Ду маънои “ғараз”: “Ғаразҳо тира дорад дӯстиро” ва “Ғараз аз тӯшбера гӯшт хӯрдан аст”
Асли маънои калимаи “ғараз” дар забони арабӣ манфӣ нест ва аз он маъноҳои мақсуд, хоста, ҳадаф (ба маънои нишонаи тир ҳам) фаҳмида мешавад. Аммо дар забони форсӣ тоҷикӣ ба ҷуз маънои одӣ ва аввалии он маънои манфӣ низ бар он бор шуда, хостаи бад ва нораво низ аз он фаҳм мешавад.
Масалан:
Ғаразҳо тира дорад дӯстиро,
Ғаразҳоро чаро аз дил наронем?
(Мавлоно)
Аммо дар байти зерини хоҷа Ҳофиз, чун дар бисёре аз абёти дигараш, ғараз ба дараҷаи аъло маънои мусбат дорад:
Ману дил гар фано шавем, чи бок,
Ғараз андар миён саломати Ӯст.
Ҳамчунин дар зарбулмасали тоҷикии “Ғараз аз тӯшбера гӯшт хӯрдан аст”, ҳеч навъ маънои манфӣ манзур намегардад. “Беғараз панд” ба хотири таъкид гуфта шудааст. Яъне аз ин панд манзур ҳеч хостаи нораво ё макру фиреб нест. Зеро воқеан пандҳои фиребо ҳам метавонад бошад, агар мо онро панд бидонем ё не. Манзур аз “панд” дар ин маврид зоҳири қазия ва пиндори аввал аст.
Аммо сифати феълие, ки аз “ғараз” ба сурати “муғриз” (ғаразнок) сохта шудааст, комилан манфӣ мебошад. “Ғараз”ноки сохтаи тоҷикӣ ҳам чунин аст. Ин чиз дар нисбати калимаи арабии “қасд” (ҳаммаънои ғараз) ҳам мушоҳида мешавад, ки дар асл тобиши манфӣ ё мусбати хос надорад, берангу бӯй аст, аммо дар истифодаи мо тобиши манфӣ гирифтааст ва дар калимаи “қасдан” дар гуфтори мо дигар комилан манфӣ аст.
Хулоса, чун ҳамеша маънои аслии ин калимаҳо дар матн ва вобаста ба хостаи мустақим ё ғайримустақими гӯянда маълум мегардад.
Рустами ВАҲҲОБ
(Аз саҳифаи “Дуруст бинависем”)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |