҳукм карданд (!), ки ягон "состав преступления" ҷо надорад. Фаҳмидед! Ҷим...! Хап...! Хомӯш...! Дар мо одамро (фарқ надорад як нафар ё даҳ нафар бошад) зада куштан маънои онро надорад, ки шумо қонунро вайрон карда бошед ё худ ҷиноят содир карда бошед, магар ки "состав преступления"-атонро вазири корҳои дохилӣ муайян кунад.
Чӣ гуфтед, вазир не, коргаронаш муайян мекунанд? Обо..., мардуми сода! О мудоме ки вазир ба ҷои прокурору судя ҳукм мебарорад, чаро вай наметавонистааст, ки "состав преступления"ро муайян кунад?!

Рустам
Падари Фируз Холикзода ки бошад, Корманди хифзи хукук прокурор, наход надонад, ки "гузоштан дар холати ба хаёт хавфнок" чиноят аст.Ин кори кардаи ин прокурори бесаводро бояд касдан аз хаёт махрум кардан бахогузори карда шавад. Пеш агар як корманд чиноят мекард дар сохторхои низоми ва кудрати Рохбарони аввалашонро аз вазифа озод мекарданд.

Роҳгузар
Муҳтарам мақомот!
Чаро кушиш доред, ки қазия пинҳон монад? Канӣ наворҳои Шаҳри бехатар? Барои чӣ ошкоро ному насаби ҷинояткорро ба мардум маълум намекунед? Магар бо 20 соли тантанаи қонуният ва ҳукмронии Конститутсия дар назди қонун ҳама баробар нестанд? Барои Шумо ҳаёти прокурор ва ҳаёти роҳруб ба як категория мансуб нестанд? Магар аз ёдатон рафт, ки дар рӯзи Прокуратура Сарвари Давлат ба прокурорҳо чӣ гуфт?
Пинҳон кардани ҷиноят магар ҷиноят нест?

аа
Рустам,

О вай маст будагияй, барои хамин гурехтааст.

Мегуянд, ки ин корманди прокуратура писари муовини визири адлия Холиков Абдуманон ва чияни Раиси кумитаи дин Холиков мебошад.

Дарвеш
Куввати неки надори бад макун. Салом хамватанони азиз Магари Хами бародар интизори чунин ходиса буд биёед афсонагуиро бас кунед мисолои занона наоваред худо ба хонадони махрум сабри чамил оварад насиби омадаро гардондан душвор ба ин бародар сабукихо ки холо чавон аст дар риштаи тафтишот хохонам як чизи дигаро кайт кунам гузариши гунох дар ислом савоби калон аст ба харду тараф сабукихо хохонам

Баъд ин мардуми бекор у маст буд ......... вахоказо бас будагист

Додситони боло
Боз хам бачахакои болора гам метен-да. Хайр Расулчона як-ду чонбезор худшона дар таги мошинаш партофта уро хеле гаранг карданд (очаша 130 сомон чарима бастанд). Акнун боз Фирузчона гам метен? Хайр айб айби хамин занак. Дар соати 4.30-и сахар дар рохи мошинбозии Фирузчон чо мекуна!? Хонашда мешишт, ширчою торт мехурд, ин хел намешуд. Фирузчона гам натен. Сёравно хафта экспертиза меша, Фирузчон бегунохиш тасдик меша, боз сахттар аламтон мекуна.

ээ, ин фирузчон шаб дар назди кадом олуфта мехмон шудаасту баъд сахарии барвакт саросема хона омада зуд оббози карда кор рафтани шудагист, ки чунин ходиса.........

Ақлак, Ofarin brat! Digar yagon chizi manidod mekadagi ham namond,hamaasha '" po polochkam"" jobajo guzoshti!!!!

пркурор
Ин фарзанди рахматии собик декани факултети хукушиноси Кароматулло Холиков мебошад. Аз дасти ин фарзанди нокобил падараш низ чавонмарг шуд. Бигзор макомот ин тоифа чохилони худобехабарро "наказат" кунанд!

пп
Дарвеш,

Мо хам ба касе чунин рузро хохон нестем, ба хамин прокурорча хам. Лекин бояд барои гунохи кардааш чазои сазовор гирад. Худро бо шайтонгари аз чавобгари бояд халос накунад. Как положено рафта шинад. Дар Точикистон танхо камбагалонро чазо медиханд. Ана хамин кори хуб нест.

Худобехабари ноинсоф заданба ку зада о акалан исто хамну одама то беморхоная бар, давидани гусола то кахдон! Хатман бояд аз руи конун чазо гирад вай ки мухим нест.................

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)