Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 26 июл 2017, 09:34

WEEKEND: “Любой ҷо”, “пулфиристониҳои тез”, “пайвастшавии бе подош”...

10 октябр 2014, 08:13

“Билайн” як тарофаашро “Любой ҷо” ном гузошту ба қавли худаш дар “любой ҷо”-и Тоҷикистон насб кард. Ба дунбол Кумитаи забону истилоҳот гуфт, ин навишта меъёрҳои забони тоҷикиро нақз мекунад ва миш мишҳое буд, қасд дорад, барои ин кор “Билайн”-ро ба додгох бикашад. “Билайн” ҳам нахост зиёд бо кумита сар ба сар шуда, дар додгоҳ “любой хел” гап занад ва навиштаи “любой ҷо”-ро яке яке тоза кард ва баъдан ба чиданаш оғозид.

Идеяи “любой ҷо” номгузорӣ кардани тарофа аз кӣ буд, номаълум ва инаш ҳам рушан нест, ки оё “Билайн” хисороти чопи ин қадар таблу ва варақаҳои таблиғотиро аз ӯ хоҳад ситонд ё хайр. Аммо ин мавзӯъ бори дигар таваҷҷуҳ ба навиштаҷот ва рекламаву таблиғотро бештар кард. Мо ҳам истисно набудем ва дар ин барнома мантиқи чанд рекламаро таҳлил мекунем. Видеоро бубинед ва агар назаре доред, зераш бинависед.




Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Маллим

  • 10 октябр 2014 08:26
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Озодагон, дар любой ҷо гапҳота шуниданд. Лекин ҳамун кумитаи забонро гуфтан даркор ки ба любой ҷо нигоҳ карда, любой хатогиро дар навишти любой чиз ошкор кунад. Хоса ба китобҳои дарсии мактабҳои олӣ ҳам нигоҳ кунад. Муаллифон ва тартибдиҳандагони ин китобҳо калимаҳоро аз забони русӣ ба тоҷикӣ гардонида чунон чизҳое навиштаанд, ки любой ҷои баданат "лол" мешавад.
Посух додан
  • аа

  • 10 октябр 2014 08:39
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чаро рекламаи точик ин кадар дагал аст? Чунки мо хунари рекламаи худро баровардан надорем. Омухтан намехохем, хондан намехохем, аз ин ру бесаводем. Танхо аз англиси ва руси тарчума мекунем.
Посух додан
  • nosi

  • 10 октябр 2014 08:45
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Забони точики хазор пахлу дорад, дар рекламахое, ки намоиш дода шуд, ягон маънии ночой нест, "факат барои Шумо"-только для вас, яъне хамчун хости шумо, бо маънои сифат ва хизматрасони. Забондонхо хаминкадар истилохоту калимахоро бофта баровардаанд, ки ягон кас истифода намебарад, мисол як калимаи нав боз пайдо шудааст дар расонахо "халабон" ёбеду гиред, -корманди кишти будааст.
Посух додан
  • max

  • 10 октябр 2014 08:50
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бовар кунед забони точикиро расво карден агар ин хол давом равад шояд забони точики аз байн равад. Кани он забоншиносонии фалшивии точикхо он академик профессорхо-и мо
Посух додан
  • БОБО

  • 10 октябр 2014 10:56
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
То замоне ки ба хати ниёгонамон боз нагардем, забони мо аз калимаҳои русиву славянӣ пок намешавад ва бой ҳам намешавад. То рӯзи қиёмата ҳаминхел мисли манқуртҳо любой любой гуфта мегардем.
Посух додан
  • Хочашоҳ

  • 10 октябр 2014 11:04
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
дигар мавзу наёфти лубой мавзу хастай
Посух додан
  • nosi

  • 10 октябр 2014 13:35
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
"факат барои шумо"-только для вас, "пайвастшавии бе подош"- бесплатное подключение, ягон чои нофахмои надорад, лекин кумитаи истилохот руз ба руз калимахои нав ихтироъ мекунад ба монанди "халабон" ёбеду гиред корманди кишти будааст. То хол калимахои наве ки аз замони истиклолияти давлати ба расонахои хабари мавкеъ гирифтаанд дар гуфтугузори одамон чой пайдо накардаанд, инашро хам забондонон бояд ба назар гиранд.
Посух додан
  • ШАХНОЗ

  • 10 октябр 2014 15:47
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ОХ КУЧО МЕРЕН АЙБАСТ АГАР АЗ ТОЧИКИСТОН БЕРУН РАВЕД.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Июл 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!