Бахшҳо

Интиқоди атеист Амиршоева аз намози Ҷумъа ва пешниҳоди Аниса Собирӣ

Навиштаи Маҳбатқадам, махсус барои "Озодагон"

Гулнора Амиршоева, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон, ки худро атеист эълон кардааст, дар шабакаи иҷтимоии фейсбук аз намозгузории оммавӣ дар рӯзи ҷумъа интиқод намудааст, ки мунҷар ба халалдор шудани рӯзи корӣ мегардад.

Амиршоева мегӯяд, нисфирӯзҳои ҷумъа наметавонад бисёриҳоро дар ҷои кор пайдо кунад ва пешниҳод кардааст, ки “ба ҷои кӯфтани пешонаатон дар замин, беҳтар аст, ки дар кор чунин серталош бошед!”

Гарчанде бисёриҳо ин пешниҳоди Амиршоеваро нақзи ҳуқуқи диндорон арзёбӣ кардаанд, ин фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ бар ин аст, ки кормандон бояд дар рӯзи корӣ дар ҷои кор бошанд.

Аниса Собирӣ, нависандаи ҷавони тоҷик барои риояи ҳаққи диндорон ва ҳам Кодекси меҳнат пешниҳод кардааст, ки танаффуси нисфирӯзӣ дар рӯзҳои ҷумъа ду соат эълон шавад. Ӯ мегӯяд, дар ҳоли ҳозир нисфирӯзи ҷумъа бисёри коргарон дар коргоҳ нестанд, пеши ҳоҷатхонаҳо навбат барои таҳорат ва дар роҳҳо танбаи мошинҳо ба вуҷуд меояд: “Бисёриҳо дар рӯзҳои ҷумъа интизор мемонанд, ки кай коргар аз намози ҷумъа бармегардад. Аксаран кормандонро одатан дар ин рӯз то соати 14:00 дар ҷои кор пайдо кардан мушкил аст. Барои он, ки гуруҳе интизор намонанду намозгузорон баҳузур, бе саросемагӣ намозашонро гузоранд, беҳтар аст, ки танаффуси нисфирӯзиро дар рӯзҳои ҷумъа аз 12 то 14:00 эълон кунанд.”

Ин нависандаи ҷавон мегӯяд, танаффуси дусоатӣ роҳи беҳтарини таъмини риояи Кодекси меҳнат ва ҳам ҳаққи диндорон аст.

Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон 99 дарсади аҳолӣ мусалмон буда, намози ҷумъа барои муслимин фарз аст. Дар мавриди кай ва чӣ гуна фарз шудани намози ҷумъа Эшони Маҳмудҷон, яке аз руҳониёни маъруфи тоҷик ба суоли корбари сомонаи хонаводагияшон чунин гуфтааст: “Дар кадом вақт фарз шудани намози ҷумъа байни уламо ихтилоф аст. Аксари уламо бар ин қавланд, ки намози ҷумъа баъд аз ҳиҷрат соли аввали он дар Маданиаи мунаввара фарз шуд ва пеш аз ҳиҷрат Паёмбар алайҳиссалом дар Маккаи мукаррама намози ҷумъа намегузориданд. Аввалин намози ҷумъае, ки Паёмбар алайҳиссалом гузоштанд дар деҳаи қабилаи бани Солим буд, ки байни Қубо ва Мадина қарор дошт.”

Ба гуфтаи Эшони Маҳмудҷон иддаи дигар аз олимон бар ин қавланд, ки намози ҷумъа пеш аз ҳиҷрат дар Маккаи мукаррама фарз шуд: “Далели эшон ривояти Байҳақӣ ва дигарон аст, ки тибқи он аввалин шахсе, ки дар Мадина бо амри Паёмбар алайҳиссалом намози ҷумъа гузошт. Ҳазрати Мусъаб Ибни Умайр буд. Паёмбар алайҳиссалом пеш аз ҳиҷрат Мусъабро аз Макка ба Мадина барои даъвати мардум равон карда буд.”

