Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 23 феврал 2018, 15:35

АКС: Талаби 11 соли зиндон барои ду масъули “7 бурҷ”: “Раиси калон”-чӣ?

14 октябр 2014, 12:38

Додгоҳи ноҳияи Синои Душанбе санаи эълони ҳукми ду масъули ширкати басташудаи "Ҳафт бурҷ"-ро соати 10:00-и 15-уми октябр таъин кард.

Додситонӣ имрӯз барои Олим Маъруфов ва Ориф Расулов, масъулини ширкати “Ҳафт бурҷ” 11 соли зиндони низомаш пурзӯр талаб намуд. Айбдоркунандаи давлатӣ ин ду масъули “Ҳафт бурҷ” -ро дар нақзи моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ, яъне бо роҳи тақаллуб аз худ кардани амволи ғайр муттаҳам кард.

Парванда алайҳи масъулини “Ҳафт бурҷ” бо аризаи даъвогии 156 муштарии ҷабрдидаи ин ширкат боз шудааст, ки мехоҳанд 618 ҳазор долларашонро бозпас бигиранд.

Бисёре аз муштариён ба Сулаймон Қосимов, раисикунандаи мурофиаи додгоҳии “Ҳафт бурҷ”, ки зимни мурофиаи рӯзи 14-уми октябр назарашонро пурсид, ҷавоб доданд, аз ҳабси масъулин фоидае нест ва мехоҳанд маблағашонро бозпас гиранд. Дар ҳамин ҳол, гуруҳе аз ҷабрдидаҳо муҷозоти Сайҳомид Маҳмудовро талаб доштанд, ки ба гуфтаи онҳо “раиси калон”-и ширкати “Ҳафт бурҷ” мебошад.

Сайҳомид Маҳмудов, роҳбарии ширкати дигари баҳсбарангези Q-Net (Кю Нет) дар Тоҷикистонро низ ба уҳда дорад ва тавре худаш зимни як ҳамоиш тасдиқ кард, хеши Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе аст.

Ин дар ҳолест, ки дар мурфиаҳои қаблӣ Маҳмудов бозпурсӣ шудааст, аммо ҳар гуна масъулияташ дар “Ҳафт бурҷ”-ро рад карда баён дошта, санадеро имзо накардааст.

Дар ҳамин ҳол 618 ҳазор доллар танҳо зарари 156 муштарӣ аст, ки ба мақомот муроҷиат кардаанд. Қаблан масъулини “Ҳафт бурҷ” теъдоди мизоҷонашонро наздики 5 ҳазор нафар арзёбӣ карда буданд.


АКС: Талаби 11 соли зиндон барои ду масъули “7 бурҷ”: “Раиси калон”-чӣ?

АКС: Талаби 11 соли зиндон барои ду масъули “7 бурҷ”: “Раиси калон”-чӣ?

АКС: Талаби 11 соли зиндон барои ду масъули “7 бурҷ”: “Раиси калон”-чӣ?

АКС: Талаби 11 соли зиндон барои ду масъули “7 бурҷ”: “Раиси калон”-чӣ?

АКС: Талаби 11 соли зиндон барои ду масъули “7 бурҷ”: “Раиси калон”-чӣ?

АКС: Талаби 11 соли зиндон барои ду масъули “7 бурҷ”: “Раиси калон”-чӣ?

АКС: Талаби 11 соли зиндон барои ду масъули “7 бурҷ”: “Раиси калон”-чӣ?


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • точик

  • 14 октябр 2014 15:41
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Асалому алайкум чабр дидахои азиз 156 нафар аз руи шикояти шумо ин ду нафарро 11 сол аз озоди махрум мекунанд бадан шумо албата сахт пушаймон мешавед дигар суде надорад.фикр кардан даркор буд аз авал худо нигахбонтон бошад
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
инро раис ташкил карду ичрокунандагонаш ки фармонашро ичро мекарданд паси панчара рафт.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Эх мардуми беакл.Аризаи шумо навиштаги хам ба шумо зарар овард ва хам ба ман ва чандин муштариёни дигар ки баумед буданд.Ман 2000 долларам монда буд аз асли пулам ки 21000 буд.
Бе хамин аризаи шумо хам ба мардум хам пул ва хам махсулот дода истода буд.Шукр накардеду аризабози кардед чи шуд?кошки ман махсулот мегирифтам.Акнун аз дасти 156 аризадиханда мо хам зарар дидем.Айби ин ду нафари пушти панчара буда накунед.Айби худи шумоён аст.То рузи онхоро дар зиндон махкам кардан,онхо ба мардум кисман пулу кисман махсулот дода истода буданд.Онхоро мо мошенник ва каллоб гуфта наметавонем.Худи муштариён гунахкоранд.Худкардаро даво не.
Посух додан
  • ахтарон

  • 14 октябр 2014 23:03
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ин 7 бурч яке аз ширкатхои бонуфузи точикон буд вале ба 7 бурч фурсат надодан ки акаоан 5 сола мешид бад давлат аз 7 бур фоидае меовард ва агар 7 бурч да давлатхои хорича муарифи мешуд овруи точикон буд ки давлаташон чунин ширкат дораду дар томоми дунйо 7 бурчро ширкати точикон мегуфтан афсус ки у хануз 2 сола буд уро бастан хозир хам фурсат доред аризахоятонро боз пас гиред агар 7 бурс кушода шавад иншолох пули шуморо медиханд ва аз сари нав коро сар мекунен агар сабр мекардед хуб мешуд аз ин ки ориза бозикардана худомададкоратон худойо хамин 7бурч ва хамкорои уро аз ин бало халос кун
Посух додан
  • бемор аз бемористон

  • 15 октябр 2014 09:27
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар ҳамин ҳол, гуруҳе аз ҷабрдидаҳо муҷозоти Сайҳомид Маҳмудовро талаб доштанд, ки ба гуфтаи онҳо “раиси калон”-и ширкати “Ҳафт бурҷ” мебошад. Сайҳомид Маҳмудов, роҳбарии ширкати дигари баҳсбарангези Q-Net (Кю Нет) дар Тоҷикистонро низ ба уҳда дорад ва тавре худаш зимни як ҳамоиш тасдиқ кард, хеши Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе аст.
Мазмунро фахмед, ба мантик такя кунед. Дигар чи мехохед? Барои одами боакл хамин чумла бас аст. Ягон камбагал дар Точикистон имконияти ташкил ва боз кардани ширкатро на до рад. Лозим бошад ба хотири хешаш мардак 100 нафарро ба курсии айбдори мешинонад.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!