Бахшҳо

Зикри Оқохони IV-у Аҳмадзай ва лағви Кабирию Каримов аз рӯйхати “500 мусулмони бунуфуз”

Пажуҳишгоҳи исломии Уммон бо нашри гузориши наваш зери унвони “500 мусулмони бонуфуз барои солҳои 2014 – 2015” номи Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро аз ин рӯйхат лағв кардааст.

Таҳиягарони гузориш дар соли 2013-ум Муҳиддин Кабириро дар рӯйхати “500 мусулмони бонуфузи ҷаҳон” зикр карда, аз ӯ ҳамчун нафаре, ки тавонистааст Ҳизби наҳзатро аз порашавӣ наҷот диҳад, ёдоварӣ намуда буданд. Аз Кабирӣ пештар дар ин феҳраст Тоҷикистонро раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ мекард, ки ӯ низ дар ду соли охир ба ин рӯйхат ворид нашудааст.

Инчунин имсол аз рӯйхат Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон берун мондааст. Дар қатори чеҳраҳои нави ин рӯйхат Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, раисиҷумҳури тозаинтихоби Афғонистон номбар гардидааст.

Дар сархати феҳристи нави мусалмонони бонуфузтарин шоҳи Арабистони Саудӣ, Абдуллоҳ бин Абдулазиз Ал Сауд қарор дорад. Дар пайи ӯ Аҳмад Муҳаммад Ат-Таййиб, шайхи аъзами Донишгоҳи “Ал-Азҳар” аз Миср ва Алӣ Хоманаӣ, роҳбари аъзами Эрон ҷой гирифтаанд.

Оқохони IV, Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ, имоми 49-умини исмоилиён, ки шаҷараашон аз нахустин имом, Ҳазрати Алӣ оғоз мешавад дар феҳрасти мусалмонони бунуфузтарин ҷои 39-умро гирифтааст. Гузоришгарон мегӯянд, аз Оқохони IV то 15 миллион нафар дар саросари ҷаҳон пайравӣ мекунанд, ки қисме аз онҳо дар Бадахшони Тоҷикистон иқомат доранд.
Мӯҳр
Пажуҳишгоҳи исломии Уммон хам фахмидааст, ки огои Кабири бо номи дини Ислом хизби сиёсиро рохбари карда максадхои гаразнок дорад! Вагарна уро аз руйхат хат намезад.

фирдавс
Пажухиши исломии Уммон чи хел идора будаст, ки мусалмонхои бонуфузро муайян мекардааст. Боз гуфтааст, ки мусалмони раками 1 шохи Арабистони саъуди. Руят ......

Уммон фаҳмидааст ки Кабири мусалмони вақеи ҳаст , зулмпазир нест ба манфиати дин кор мекунад ба ҳамин хотир исмашро аз ин руйхат лағв карданд вале худаш ки ҳаст барои мо исмаш лозим нест худаш лозим ҳаст.\ вале дар акси ин Аҳмад Зай ки ҳамин чанд рузи гузашта бо америка сазиш кард тавофуқномаи самими бастанд ба ҳамин хотир исмаш дар ин руйхат ворид шуд ҳамчунин шоҳи арабистон Абдуллоҳ ибни Абдулазизи ки дусти деринаи Абама ҳаст яъне аз ёрони амрикост исмаш дар саффи авалл ҳаст, дар инҷо асоми мунофиқон заёд ҳаст , ҳатто касоне ҳастанд ки як заррае ба дин хидмат накарданд вале номашон дар баробари мусалмонони бонуфуз аҷиб ҳаст ба фикри ман ҳамин Уммон ро ҳам Абама роҳлбари мекунад.

Dev
Fikr mekunam nomardtarin rujhat dar jahon ast.Ohir Ahmadzaj baroi islomu musulmon chi kori hub kardas? Bo durugu fireb sari kudrat omadu ba fehrasti musulmonon joj dodan. ajab rujhate.

..
Кабири магар ягон нуфуз дорад? Илтимос нахандонед. Хамон бозорчааш буд, каме серпултар буд.

шохин
кабири арзанда мебошад

кабири арзанда аст

Сафар- Махсум
Биёед мо низ ягон маймунбозие мисли уммонихо ташкил мекунем. Мисол 622 фидокори олам. Ва дар ин фехрист ашхоси мехостаи худро номнавис мекунем. Аммо аз ин хама чи фоида....... ки будани хамаи моро фардо Козии Кабир фош хохад кард.

Кабири бозичаи дасти Шиъахост..........

******Оқохони IV, Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ, имоми 49-умини исмоилиён, ки шаҷараашон аз нахустин имом, Ҳазрати Алӣ *****-----озодагон ман шуморо нафахмидам ин чи сухан аст
ба фикрам хазрати али разияллоху анху имом ва халифаи чахоруми пайгамбаранд ё ки шумо низ аз эрон кумак ба даст оварда дар баъзе масоил амру фармони онхоро ичро мекунетон

РУМИ
КАБИРИШ КИЯЙ ОЗОДАГОН ЯГОН ЯГОН НОМИ ХОЛАИ БУНАФШАРААМ НАВИС ХАЛК УРА АЙ КАБИРИДА НАГЗ МЕШИНОСА

агар Кабири бо амрикоихои яхуд мисли шохи Арабистони Сауди дусти медошт дар руйхат исмашро якум менавиштанд, вале хушбахтона дусти надорад ана барои хамин хат задагистанд. е ин ки наворхои ба ном муллохои шахватпарастро ба хамонхо равон кардагистанд ки уро хат задиян. Ки мусалмони асил ва ки мунофик Худованд худаш медонад, на ин ки ким кадом як тахиягари руйхатхо.

Sugdi
Абдуллоҳ бин Абдулазиз Ал Сауд, Алӣ Хоманаӣ, Оқохони IV, Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай ИНХОРО ХАТТО МУСАЛМОН ГУФТАНДА ХАМ ЗАБОН НАМЕРАД.

Sugdi,рухат сиёх салафии лаин

ягон вакте хамааш тузук мешад буродаро

садокат бар ватан кун ки ин ватан аст

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)