Бахшҳо

Вакилони Зайд Саидов боз се нафар шуданд

Бузургмеҳр Ёров ва Абдулқаюм Юсуфов, вакилони мудофеи шинохтаи тоҷик аз ҳуқуқҳои соҳибкори зиндонӣ Зайд Саидов ҳимоят хоҳанд кард. Дар ин бора Бузургмеҳр Ёров ба “Озодагон” хабар дод.

Ба тими адвокатҳои Зайд Саидов пайвастани Ёров ва Юсуфов дар ҳолест, ки аз се вакили дифои ӯ, танҳо Исҳоқ Табаров ба фаъолият идома дода, ду нафари дигар пушти панҷараанд. Фахриддин Зокиров моҳи март бо иттиҳоми пардохт накардани қарзи бонк ва Шуҳрат Қудратов моҳи июн бо иттиҳоми додани пора боздошт шуданд.

Эълони гирифтани ду вакили нав барои ҳимоят аз ҳуқуқҳои Зайд Саидов дар ҳоле аст, ки Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз иттиҳоми нав алайҳи ӯ хабар дод. Тибқи он собиқ вазири саноат дар сирқати 45 миллион сомонӣ маблағи буҷаи давлат айбдор мешавад.

Зайд Саидов, соҳибкори тоҷик, баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсӣ моҳи майи соли 2013, ҳангоми бозгашт аз Фаронса боздошт ва моҳи декабр ба 26 соли зиндон маҳкум шуд. Мақомот пас аз панҷ моҳи маҳкумияти оқои Саидов эълон карданд, ки алайҳи ӯ бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - моддаҳои 245, қисми 4, банди “б” (азхудкунӣ ба миқдори махсусан калон) ва 340, қисми 2 (сохтакории ҳуҷҷатҳо) парвандаи нав боз кардаанд ва ҳоло тафтиши он идома дорад. Айбномаи наве, ки Зайд Саидов ҳангоми ошноӣ бо он ҳамаашро рад карда, мисли парвандаҳои қаблияш сохтаву бофта унвон кардааст.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Ман факат мехохам бигуям, ки хамин Абдукаюмаш як адвокати "машхур" бошад хам, вале як машенник аст. Ба боварии мардум даромада, хело фиреб медихад. на танхо маро балки чанд нафари дигарро медонам, ки фиреб кардааст. шояд замоне расидааст, ки у низ чавоб гуяд. ОББО Каюм -машенникееееееееееее!!!!!!!

kishvar
Surush,
Salom. Boz hamin fabrikai gap. Charo ba yagonjo murojiat nakardi oxir agar mashennik bud???

Андроник
Айб хаст,айб.Фарзандони миллати моро бо хар рох нест мекунанд.Афсузи ин миллати бепанох.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)