Бахшҳо

“Хатар”-и сериалҳои туркӣ ва “ҷуръат”-и синамои тоҷик. Чаҳор дидгоҳ

Сипеҳри КАРОМАТУЛЛО

Душанбе бори шашум мизбони синомобазми байналмилалии “Дидор” буд. Дар ин ҷашнвора филмҳои истеҳсоли кишварҳои Осиёи Марказиву Қафқоз ва Эрону Афғонистон ба намоиш гузошта шуд. Дар пасманзари намоиши филмҳо дар ин синамобазм аз мунаққидони синамои тоҷик пурсидем, кинои тоҷик тавони рақобат бо сериалҳои туркиро дорад? Бархеҳо ба ин нукта ишора карданд, ки рақобат бо сериалҳои туркӣ кори содае нест ва танҳо дар сурате имконпазир мегардад, ки синамои миллӣ аз сӯйи ҳукумат дастгирии молӣ биёбад.

Мунаққидони синамо таъкид мекунанд, барои муқобила бо сериалҳои туркӣ ва ҳифзи ҷойгоҳи синамои тоҷик бояд аз таҷрибаи кишварҳои аврупоӣ, ба вижа Фаронса кор гирифт. Сафар Ҳақдод, раиси синамогарони Тоҷикистон мегӯяд, барои кам кардани таъсири сериалҳои туркӣ ва боло бурдани ҷойгоҳи синамои миллӣ роҳҳои зиёде мавҷуд аст. “Ман намегӯям сериалҳои туркӣ манъ шавад, аммо имконот ва авлавиятҳое барои синамои тоҷик додан лозим аст. Чӣ тавре ки дар Фаронса аст. Масалан, 60 дарсади вақт-фазое, ки расонаҳо филм пахш мекунанд, ба синамои миллии Фаронса дода мешавад. Танҳо 40 дарсади вақт бо пардохти молиёти зиёд ба ихтиёри филмҳои хориҷӣ гузошта мешавад. Бо ин васила онҳо синамои милли худашонро дастгирӣ мекунанд. Ин усул метавонад яке аз роҳҳои ҳифзи ҷойгоҳи синамои тоҷик ҳам бошад”,-мегӯяд ӯ.

Ба қавли Барзу Абдураззоқов, коргардони шинохтаи театр синамои тоҷик нав ҷуръат пайдо карда ва ҳоло тавони рақобат бо сериалҳои туркиро надорад: “Киноро намешавад бо 200 доллар сохт. Кино ҳамчун Голиввуд индустрияи хеле калон аст. Барои ин операторон, гримёрҳо ва ғайра зарур аст, аммо мо ҳич кас надорем. Мо ҳозир дар замини холӣ филм таҳия мекунем. Синамои моро намешавад бо филмҳои туркӣ муқоиса кард”.

Ин коргардони тоҷик дар идома гуфт, сериалҳои туркӣ фазои синамои моро пахш намекунад, зеро пеш аз сериалҳои туркӣ, сериалҳои бразилӣ, амрикои лотин буданд, ки натавонистанд ин фазоро “муҳосира” кунанд.

Саъдулло Раҳимов, директори синамобазми “Дидор” таваҷҷӯҳи мардум ба сериалҳои туркиро аз маърифтаи пасти филмбинии онҳо вобаста медонад. Ба бовари ӯ тамошобини тоҷик маърифати баланди интихоби филмбинӣ надорад ва аз ин рӯ сериалҳои туркӣ дар интихоботи тамошобинон таъсир гузоштааст: “Дар ҳоли ҳозир филмҳои риқатовари туркӣ бозори филми Тоҷикистонро гирифтааст. Ин нишондиҳандаи он аст, ки тамошобинони мо маърифати баланди филмбинӣ надорад. Томошобинони мо ғайр аз филмҳои ҳиндиву туркӣ дигар чизеро надидаанд. Бояд маърифати худи тамошобин баланд шавад. Тамошобин фаҳмад, ки синамо метавонад зиндагии моро мисли оина инъикос бикунад”.