Ин руҳонии тоҷик дар идома аз қавли Ибни Раҷаб дар шарҳи Бухорӣ овардааст, ки “паёмбар алайҳиссалом саҳобагонро амр карданд, то дар Мадина намози ҷумъа гузоранд ва худи эшон дар Макка намози ҷумъа нагузоштанд ва ин далолат мекунад, ки намози ҷумъа дар Макка фарз шуда буд. Аз уламое, ки бар ин қавланд Абу Ҳомиди Исфароинии шофиӣ ва Абуяълои ҳанбалӣ мебошанд.”
Мӯҳр
Саидчон аз Ёкутистон
Боз шумо хам шарм надошта, Озодагон хамин занро фаъоли чомеаи шахрвандии Точикистонаш навиштаед. Уро садкаи дин кунаду садкаи намоз. Чи фаъолият нишон додааст? Аку аз муфтихое,ки то 18сола намозро ичозат намедоданд боз як муфтии заанакии дигар пайдо шудааст.....

Бехудоён сар мебардоранд

Мурод
Факат фатво диханд, ки намозгузорон ба намози чумъа бе мошин биоянд.

mahmud
Payombar salalohu alayhi va sallam ,,,, Muhammad (s.a.s) ro alayhisallom namegan digar payyombaronro megan. masalan Yusuf alayhisalom Idris alayhisallom va gayra

Камтар гапойи мукобили динам гуфтиву хай худо худаш атеиста саришта мекунад .Лекин гуфтед ки дар рузи чумъа ду соати абеда истирохат медодан хуб мешуд ман рози ки ин коро кунанд ..

Навбати намози чумъа расид
Ин зани фаоли чомиа бахона аст
Факат сабри мардуми намозхонро
Имтихон мекунанд ки оё инро хам
Хам мебардорад.

Камтар инсоф кунед, онх,оеатон,ки ак,к,алан мусулмонед ё мусалмонзода натарсед, аз ч,оятон хеста гап занед, ки рузх,ои ч,умъа ба ч,ои якшанбе рузи истирох,ати шавад,дигар х,еч, мушнкилие надорад.Охир худатон медонед, ки ба гуфте 99,9% ба гуфте 97,9% Точ,икистон мусулмонанд. Мо филиали ягон давлати дигарем,ки дах,онт онх,оро нигарем.Бигузор Амиршоевах,о ва дигарон касеро ё чизеро мепарастанд, кор нагирем!

МИСКИН
ООООООООООО ин духтари кист? Накшаш дар ин чомеа чист? ЭЭЭЭЭЭЭ мардуми сода.........

Озодагон шарм надошта хамина суханоша чоп карди ? Ин хело 1400 сол зиед шуд гап мезанан ва хеч зараре расонида хам наметонан. Муфтии номухтарам хуб мешуд да хами бора дар чумъаи оянда сухан мегуфт! Озодагон озод боши чоп кун !!!!!((((((((((

Garib
Агар ин (фаоли чомеа) нахохад дар байни мусалмонон зистан метавонад куч бандад, инчо Точикистон ва зиёда аз 98% мусалмонанд. Бехудоён хак надорад фикри пучи худро ба сари мо мусалмонон бор кунанд, махсусан дар Точикистон.

БЕХТАР МЕШУД АГАР ДАР ТОЧИКИСТОНИ АЗИЗАМОН РУЗИ ИСТИРОХАТРО РУЗИ ЧУМЪА ЭЪЛОН МЕКАРДАН

Муаллим аз донишкада
Овора
Имруз хо рассия мехохад ки хафтаи кориро чор руз кунад лек рузи кори на хашт балки дах соат хуб мешуд дар мохам бахотири намози чумьа хаминхел мекардем он шахсоне ки гайри динанд бигзор се руз истирохат кунанд

Антифанат
Гулнора рост мегуяд дар хидмати халк будан худ ибодат аст аммо ин кормандони давлати мехоханд бо намози чумъ прорахуруви бадмуомилагиашонро назди Худо чуброн кунад. Як чавон мегуфт намози чумха рави гуноххои якхафтаинаат авф мешавад.дидед дуругуи болохонадорро Бовар кунед хар як мансабдораи порхура мешиносм ки намози чумъ мераванд аз ин риёкори ва шайтонизатсияшон шарм намекунан раз намози чумаъ мераванд лукмаи халол хуранд.....

шахрванд
Муфти мард бош бо чунин фаоли чомеа ки аз минбари боло хори ислом шудааст, фатво барор ки мурдаи хамин хел авлод ва насли худи хамин хел фаолхо бечаноза дафн шаванд.

Юсуф аз москаа
Илтимос инхли мачусира рох Натан

Илтимос инхли мачусира рох НатанСаидчон аз Ёкутистон,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)