Бахшҳо

24 соат нерӯи барқи Данғара ва ташаккури президент ба "Барқи тоҷик"

Содироти нерӯи барқи Тоҷикистон ба Афғонистон бо вуҷуди фаро расидани фасли зимистону пойин рафтани сатҳи оби обанборҳо ва ҷорӣ шудани маҳдудияти интиқоли барқ ба сокинонаш идома дорад.

Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, раисҷумҳури Афғонистон аз тасмими мақомоти Тоҷикистон барои идомаи содироти нерӯи барқ ба ин кишвар бо вуҷуди фарорасии фасли сармо истиқбол карда, сипосгузорӣ кардааст. Ба иттилои дафтари матбуоти раёсатҷумҳурии Афғонистон, ин миннатдориро Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай дар дидори худ бо Шарофиддин Имомов, сафири Тоҷикистон дар Афғонистон асри рӯзи 20 октябр дар шаҳри Кобул изҳор доштааст.

Манбаъ мегӯяд, Аҳмадзай бо миннатдорӣ аз идома ёфтани содироти барқи Тоҷикистон ба Афғонистон гуфтааст, дар ояндаи наздик ин ду кишвари ҳамҷавор дар баробари шарикони дигари худ ба давлатҳои содиркунандаи нерӯи барқ табдил хоҳанд шуд. Ҷонибҳо дар ин вохурӣ густариши равобити Тоҷикистону Афғонистон дар соҳаи нақлиёт, нерӯи барқ ва сохтмони роҳи оҳанро ҳам ба баҳс кашидаанд.

Ташаккури Аҳмадзай аз Душанбе барои таъмини афғонҳо бо нерӯи барқ дар фасли сармо дар ҳолест, ки имсол дар Тоҷикистон 26 рӯз қабл – 1 октябр “лимит” ё худ маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ ба сокинони шаҳру навоҳӣ ҷорӣ гардид. Соли гузашта он 26 октябр оғоз шуда буд.

Ширкати “Барқи тоҷик”, ниҳоди идора ва назораткунандаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон далели ҷорӣ шудани “лимит”-ро ба паст шудани ҳарорати ҳаво ва пойин рафтани маҷрои оби дарёи Вахш рабт дода, гуфт, “қисман маҳдуд намудани интиқоли нерӯи барқ ба он вобаста мебошад, ки ҳар қадар ки имрӯз сатҳи обанбор дар нуқтаи баланд нигоҳ дошта шавад, таъминоти мардум ва хоҷагии халқи кишвар дар фасли зимистон хубтар ҷараён хоҳад гирифт. Вобаста ба ин, аз 1 октябр сар карда, дар қаламрави кишвар интиқоли нерӯи барқ қисман маҳдуд карда мешавад”.

Дар ҳамин ҳол, торнамои “barknest.tj” навиштааст, сокинони беш аз 35 ноҳияи Тоҷикистон дар рӯзҳои охир аз 5 то 8 соат дар як шабонарӯз нерӯи барқ доштаанд. Бар асоси ҷадвали “barknest.tj”, ки таъмини нерӯи барқ дар қаламрави Тоҷикистонро назорат мекунад, ноҳияҳои Файзобод, Ҳисор, Роғун, Рӯдакӣ, Тоҷикобод, Ашт, Мастчоҳи куҳӣ, Спитамен, Фархор, Темурмалик, Вахш, Восеъ, Қубодиён ва Қумсангир аз 5,30 то 6 соат ва навоҳии Нӯробод, Шаҳринав, Бобоҷон Ғафуров, Исфара, Панҷакент, Ҳамадонӣ, Ҷиликул, Абдураҳмони Ҷомӣ, Муминобод ва Носири Хусрав аз 7 то 7,30 соат, ноҳияи Рашт, Айнӣ, Ваҳдат, Истаравшан, Ҷаббор Расулов, Шаҳристон, Балҷувон, Ховалинг, Ҷалолиддини Румӣ, Шӯробод ва Мурғоб аз 8 то 8,30 ва шаҳри Кӯлоб, Данғара, Сарбанд, навоҳии вилояти Бадахшон ба ҷуз Мурғоб дар як шабонарӯз, дақиқтараш, рӯзи 20 октябри соли равон 24 соат нерӯи барқ гирифтаанд.

Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Я гапи рост гуен ман аз шахри Вахдат 6соатай хамаги дар дехахош то кай мерафта боша ай ирам бад накна

Давлатчон
Чаро Хукуматдорон хами Камбагалхоро намехуранд Ман дар н Хамадони зиндаги мекунам яне дар Граница у тарафи Афгонистон дар фасли Сармо Барк дорад дар ЧТ барк нест Э Хукуматдорон Инсоф хам дркор аст аз Худо камтарак тарсед Наход дар 23 сол акалан хамин баркро аз ухдааш набароед ДОД аз дасти БЕСУВЕТИ Хонед Хулоса Бароред Илтимос Чоп Кунед Безор Шидем АЗ Хамин БЕБАРКИ

Чихе ма аз ш Вахдат да дехахош 3с сахар 3с бегони кувваи барк аст и дуругай озодагон барои чи чоп намекни

сарлавха ба матн чи иртибот дорад?!

