Бахшҳо
04 окт 2014 12:23Тоҷикистон / Сиёсат

Паёми телевизионии Эмомалӣ Раҳмон: Аз қонуни танзим то таассубу хурофот ва дуои ҳоҷиҳо

Эмомалӣ Раҳмон, райиси ҷумҳури Тоҷикистон дар як паёми телевизионӣ тамоми мардуми кишварро ба муносибати иди саиди Қурбон табрик кард.

Дар ин паём ӯ гуфт, мардуми Тоҷикистон ҳамаи маросиму фаризаҳои диниву мазҳабии худро озодона анҷом медиҳанд. “Иди мубораки Қурбон дар фарҳанги исломӣ ҷойгоҳи хоса дошта, аз ҷумлаи қадимтарин ва азизтарин маросими суннатии мусулмонон ба ҳисоб меравад. Зеро ҷавҳари он аз ормонҳои башардӯстиву шафқат иборат мебошад. Таълимоти дини мубини ислом саршор аз андешаву афкори созандаву офаранда, накӯиву зебоӣ ва покиву озодагӣ мебошад”,-изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Райиси ҷумҳур дар идомаи паёми телевизионии худ ба қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ишора кард, ки ба гуфтаи ӯ “роҳи беҳтарини баргузории ҳама гуна маъракаву чорабиниҳо”-ро фароҳам овардааст, “вале баъзеҳо то ҳанӯз ба таассуб ва хурофот дода шуда, зиндагии худро дидаву дониста вазнин мекунанд”.

“Аввалан, қурбонӣ кардан ҳамчун суннат бар дӯши ҳама ҳатмӣ нест. Ин амалро касе бояд иҷро кунад, ки аз назари иқтисодӣ имконият дорад ва молу сарваташ ба ин кор мерасад. Дуюм, нафаре, ки масъулияти худро дар назди аҳли байт ва хешовандони наздик, ки онҳо ба ӯ ҳаққи зиёд доранд, иҷро карда бошад. Ин ҷо бояд ҳаққи фарзанд ба таълиму тарбия, ба сару либос, ахлоқи нек, ҳаққи хоҳару бародар, падару модар, ҳамсояҳо ва амсоли инҳо иҷро шуда бошад. Ҳар анъана ва расму ойине, ки дар фарҳанги динии мо роиҷ аст, дорои фазилату ҳикмат ё арзишест, ки то кунун асли худро нигоҳ доштааст”,-гуфт президент.

Эмомалӣ Раҳмон ба сафари беш аз шаш ҳазор шаҳрванди кишвар ба зиёрати Хонаи Худо ҳам ишора намуда, афзуд, “бовар дорам, ки ҳоҷиёни мо дар он сарзамини муқаддас дар ҳаққи тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон дасти дуо бардошта, аз даргоҳи поки Худои таъоло барои кишвари азизи худ суботу оромӣ ва пешрафту ободиро талаб менамоянд”.

“Ҳар фарде, ки ба зиёрати хонаи Худо шарафёб мегардад, бояд донад, ки ин амал маънои таваллуди дуюмбораи маънавӣ, таҳкими ахлоқи ҳасана, ба даст овардани покии рӯҳиву ахлоқӣ ва намунаи инсони комил шудан аст. Вақтҳои охир мардуми мо даромад ва пасандозҳои худро барои корҳои муҳим - таҳкими саломатӣ, таҳсили фарзанд, бунёди корхонаҳо, ободии диёр ва кумакҳои башардӯстона харҷ мекунанд. Ин амали хайр бояд минбаъд низ барои мо қарзи пуршарафи инсонӣ гардад. Дар ин ҷода пеш аз ҳама бояд ҳоҷиён дарси ибрат нишон диҳанд. Илова бар ин, ҳамаи мову шумо бояд тамоми нерӯи зеҳнӣ ва ғайрату ҳиммати худро ба созандагию бунёдкорӣ, таҳкими истиқлолияту давлатдории миллӣ равона карда, ҳамчунин дар амри хайри тарбияи мардум, хусусан наврасону ҷавонон дар рӯҳияи дӯстиву бародарӣ, худогоҳиву худшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ саҳмгузор бошем”,-гуфт райиси ҷумҳур дар паёми телевизионии худ.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Кулоби бача
786
Салом, Курбони кардан суннати хазрати Иброхи(а) ва тамомии пайёмбарони Илохи ва паёмбари Ислом хазрати Мухаммад ибни Абдуллох(с.а.с) ва бузургони дини Ислом будааст.
Ман аз риси чумхур хохиш мекунем каме диккат мекарданд, ба аходиси набави нимнигохе меандохтанд медиданд ки чи савобу ачрхои бузурге дар Курбони кардан вучуд дорад. Хадиси Расулуллох(с.а.с),, хадисе мехонем ки ,, шумо медонистен курбони чи ачру савоб дорад хатто карз мекарде ва Курбони мекарден, Курбони кардан маризихоро шифо мебахшад, факрро айбайн мебарад, балохоро дур мекунад, ризкро зиёд мекунад, ва... ваъдахои зиёди дигаре хам додашудааст. пас мардумро ба курбони кардан бояд ташвик кунему аз ваъдахои Худо ва Расулаш( с.а.с) огох кунем чун хамаи ваъдахояшон рост ва хакк хастанд. Иди курбон ба хамаги муборак гардад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)