Бахшҳо

Донишманди тоҷик: Ба ҳарзаи хоинонаи бархе ки форсиро "хати ъарабӣ" мегӯянд, бовар накунед

Сафар Абдуллоҳ, пажуҳишгари шинохтаи тоҷик, ки дар Қазоқистон ба сар мебарад, гуфтааст, бо барномарезии дақиқ давоми даҳ-понздаҳ сол бояд ба хати форсӣ баргардем.

Ӯ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук навиштааст, хати русӣ аз ҷониби коммунистон таҳмил шуд ва он наметавонад хусусиёти забони форсиро ифода кунад. Оқои Абдуллоҳ хати форсиро ҳамчун хати миллӣ талаққӣ карда, ба мухолифони бозгашт ба хатти форсӣ гуфтааст: “Ҳамаи касоне ки имрӯз барои эҳёи хати миллии мо мухолифат мекунанд ё дарки ин масъаларо надоранд ва ё огоҳона ба пешрафти кишвари мо-Тоҷикистон, монеъа эҷод мекунанд ё ба ҳарзаҳои амсоли "саросар босавод" будану дубора "бесавод шудан" бовар кардаанд. Масъала ин аст, ки хати ба истилоҳ ниёкони мо барои мо тоҷикон хати миллӣ аст. Ва ба ҳарзаи хоинона ва ё ноогоҳонаи бархе ки онро "хати ъарабӣ" ва аз мо бегона мегӯянд, набояд бовар кард”.

Дар идома ин донишманди тоҷик меафзояд: “Таърихи мо дар садаи охир нишон дод, ки ин гусастагӣ бо ниёконамон моро ҳамеша "хории мудом" дода аст! Ҳамаи бадбахтиҳое, ки ба сари мардуми мо омад ва худношиносоиҳоямон низ марбут ба ноогоҳӣ ва қатъи робита бо ниёконамон ва бо таърихи пуршукуҳамон буда аст! Эҳёи хат моро бо ниёконамон мепайвандад, моро ба худшиносӣ раҳнамун мекунад, муъоширати фарҳангӣ бо ҳамзабононамон (бо садҳо милюн!) порсигӯён ва порсидононро таъмин мекунад, бароямон садҳо ҷилд китобе, ки аз ҳама забонҳо ба забони мо тарҷума шуда ва бо хати миллӣ дар Теҳрону Кобул ва тамоми ҷаҳон интишор шуда аст, дастрас мегардад”.

Сафар Абдуллоҳ бозгашт ба хати форсиро пайвастан ба гузашта дониста таъкид мекунад, эҳёи ин хат тоҷиконро ба ҷамъи порсизабонон мепайвандад: “Пас бояд ба хотири пешрафт ва шукуфоии кишварамон ва миллатамон, ба хотири шарик ва саҳим мондан дар мероси гаронсанги забони порсӣ ва фарҳанги чандҳазорсолаи эронӣ,бояд дасти якдигарро бигирем ва ин беадолатие, ки дар садаи охир бо забони мо,ки зомини зинда мондани мо ҳамчун як миллати муазами порсизабон буда аст, ислоҳ кунем! Ҳоло кор ба ҷое расидааст, ки чун мо хати форсиро аз даст додем ва номи забонамонро дигар кардем, афроде моро бо он муттаҳам мекунанд, ки мо мехоҳем мероси порсизабононро моли худ бикунем. Биёед ба чунин душманон имкон ва баҳонае надиҳем ва хатамонро эҳё бикунем!”

Баҳси мухолифону тарафдорони хати форсӣ чанд сол аст дар шабакаи иҷтимои Фесбук доғ боқӣ мондааст. Чанд ҳафта пеш Фирдавс Ниёзӣ, корманди Академияи улуми Тоҷикистон бо нашри матлабе дар рӯзномаи “Ҷумҳурият”, рӯзномаи расмии Тоҷикистон, ба шиддат аз тарафдорони эҳёи хати форсӣ интиқод карда ва онро сабаби бесаводии мардум хонда буд. Ин матлаб дар саҳифаи иҷтимои Фесбук баҳсҳоеро ба вуҷуд овард. Дорюш Раҷабиён, як тан аз тарафдорони эҳёи хати форсӣ ба ин матлаби “Ҷумҳурият” посух навишт ва иддаоҳои муаллифро инкор кард.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Оринажод
Як омили бесавод мондани точикон ин хати кириллик хаст(ногуфта намонад,ки ин хат барои русхо чун хати дини православи мукаддас буда,ихтироъкорони он Кирилл ва Мефодию чун шахсони авлиё шинохта шудаанд).Барои мо зарбаи мухлик аз бенасибии Самарканду Бухоро ин аз байн бурдани хати форсист!Миллатро аз беху бунаш канда партофтанд.Аз хати руси турктаборхо фоида диданд,зеро онхо мисли мо адабиёту хати хъазорсола надоштанд.Як ба суханкунии точики барзгари Афгонистон нигох кунеду як ба суханкунии точики маълумоти олидори Точикистон.Фарк аз заминто осмон аст!Яке аз омилхои муборизаи зидди хати порси аз дохил ин бешаку шубха пантуркистони дохили ва берунианд.Онхо аз босаводшавии точик ва сохиби адабиёти 1000 солаи адабиёти форсии Осиёи Миёна гаштани онхо сахт тарс доранд!

