Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 21 феврал 2019, 04:42

Ислом Каримов иҷлоси сарони кишварҳои узви ИДМ-ро “пиар” хондааст

13 октябр 2014, 12:05

Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Узбакистон, иҷлоси сарони кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақилро “пиар” хонда, даъват кардааст, дурнамоҳои ояндаи ин созмон баррасӣ шаванд.

Ӯ дар ҷаласаи ахири ИДМ дар Минск изҳор доштааст, муҳокимаи масоили марбут ба ИДМ бори дигар исбот мекунад, ки мо ба саволҳо таваҷҷуҳ намекунем. “Ман дафъаи аввал ҳам дар ин ҷо таъкид кардам, ки нишастҳои ба ин монанд давом мекунанд ва мо дар нишастҳои навбатӣ аз ин кишвар ба он кишвар сафар мекунем. Ман фикр мекунам, ин ҷуз “пиар” чизи дигаре нест. Аз ин лиҳоз, бо ҳамкорони дигарам мувофиқам, ки таъкид карданд, масоили ИДМ бояд ҷиддӣ дида шаванд”,-гуфтааст Ислом Каримов.

Ба таъкиди райиси ҷумҳури Узбакистон, рушди давлатҳои узви ИДМ дар қадами аввал аз худи онҳо вобастагӣ дорад: “Манзурам ин аст, ки ин давлатҳо бояд бо ҳамсояҳои худ “забон ёбанд”, сиёсати муассири иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дошта бошанд ва мардуми худро ба зиндагии шоиста бирасонанд”.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Garib

  • 13 октябр 2014 13:18
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин АНТИ-Ислом худаш хаммаи сархадхояшро бо хамсоягон баста, чихел ба дигарон тавсия медихад, ки бояд бо хамсоягон хамзабон шуд?
Посух додан
  • Мухаммад

  • 13 октябр 2014 16:02
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Окои Каримоф ин харфоятонро дар богчаи баччогон рафта гуед аз хурсанди шояд хобашон барад.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!