Бахшҳо
04 окт 2014 11:57Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Вакилон ва Иди Қурбон: Шабдолову Ватанов гусфанд, Ҳусайнӣ буз қурбонӣ мекунад

Забҳи буз, гусфанд ё гов яке аз махсусиятҳои Иди Қурбон аст. Қурбонӣ кардан барои ҳамаи мусалмонҳо воҷиб набуда, танҳо одамони доро онро анҷом медиҳанд. Зимнан, дар остонаи Иди Қурбон “Озодагон” аз чанд чеҳраи шинохтаи Тоҷикистон пурсид, ки қурбонӣ мекунанд?

Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунистии Тоҷикистон гуфт, иди Қурбонро эътироф мекунад ва ҳатман аз рӯйи тавони молиаш қурбонӣ хоҳад кард: “Аъзои оилаи мо намоз мехонанд, мо Иди Қурбонро эътироф ва аз анъанаҳои он пайравӣ мекунем. Рӯйирост мегӯям, ба гов зурам намерасад, ба гусфанди ҳисории 500 доллара низ, вале то он ҷое ки маошам мерасад, аз бозор гусфанд мегирам ва қурбонӣ мекунам”.

Сайидумар Ҳусайнӣ, вакили парлумон ва муовини аввали Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гуфт, бовар дорад, онҳое ки тавони молӣ доранд, тибқи фармуди дини мубини Ислом қурбонӣ хоҳанд кард. Худи ӯ, барои қурбонӣ буз харидааст: “Як ҳафта қабл бо ният як буз харидем. Иншоаллоҳ қурбонӣ мекунем”.

Суҳроб Шарипов, вакили парлумон ва раиси пешини Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон гуфт, қурбонӣ намекунад. Маҳмадалӣ Ватанов, вакили дигари мардумӣ изҳор дошт, “гусфанд қурбонӣ хоҳад кард”.

Торнамои Turajon.org, веб-сайти хонаводагии бародарон Тураҷонзодаҳо қаблан, рукнҳои қурбониро шарҳ дода буд. Ба иттилои ин торнамо, ҳар нафаре, ки соҳиби 85 грам тилло ё тақрибан се ҳазор доллар аст, қурбонӣ кардан ба ӯ воҷиб мебошад. Ба навиштаи манбаъ, ба ин маблағ ашёи зиёдатӣ низ ҳисоб мешавад: “Шумо аз пули коғазӣ танҳо 500 доллар доред. Лекин либос, қолин, курпа ё ҳуҷраи зиёдатӣ ва ғайраро соҳибед, дар айни ҳол қарздор ҳам нестед, пас бар шумо қурбонӣ кардан ва додани садақаи фитр воҷиб мебошад”.

“Барои фарз шудани закот комил шудани соли қамарӣ шарт аст. Яъне, дар аввал ва охири сол бояд пули шумо ба қимати 85 гр тилло ва ё тақрибан 3 ҳазор доллар бошад. Вале дар вуҷуби садақаи фитр ва қурбонӣ пур шудани сол шарт нест. Ҳамин ки шумо шаби ид ва ё як рӯз пеш аз он соҳиби ин миқдор мол шудед, қурбонӣ кардан ва садақаи Фитр додан воҷиб мешавад”, - навиштааст Turajon.org.

Дар идомаи матлаб омадааст, шахси қурбоникунанда ихтиёр дорад, ҳамаи гӯшти қурбониро садақа ё дар хона барои аҳли оилааш нигоҳ дорад: “Аммо тибқи ҳадиси паёмбар (с) мустаҳаб аст, ки сеяки (33%) онро садақа бидиҳад ва сеяки дигарро барои меҳмонҳо ва ҳамсояҳо таом бипазад, сеяки дигарро пухта нигоҳ дорад”.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Дар сомонаи турачон.орг дарч гардидааст, 3 хазор доллар дошта боши курбони кунед. Лек суоле пайдо мешавад, ки агар ин микдор маблаг аз мухочират, аз гуломи, аз рохи гариби бошад, чи?

Ustod az DDOT
Manam 1 MURG-ro qurboni mekunum!!! Chunki zurum ba buzam namerasa. Maoshora Rektor ziyod naardestay chota....

ҷингилак
Худо қабул кунад. Ҳамин камбағалонро фаромуш накунед бсёр хуб мешавад дя.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)