Бар асари обхезии пайдарпай теъдоди зиёди сокинони ҷануби Покистон зарар дидаанд.
Мақомоти давлатӣ иқдоми фавриро барои кӯмак ба қурбониён аз сар гирифта, амалиёти наҷотдиҳӣ ва кӯмакрасонӣ идома дорад. Феълан, дар маҳалли ҳодиса низомиёни амрикоӣ барои зарардидагон паноҳгоҳи муваққатӣ омода карда, кӯмакҳои башардӯстона тақсим менамоянд. Тибқи иттилои расмӣ дар натиҷаи обхезии шадид 22 минтақаи аёлоти Синд зарар диданд. Гуфта мешавад, шумораи зарардидагон дар ҳафтаи охир ба 150 ҳазор нафар расида, 270 манзили зист таги об монданд, хабар медиҳад
РИА Новости. Сабаби обхезиро бошад, боронгарии зиёд дар нимаи моҳи августи соли равон унвон мекунанд.
Ёдрас менамоем, як сол қабл обхезӣ 20 дарсади Покистонро зери об карда, он вақт теъдоди зарардидагон ба 20 миллион нафар расида буд. 1700 нафари дигар дар пайи ин ҳодиса ҷони худро аз даст доданд.{jathumbnail off}
Мӯҳр