Бахшҳо
21 окт 2014 14:40Тоҷикистон / Видео

VIDEO: Эбола – бемории аср, “тадқиқоти фашистон” ё вабо?

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ахиран ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон тавсия дод, шаҳрвандони хориҷие, ки аз кишварҳои африқоӣ вориди Тоҷикистон мешаванд, аз муоинаи ҷиддӣ гузаронида шаванд. Ин тасмим барои ҷилавгирӣ аз бемории кушандаи эбола гирифта шудааст. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ гуфтааст, дар сурати пайдо кардани нишонаҳои бемории эбола ба ду ташхисгоҳи байналмиллалӣ дар Фаронса ва Бритониё хабар диҳанд. Бино ба иттилои расида, мақомоти дахлдори Тоҷикистон ҳудуди 30 донишҷӯи африқоиро, ки дар донишгоҳҳои кишвар таҳсил мекунанд, аз ташхис гузаронда ва ба онҳо машварат додаанд, аз сафар ба зодгоҳи худ худдорӣ намоянд.

Эбола баҳори соли равон дар Гвинея пайдо шуда, дар Либерия, Нигерия ва Сйерра Леоне ҳам бурузи чашмрасе дорад. Таби баланд, хунравии дохилӣ ва берунӣ, гулудард, шикамравӣ ва дарди сар аз нишонаҳои аслии ин беморӣ мебошад. Ба иттилои расида, то имрӯз бар асари ин маризӣ наздики 4000 нафар фавтида, зиёда аз 8,5 ҳазор каси дигар азият мекашанд.

Мутахассисони соҳаи тиб мегӯянд, ҳарчанд эбола дар кишварҳои африқоӣ доман паҳн кардааст, аммо метавонад ба дуртарин кишварҳое бо шумули Тоҷикистон бирасад. Дар робита хабарнигори “Озодагон” аз сокинони пойтахт пурсид, ки дар бораи ин беморӣ чӣ медонанд?

Бархе аз пурсидашудаҳо гуфтанд, аз эбола тавассути ВАО ва интернет огоҳӣ пайдо кардаанд. Аммо бештари назардодаҳо изҳор доштанд, ки дар мавриди оломатҳо ва роҳҳои паҳншавии ин маризӣ чизе намедонанд. Як сокини пойтахт, ки худро Нисо муаррифӣ кард, эболаро “бемории аср” номид. Як меҳмони олмонии шаҳри Душанбе мегӯяд, “ин беморӣ аз шумо дур аст, аммо агар меҳмонон аз Африқо зиёд бошанд, лозим аст, барои пешгирии он омодагӣ бигиред”.




Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Рустам
Хамаи балохо аз хамон Африко бархоста истодааст. СПИД, Эбола, Вабо, Тоур ва гайра моли хамон хабашхост.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)