Бахшҳо
07 окт 2014 15:57Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Ифшои фасодкорӣ зимни гирифтани шиноснома ва ҳуҷҷати ронандагӣ

Оҷонсии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон аз ошкор шудани ҳолатҳои ғайриқонунӣ додани шиноснома ва шаҳодатномаи ронандагӣ хабар медиҳад.

Ба иттилои ин ниҳод, Нурмаҳмад Тошпулодов, масъули Шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе худро корманди БДА муаррифӣ карда, бо маслиҳати пешакӣ бо Ибодуллои Неъматзод аз шаҳрванд Аҳмадалиева барои гирифта додани шаҳодатномаи ронандагии дараҷаи “В” дар ду ҳолат 1150 сомонӣ гирифта, маблағро ба эҳтиёҷоти худ сарф кардаанд.

Оҷонсии мазкур инчунин аз боздошти Ситора Гуловаи 27-сола, нозири калони Хадамоти шиносномадиҳии шаҳри Ваҳдат хабар медиҳад. Манбаъ мегӯяд, хонуми Гулова дар гирифтани пора муттаҳам мешавад: “Ситора Гулова бо сӯйистифода аз ваколатҳои хизматиаш, барои тайёр карда додани шиносномаи хориҷӣ ба ғайр аз пардохти маблағи расман муайяннамуда, аз Холмуродов, сокини шаҳри Ваҳдат 350 сомонӣ талаб намудааст”.

Нисбат ба Нурмаҳмад Тошпулодов ва Ибодуллои Неъматзод тибқи моддаи 247, қисми 2-и Кодекси ҷиноятӣ ва нисбат ба Ситора Гулова бо моддаи 319 қисми 1-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
Хадамоти шиносномадиҳии нохияи Раштро хам бояд тафтиш ва пурсиши ахолиро гузаронд. Дар ин нохия ягон кас бо нархи мукарари на паспорти дохили гирифта метавонаду на паспорти хоричи!
Барои ин пурсишномае гузарониданд лозим ва хамаи маълум мешавад!
чунин кор на танхо дар ин бахш балки дар бисер бахшхо вучуд дорад!
Аз он чумла бахши тафтишот!

Q
Нисбати нохияи Х,исор хело ба инсоф будаанд...

S.A.
хадамоти шиносномадихии н. Айниро чо гап нест бе пора шиноснома гирифта наметавони руи рост пора мегиранд.

Муаллим
О монед, ҳамон бечораҳо ҳам рӯзашона гузаронанд. Чӣ шумо паспорти хориҷӣ гирифта ба хориҷа рафта кор карда рӯзатона мегузаронед, онҳо чӣ кор кунанд. Агар онҳо худ ба хориҷа раванд, пас шуморо ки паспорт медиҳад. Бечора вазифаро гирифтааст, бояд истифода барад. Ана вазифаи шумо дар хориҷа кор кардан, вазифаи онҳо бошад - дар ватан кор карда пули шуморо гирифтан. Агар нагиранд, пас кудакону оилаи онҳоро ки мехӯронад? Э монеде......

садбарг
наход як ятимдухтарро дастгири карда наметонен магар 350 сомони дипломи сурхро харида мешавад Агар авф намешуд ахволи ситора чи мешуд наход кибарои 350 сомони духтари бепадар дипломи аълодорро на танхо аз вазифа балки аз макомот шармандавор ронданд магар ин аст одамгарии вазири корхои дохили Илтимос Чаноби Оли Ситораро дар пеши як хел номардон акалан ба хотири дипломи аълояш ба макомот баргардонед Аз номи як зани ятимкалншудаи бешавхар аз шахри Руссия

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)