Бахшҳо

Гадоев суҳбаташ барои хариди силоҳу ошӯби мусаллаҳонаро рад кард (ВИДЕО)

Шарофиддин Гадоев, узви созмони мамнуъшудаи “Гуруҳи 24” сабтҳои нашршудаи суҳбатҳои телефониаш дар бораи хариди силоҳ ва ташкили як ошӯби мусаллаҳона дар Тоҷикистонро сохтакорӣ хонд.

Гадоев рӯзи 23 октябр дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, тамоми ин сабтҳо сохта буда, кори дасти мақомоти амниятии Тоҷикистон аст. Ин ҳарфҳои Гадоев дар ҳолест, ки ахиран наворе бо номи “Настоящая Цель группы 24” (“Ҳадафи аслии “Гурӯҳи 24”) ба саҳифаи Ютуб роҳ ёфт, ки ба иддаои ношираш - Manzur Astan дар он ду раҳбари “Гурӯҳи 24” - Шарофиддин Гадоев ва Умаралӣ Қувватов бо нафаре дар Тоҷикистон дар бораи ташкили як ошӯби мусаллаҳона суҳбат мекунанд. Дар сабтҳои ин навор сар аз дақиқаи сеюм Гадоев ва Қувватов дар бораи хариди силоҳ, ташкили гуруҳ ва ворид кардани бархе ҷангиён аз вилояти Бодканди Қирғизистон ба Тоҷикистон тариқи шаҳри Исфара суҳбат менамоянд.

ВИДЕО-и суҳбати Қувватов ва Гадоев дар бораи ошӯби мусаллаҳона:



Аммо Гадоев ин суҳбатҳоро сохтакорӣ хонда, аз афзоиши фишор болои хонаводааш дар Тоҷикистон шикоят дорад. Ӯ бо навиштани як нома ба Комиссари олии созмони милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи башар ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (ОБСЕ)-ву Дидбони ҳуқуқи башар ё “Human Rights Watch” аз таҳти фишор қарор гирифтани пайвандонаш дар Тоҷикистон шикоят бурдааст.

Гадоев дар ин номаи худ навиштааст, ки ӯ яке аз мухолифони ҳукумати кунунии Тоҷикистон буда, баъд аз нашри изҳороту суханҳояш дар ВАО мақомоти тоҷик ба наздикону пайвондони ӯ дар ватан фишор меоранд ва ҳар рӯз бо ҳар роҳ ба онҳо таҳдид мекунанд. Ин узви созмони мамнуъшуда дар Тоҷикистон, ки ҳоло худаш дар Испания иқомат дорад, аз баста шудани мағозаҳои пайвандонаш дар ватан аз сӯи мақомот ёдовар шуда, афзудааст, ки он ангезаи сиёсӣ дорад. Ӯ мегӯяд, мақомоти тоҷик ба наздиконаш фишор меоранд, то бо ҳар роҳ аз ӯ бихоҳанд, ки аз ин роҳи пешгирифтаи худ баргардаду ба ватан ояд.

Ин дар ҳолест, ки ахиран тариқи як навори видеоӣ волидони Шарофиддин Гадоев, узви созмони мамнуъшудаи “Гуруҳи 24” аз ӯ хостаанд, баромадҳои зиддиҳукуматиро хотима диҳаду шукронаи оромию ободӣ кунад ва ба Ватан баргардад.
Мӯҳр
Orzu
Ira hama medonad ki sokhtagiyai. Ovozi Umarali tamoman itari nestay!!!!

Garib
Кувватов эътироф кард, ки ин суханони уянду, аз рохаш холо хам барнагаштааст. Ва эъироф кард, ки холо хам аз пушти чамъ кардани силох мебошаду максадаш бо хукумати Рахмон чанг мебошад.

Ин хама сохтакори аст ё на вале хукумату амнияти точикистон метавонад ба худи гадоев мубориза барад на балки бо ахли хонаводааш. Ин нишонаи нотавонии хукумату амният аст вакте чинояткоро пеша карда наметавонад дигар рохро мегирад. вале афсусссссссссссссс

Асад
Бале Шрофуддин бачам, гапои модаратро гирифта, рост омада дасти акаи Умаралита Кати Атоуллоев гирифта ба ватан баргашта,дар хвои софу бе губори озодона нафас кашида бо хамрохи акахатон Зайд дар зиндон истирохат кунед намеша?!!!!!

Рустам
Ман дар ш Москва Мухочир шуда кор мекунам 23 сол шуд ягон бехбудиро надидем биёед акалан Хукуматро 5ё10 сол дар дасти Хизби Исломи Точикистон дихем инхо боз чи кор мекунанд

салом ман гуфтаниям ки озодии хозира хеле хуб аст точикистон дигар пора намешавад хар чизхои ахмакиро нанависед мардумро бо хабархои дуруг рухафтода накунед хами президент ба хичка кор надора мардум чихеле хохад зиндаги мекунад биёйед дига корхои бадро такрор накунед

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)