Сериалҳои туркӣ танҳо бозори синамои тоҷикро зери таъсир қарор надодааст. Имрӯз дар Афғонистон низ сериалҳои зиёди туркӣ ба намоиш гузошта мешавад ва бештари расонаҳои Афғонистон барои намоиши сериалҳо туркӣ вақт ҷудо кардаанд. Бояд гуфт, тарҷумаи форсии сериалҳои туркӣ низ имрӯз дар бозори филмфурӯшии мо вуҷуд дорад ва тамошобинон аз ин тариқ ба сериалҳои туркӣ дастрасӣ пайдо кардаанд. Сиддиқ Бармак, коргардони маъруфи афғонистонӣ, ки ба манзури ширкат дар синамобазми “Дидор” ба Тоҷикистон омадааст, муътақид аст, бо дастгирӣ ва кумаки давлатҳо мешавад дар муқобили сериалҳои туркӣ рақобат кард. Ӯ меафзояд, “ин нукта ниёз ба ин дорад, чӣ қадар ҳукуматҳо тавони ҳимоят аз синамо ва синамогаронро доранд. Ман мутмаъинам, имрӯз дар Тоҷикистону Афғонистон ва Эрон достоннависҳову романнависҳое вуҷуд доранд, ки метавон аз рӯйи осори онҳо сериалҳои бисёр хуб сохта шавад. Ман ба ин бовар ҳастам, ки дар ин кор ҳимояти давлатҳо бисёр муҳим аст. Бахусус мо агар битавонем дар арсаи омӯзиши синамогарони ҷавон заминаҳои хубро дар Тоҷикисону Афғонистон фароҳам бикунем, ҳамон қисме ки дар Эрон ҳаст, мутмаин бошед, ба зудӣ ҷавонҳое пайдо мешаванд, ки дар се ё чаҳор соли дигар сериалҳои бисёр хуб биофаринанд”.

Ин коргардони афғонистонӣ таъкид мекунад, сериалҳои туркӣ дар бозори синамои мо бояд бошад, то аз ин роҳ рақобат ба вуҷуд ояд. Ба бовар ӯ “ин рақобат боис мешавад мо филм ва сериалҳои хуб бисозем”.
Мӯҳр
ыа
Аз кинохои фачи хинди дида, филмхои турки хеле хубтаранд. Лекин боз аз хама пастсифат филмхои ба мисли Талабшо-Филмз хастанд.

Сайф
""Саъдулло Раҳимов, директори синамобазми “Дидор” таваҷҷӯҳи мардум ба сериалҳои туркиро аз маърифтаи пасти филмбинии онҳо вобаста медонад. Ба бовари ӯ тамошобини тоҷик маърифати баланди интихоби филмбинӣ надорад ва аз ин рӯ сериалҳои туркӣ дар интихоботи тамошобинон таъсир гузоштааст:""- ба фикри Шумо барои тамошои филмхои точики маърифати "баланди филмбини" лозим?? Хандонди неке)))) Холи то филмхои точики мисли турки мешавад, ки хело "почак" мезанед бо хамин сохтакории актёротон!!! На хунарманди хуб доред, на коргардону на наворбардори профи... Аккалан мисли узбакхо филм офаред...

Дилёб
Бародарон тилло аз зери хок намоён аст. Банда 100 дар 100 муътакидам ки синамои мо аз синамои Турк камаш 50 сол кафост. Фарз кардем як силсилафилми туркии "Водии гургон"-ро тамошо мекунию 100 маротиба ба муаллифи он тахсин мегуи. Зеро муаллиф чунон борикбиноа ва бо фасохат вокеияти замони феълиро хам аз чихати ичтимоию фарханги ва хам аз чихати миллию сиёси ба риштаи синамо кашидаакст, ки он ифодагари донишу чахонбини фаррохи муаллиф мебошад. Синамогарони мо куллан артистанд ва чуз раксу бози дигар наметавонанд як чизи хубро дар синамо ворид созанд. Инро хукумати Точикистон хам пай бурдааст. Аз ру намехохад маблаги давлатро сарфи чунин як филмхои бемаъно ва филмсозони бесавод кунад.

