Сафари Расулзода ба Рашт бо дастури президент
Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон бо дастури Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кишвар аз ноҳияи Рашт боздид кардааст.
Ин сафари Расулзода ба ноҳияи Рашт 11 октябр сурат гирифта, дар ҷараёни он як корхонаи истеҳсоли орд дар шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рашт бо иқтидори истеҳсолии 50 тонна орд дар шабонарӯз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.
Инчунин дар идомаи ин боздид нахуствазир ду мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ барои беш аз 800 хонандаро мавриди истифода қарор дода, дар маркази шаҳраки Навободи ноҳия кӯдакистони наве барои 80 кӯдаки синни томактабӣ ифтитоҳ гардидааст.
Нахуствазири Тоҷикистон бо сокинони селзадаи деҳаи Шули ноҳияи Рашт мулоқот карда, аз рафти бартарафсозии оқибатҳои боришоти зиёд ва сел хабар гирифтааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |