Бахшҳо

Имом-хатиби “Нури Ислом”: Пӯшидани либосҳои ғайрианъанавӣ ҷоиз нест

Ибодулло Калонзода, имом-хатиби масҷиди ҷомеи “Нури Ислом”-и шаҳри Хуҷанд ҳукми интихоби сару либос аз нигоҳи Исломро шарҳ дода, пушидани либосҳои ғайрисуннатиро нораво хондааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдории Хуҷанд, Калонзода зимни вохӯрии Раҷабой Аҳматзода, райиси шаҳри Хуҷанд бо сокинони маҳаллаи “Қори Раҳмат Қурбонов” гуфтааст, “риояи симои зоҳирии ҳар фарди мусулмон арҷгузорӣ ба анъанаҳои ниёгонамон аст ва аз бар намудани либосҳои ғайрианъанавӣ барои мардуми мо ҷоиз нест”.

Ӯ дар шарҳи ин даъват ва ҳарфои худ илова кардааст, “сари вакт пешгирӣ накардан, бетарафӣ намудан сабабгори бисёр аз бадбахтиҳои мардум мешавад, ки мисолҳои он имрӯз дар ҷахон кам нест”.

Ин ҳарфҳо дар ҳоле гуфта шудаанд, ки қаблан низ имом-хатиби масҷиди ҷомеи “Нури Ислом” дар пайи маъракаи риштарошӣ бо ҷалби кормандони пулис дар шимоли кишвар аз симои зоҳирии бархе ҷавонону риоя нашудани одоби ришмонӣ нигаронӣ карда буд: “ҳар ҳар як мусулмон бояд анъанаҳои миллиро риоя ва эҳтиром намоянд”.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
РАХМОН
ИН МУЛЛО БО ИН СУХАНОНАШ КАДОМ ЛИБОСХОРО ДАР НАЗАР ДОШТА БОШАД .АГАР ШАХСЕ ШИНОСАД УРО РАСОНАД

wink мо точикистониён бояд урфу ананахои худро фаромуш накунему ба тозаву озода нигох доштани худ ахамият дихем, яъне аз хар як чиз кисми бехтаринашро интихоб карда аз худ кунему таърихи худро фаромуш накунем.

Star
Аз ин хабари навиштагиатон чи фахмидан мумкин?

ЯЪНЕ ЗАНОНУ ДУХТАРОН КУРТАХО ВА ПОЙЧОМАХОИ СОЛХОИ ТО 90УМРО ПУШАНД, ХЕЛЕ ХУБ.

Магар кормандони корхои дохили хамун риши онхое ки аз суннат бехабар Риш монда мегарданд тарошидааст не асло онхо хамон чавонхои огоху боибодатро ришашонротарошидааст ки онхо тозагиро аз ману шумо дуруст медонанд ки тозаги аз иИмон аст аммо ин муллоро вакти бозгашт аз мусофири як вомехурам иншооллох магар паембари ислом /с/ хамин хел риши кутох доштанд?????

ин муллохо чиро дар назар дршта бошанд , либоси милли гуфта кадом либосро мегуфта бошад , барои чи аз худо наметарсану хакикатро намегуян , барои чи аз ояту хадисХои пайгамбар сухан намегуян далел намеоранд, то ба кай паси пардаои пушида гап мезанд та ба кай мукобили суханхои худованд гап мезананд он чи дар Курон гуфта шудааст аз руйи он кор намегирифта бошанд,
аз худован талаб дорем , ки ба ин беимоно имони комил дихад тарсро аз вучудашон дур намоянд то ин халки бегонохро ба рохи кач набаранд

аз кормандон милитси эхтирона хохиш дорем то охирати худашон насузанан он чизе дар курону хадисхо пайгамбар с.а .в оамдаст аз руи он кор гиранд на ин , ки аз руи гуфти ин беимонхо , фахмен то ин корхо хамааш аз руйи барноамахо Амрикоихо рафта истодааст онхо айни замон бо ВКД барномаи " кор бо чомеъаро " ворид намудаанд, аз руи хамин барномашон тамоми мардуми мусулморо , аз он чумла мардуми точикро мукобили давлат хезода истодаанд, бойяд мо хушёри ва зиракиро аз даст надихем , айни хол тамоми мусулмонон точикистон нисбати сиёсати пешгирифтаи ВКД ЧТ бадбини ва кинаву адоват пайдо намуданд ин чуни нисбати Президенти давлат ки оё аз сиёсати ин Вазорт хабар дорад ё не , ин вазорат аз номи Президенти давлат гуё амр намудааст ки ришро тарошен хичобро аз сари мардуми мусулмон кашед, оё ин хакикит хаст ё не барои мардум норавшан аст . аз сиёсатмадони точик ва шахсоне дар хукумат крм мекунанд оиди хамин мавзуъ равшани андозан агар барои милллит дилсуз бошанд то аз номи Президенти давлат хар хел гапхо дуругро ба мардам нарасонд

Амбарой БелиДом
нав фахмидем ки мардуми мо аз кадим ЮПКА ва ШОРТИК ё ТОПИК мепушидай о шумо наход ки тарихи худатона надонед ки одамони гузаштай шумо чи мепушидаянд тамоми ачдоду авлоди точик либоси кушоди дарози милли мепушиданд мо нав фахмидем ки зану духтарой шумо юпкаву топик мепушидай худатон пушидан гиред вале мусалмонхоро кордор нашед мо мисли бобову бибиамон либос мепушем

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)