эээээээээээээ дафку хаму кинохои туркира мардуми содаи точика фреб када гаштиян харуз як сериал меброя як хелуш то 20 000 серия бромадай пахат кай тамом мешп намедони ай хамада кинохои хдом зурай 1 е 2 серия дора дига ай кафош намешай

Комил
С. Раҳимов гуфтааст, ки "тамошобинони мо маърифати баланди филмбинӣ надорад". Ӯ худаш маърифат надорад. Зеро мардум ба ҳар ҳол сифати корро метавонанд фарқ кунанд. Бубинед, дар киноҳои тоҷикӣ ба ҳадде сунъиву сохтакорона ва аз воқеият дур ҳарф мезананд, ки нафратат меояд, дар ҳоле ки туркҳо дар филмҳояшон рафтору гуфтори хеле моҳиронаву воқеъбинона доранд. Хуллас, чизе ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест. Дар филмҳо актёр бояд ба забони адабӣ - гуфтугӯӣ ҳарф занад, на ба забони адабӣ - китобӣ. Чизи оддиро мефаҳмӣ Раҳимов.

Мухлис
Саъдулло Рахимов, гап доди неки. Шумо маърифат доред албатта, тамошобинони филмхои турки надоранд. Филмхои точики то он дарача фаччу лачанд, ки умуман тамошо накардаам ва намекунам. Филмхои шумо факат роскошу боигари, хавлихои бодабдабаву мошинхоро ба намоиш мегузоранд. Ягон навори тарбияви, ибратгиранда надоранд. Факат ишку ошики. Филмхои точикиро ба кудаконат нишаста тамошо карданро шарм мекуни. Шояд дар оянда ягон филми хубе бароред баъд тамошо кунам. Оиди филмхои ТУРКИ-е ки бо сериалхо дар чумхуриамон машхур хастанд ва серхаридоранд гуфтаниам, ки хеле оли хастанд ва бо хавас тамошо мекуни. Ягон чои бехаеиву бешарми надоранд ва баръакс хам калонсолонро ва хам кудаконро тарбия мекунанд. Барои мардуми мо хеле мувофик хастанд. Маданияти баланд доранд ва боиси ибратанд. Хомиен ва Садокат ончунон дар дили кудакон мехр бастааст, ки бо шавку рагбати зиед мунтазири серияи наваш мешаванд. Ин 2 филм барои ватандустиву механпарварии кудакон сахми бузургро ичро мекунанд, чун мехоханд дар оянда мисли онхо полис бошанду бар зидди душманон мубориза баранд. Хикмати Зиндаги, Хаелхои сабз ва Пайрохаи Такдирба ку вапще гап нест. Ахсан ба Туркхо. Касе мегуяд филмхои турки пантуркистиро ташвик мекунад 100-хо бор НОМАЪКУЛ кардааст. Ман хеле сипосгузорам ба хунармандоне, ки филмхои ТУРКИ-ро тарчума карда барои мардуми мо пешкаш мекунанд. Дастатон дардро набинад!

Агарали
Агар тамшо накардани ба ном филмхои точики маърифати паст бошад мо онро надорем мо мардуми "нофахм" чи кунем ки синами туркиро меписандем

Санъатшинос
Сухан инчост,ки барои навори филмхои професионали миллионхо доллар лозим хаст.Хамчунин Точикфильмро ба як шуъбаи фарханг табдил додаанд.Дигар чи метавон гуфт бо ин ашхоси дур аз фарханг.

Бобои барфи
Normalniy kanaloy Turkiya 1 seryay kinora da 1 hafta mebroran baroi tamowobinow. Tojikiston 1 seryaga kinora da 1 sol tayor mekna bo hamuram 50%i kinooi turki namebroya

чи суд
Душманони зехни- мухимтарин чизро аз мо мегиранд яъне вакт-ро бо ин филмхояшон.

,,Кино яке аз воситахои хуби пахн кардани идеология аст,, В. Ленин. Махз кинохои тюрки метавонанд ба осони идеология бепояи пантюркизма пантуркизма дар Точикистон пахн кунанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)