хати арабиасосро донистан лозим аст, лекин гузаштан ба он хочат нест, тамоми тараккиёти илму техника ва фарханг махз бо хати кирили дар мо пайдо шудааст, ки хамзабонони мо дар хорич ба тараккиёти маданиву маънавии мо хасуд доранд, дар мавриди пантуркизм бошад, таърихро назар кунем тамоми осиёи маркази мулки пантуркон гашта, ва махз коммунистоне ки онхоро бархе олимтарошон тахкир мекунанд ба мо точикон гушае бо номи Точикистон чудо кардаанд, ва самарканду бухороро ки он вакт маркази маъмурии пантуркон ба хисоб мерафт ба точикон додани он хамон давр аз чониби болшевикон номумкин буд. Агар ин донишманд пешниходи дигар мавриди дастгирии миллии точикони самарканду бухоро аз чумла таъсиси синфхонахои точики, гирифтани забони точики макоми давлатии минтакави дар самарканду бухоро харф мезад ахсанаш мегуфтем.

Олим аз Тоҷикистон
Донишманди мӯҳтарам Сафар Абдулло, бародар агар Шумо ҳақиқатан ҳам донишманд бошед, эҳтиромона хоҳиш мекунем, ки аз дур истода мардуми шарифи Тоҷикистонро ба роҳи нодуруст ҳидоят нанамоед. зеро ҳуруфи форсӣ ба пешравии мардуми мо заррае ҳам мусоидат намекунад, мардуми дунё ба коинот парвоз мекунанд, самолёт, мошин месозанд, мо бошем ҳоло ҳам дар бораи алфавит баҳс дорем, айб нест мӣ? Мо шукрона, ки бе ин ҳам фарҳанги бой дорем, шоирону нависандагони зиёд дорем, лекин фаромӯш насозем ки мо дар асри 21 на дар асри 15 зиндагӣ дорем. Технологияи нав даркор, забонҳои русӣ, англисӣ, олмонӣ, хитоиро донистанамон даркор, мӯҳтарам донишманд.

Аброри Ахрор
Посух ба Оринажод:
Пас омили бесавод шудани ХАЛКИ ТОЧИК ин харфи кириллик бошад пас чаро ХУДАТ бо харфи кирилли менависи? Бо забони ноби форси чаро наменависи то мардуми "РАНГИ ХУДАТ БОСАВОД" хонда тавонанд. Халки точикро ба вартаи ноумеди кашидан хатост. Хати махзро ту мекуни, Фааромуш накун, ки Самарканду Бухороро хамзабонони худамон ба Узбеко Тухфа карданд, бо ибораи "Дар Самарканд ва Бухоро точик нест". Хайкалаш дар маркази шахи хучанд. Мархамат рафта тамошо кунед ПОРСИДОНИ ТОЧИК

Куруши Кабир
Хат аслан араби аст ва онро хамрохи дини ислом арабхо ба Эрон ва Осиёи Миёна оварданд ва минбаъд он хати милии мо шуд. Хати крилик хавзаи фархангии моро махдуд кардааст. Як омили мухими баргаштан ба хати араби ин пайвастан бо хавзаи фархангии Эрон ва Афгонистон аст.

Ин хат арабиасос нест, порсиасос хаст, аз ин чо ба ончо рафт ва тагйиру тахрир хурд ва дубора баргашт. Ман хам ба сириллик одат кардаам вале бояд камкам ба он хат баргашт. Аз ин хат бесаводон е мансабдорон метарсанд, зеро аз мансаб махрум мешаванд чунки азоооб мекашанд барои омухтан. Технология хам аввал бо хати кириллик нест бо англисист. Сипас дигар хатхо хам пайваст мешаванд. Дар технологияи муосир хати порсиасос хам чои худро дорад. Масалан дар тюнерхои мохвораи, телефонхо, компутархо.

Донишманди мухтарам, Шумо хуб медонед, ки хати араби барои забони порсии дари дар карни 8-и мелоди татбик гардида буд. Гузаштани мо ба ин хат маънои баргашт ба карни 8-ро дорад. Точиконро аз нав ба карнхои миена мебарем. Имруз карни 21 мобояд дар фикри сохтмони роххо, неругоххои барк, ободии кишвар бошем. Хама 100- фоиз мисли шумо шоир нестанд ва осори ниеконро намехонанд,мо ба мутахассисони техники ниез дорем Онхо бояд забонхои англиси, олмони, руси ва русиро хуб донанд.
Таргибу ташвики хати арабии форси,ки рамзи ислом аст, кабл аз хама ба исломизатсияи чомеаи мо нигаронда шудааст, Халки точик ва точикистонихо пешниходи шуморо кабул надоранд. Бигузор мутахассисини таъриху адабиет хати арабии форсиро дар баробари хатхои мехи, пахлави, бохтарии юнони, сугди ва дигар хатхои ниекон омузанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)