Дар пайи як ҳодисаи нохуш корманди заводи пахтаи ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ба ҳалокат расидааст.
Бино ба иттилои ВКД, рӯзи гузашта, тахминан соати 13-00 Шариф Раҷабови 52- сола, сокини ҷамоати Кирови ноҳияи мазкур аснои кор дар сехи коркарди пахта, ки бештар бо номи ҶДММ «Беҳрӯзи Мурод» ёд мешавад, беэҳтиётӣ карда, дасти росташ ва қафаси синааш дохили дастгоҳ мемонад. Дар натиҷа, коргари завод ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан ба ҳалокат мерасад. Оиди ин қазия парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ гардида, тафтишоти пешакии парванда идома дорад. {jathumbnail off}
Мӯҳр