Муҳтарам ҳайати кормандони Озодагон!!!
вақтҳои охир дар сомонаи Шумо мақолаҳое чоп шуда истодаан, ки сарлавҳа ба матн ва ҳақиқат рост намеояд. ба Мисоли "Ҷурабек Муродов" ин мақола ва боз зиёданд.
агар Шумо инро барои пиари худ мекунед, хатои саҳв аст. Ин имиджи Шуморо паст фароварда истодааст.
беҳтараш дуруст ва мантиқан нависед. аз навиштани чунин мақолаҳое, ки номашон ҷалб мекунанду дар худашон мағз нест хонандагони худро гум мекунед. Ана ин ҳосили чунин корҳои Шумо мешавад. боз ин гуна мақолаҳо бесаводиро нишон медиҳад.

"24 соат нерӯи барқи Данғара ва ташаккури президент ба "Барқи тоҷик""
Сарлавха пурра ба мат мутобик аст, яъне Дангара 24 соат барк гирифтаасту мову Шумо не. Президент ба "Барки точик" рахмат гуфтааст, вале на президенти мо, балки Президенти Афгонистон.
Ин хуб аст ку, агарчи халки мо аз хукумат ва Барки точик миннатдор набошад хам, вале афгонхо миннатдоранд. Так держать!

Доктор
ба гайр аз дангара инчунин Шерхонбандар, нохияи Имом Сохиб, Дашти Арчи, Чордара,Хонобод, Алиобод, маркази вилояти Кундуз, вилояти Тахор, вилояти Баглон, Баглони маркази, Баглони чадид, нохияи Души, Соланго, Пулихумри, вилояти Парвони Афгонистон бо барки 24 соатаи Точикистон таъмин мебошанд, худуди 8 милён ахоли, шугрона кунен.

Чароги хонаи Точик то субхи сахар намесузад.
Агар сузад 2 соат сузад,22 соати дигар намесузад.

Собир
боз як хабари нодуруст, дар дехахо мардум аз соати 6 то 9 бегох барк доранду тамом хамаги бегохда се соат хасту тамом а вакте ки дар шахрхо мегардем хамаи кучохои шахр пур за барк мебошад намешавад ки хамонхоро куштаву каме хам бошад лимити дехахои бечора низ зиёдтар кунанд.
ах нафахмидем ки сабабад дар чи бошад ки мардуми шахр да барк даркор будай дехахо да хайф мешидай
сад тоооообббаааааааа

хамаи бугу бугчамона чам карда тарафи Дангара равем барои 3 4 мохе ки барк надорем.....................

Дар Кулоб шабона намекушанд аммо рузона ай соатхои 9 то 11 ва аз 13 то 16 мекушанд!!!

Мухандис
Хамин овозаи митинг хело фоида карда буд. Баркро дар хама чойхо медоданд. Сабабаш чист,ки мо точикон дар муддати 23 сол проблемаи аввалиндарачаро ,яъне бо барк таъмин нестем,хал карда наметавонем.

кулоби
дангара чи доштааст, ки 24 соат свет дораду кулобу фархор инхел намешавад

слепой. гухой. немой
Чаноб Оли туро 23 сол хурмат мекардам ва хар сол дар орузи он будам,ки кудаконам дар равшани дарс тайёр мекунанд- набал,ки бо шам. Токатхо ток шуд. Ба мардум бигу кай равшани мешавад. ТО кай. ТО кай, ТО кай.

аввало салому алейкум.........свет нест, но ичозат дихед мардум рафта хезум гиифта дар хонахояшон алов кунанд.....агар халк рафта хезум гиранд дар рох "ГАИ" ман карда чарима мекунад, барои хезуми кокшуда.....шармаст.....Теша,

Шеъри нав аз "шокир" (аз баркнест барк-ба шумо-нест).
Шукронаи бебарки, шукронаи бекори,
шукронаи бефарки, шукронаи безори.
Бо барк занандат низ, ношукр машав харгиз,
Шукронаи бебарги, шукронаи бемори.
Дар кулбаи торики, бо одати точики,
Шукронаи бехоби, шукронаи бедори.
Бебокиву бешарми, аз хад бигузашт, аммо
Шукронаи бебахти, шукронаи бебори.
Мо сохиби дарйоем, лабташна чу сахроем,
Шукронаи беоби, шукронаи сархори.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)