Бахшҳо

Тундгароӣ ё мардумро кӣ ба сӯи Калашников таҳрик медиҳад?

Далер ШАРИФОВ

Азҳоби сиёсӣ, таҳлилгарон ва мунаққидони ҳукумати феълӣ солҳост пайваста аз чанд мушкили умдаи кишвар мегӯянду ҳалли онро талаб мекунанд. Аммо боре нашуда, ки ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон мухолифонашро даъват ва бо онҳо суҳбатҳои рӯбарӯ анҷом бидиҳад. Боре ҳам аз онҳое, ки пайваста фаъолияти ҳукуматро интиқод мекунанд, роҳи ҳалли мушкилоти ҷомеаро напурсидаву барномаҳои бурунрафт аз проблеммаҳоро нагирифтааст.

Мухолифони ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон тақрибан таоми сол аз мушкили бебарқӣ, раванди муҳоҷирату беҳуқуқии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ва фасоди густурдаи молӣ дар идораи давлат ва сохторҳои гуногуни он мегӯянд, вале ҳукумат боре бо мухолифонаш ё онҳое, ки аз ин мушкил мегӯянду менависанд, суҳбат анҷом надодаву роҳи ҳал ҳам напурсидааст.

Мухолифон борҳо аз авлодӣ шудани ҳукумат танқид мекунанд, аммо райиси ҷумҳур боре ҳам ба ин ҳарфҳо вокуниш нишон надодаву посухе ҳам нагуфтааст. Ба ин монанд аз озодиҳои динӣ, адолати иҷтимоӣ ва додгоҳӣ, риояи ҳуқуқи шаҳрвандон зиёд гуфта мешавад. Чаро ҳукумати Тоҷикистон хомӯшӣ ихтиёр мекунад? Чаро мунаққидонашро ба муколама намехонад? Чаро ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон вокуниш нишон намедиҳад? Чаро на иқрор мекунад, на инкор? Чаҳор ҳолатеро метавон ҳадс зад, ки як навъ ҷавоб ба саволҳои болост:
1) Ба роҳбари ҳукумат ахбори нодуруст мерасад;
2) Ҳукумат ин мушкилиҳоро мушкилии худашу кабинааш намедонад;
3) Ҳукумат ин равандро давраи “даргузор” меҳисобад;
4) Мухолифон интиқоду пайёми худро наметавонанд ба таври дуруст ва бо роҳи зарурӣ ба ҳукумат расонанд.

Ногуфта намонад, ки бархе сохтор ва расонаҳои давлатӣ ба интиқоди мухолифон ё фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ “ҶАВОБ” медиҳанд. Ин “ҶАВОБ” бо имзои мустаор аз номи кадом як “сокини Душанбе” пешниҳод мешавад ва он ҳам тамоман дур аз асли мавзӯъ буда, муаллиф шахсиятҳоро “зеру забар” мекунад. Онҳоро хоин, агенти хориҷӣ, сабабгори нооромиҳо, муздури ким кадом давлат муаррифӣ месозад. Мушкилиҳо бошанд, канор мемонанд ва зиёд мешаванд.

Ҳукумат бо дигарандешон, соҳибназарон ва намояндаҳои аҳзоби мухолиф мулоқоти рӯбарӯ анҷом намедиҳад, аммо бо даъватҳои интернетии 2-3 нафар дар бораи кадом як митинг кишварро ба по мехезонад. Давлат маҷбур мешавад, тамоми қудраташро барои доир нашудани ин гирдиҳамоӣ ба намоиш бигзорад. Ҳукуматро мебояд, то ба вуҷуд омадани чунин буҳронҳо бо мухолифонаш сари мизи муколама биншинад. Ҳарфи онҳоро бишнавад, ба онҳо паём бидиҳад ва аз онҳо паём бигирад.

Ҳукумат бо истифода аз тавоноиҳои худ ба мухолифонаш минбарҳои солим фароҳам биоварад, гоҳе барои пикет, гирдиҳамоӣ ва флешмобу дигар эътирозҳо, қонунан иҷоза бидиҳад ва амнияти онҳоро таъмин бикунад. Зеро ин яке аз рукунҳои асосии ҷомеаи демократӣ мебошад ва он таъмингари суботу оромӣ ва тағйироту пешрафт аст. Хулас, ҳукумат бояд ба ҳар навъе ҳарфи муқобилро гӯш намуда, заруртаринашро, ки ба салоҳи кори миллату давлат аст, қабул кунад, агар не, бо далелҳо собит созад, ки афкорашон дуруст нест!

Вақте ҳукумат ҳарфи мухолифонашро қабул намекунад, аз суҳбати ошкоро канораҷӯӣ мекунад, мушкилоти ҷомеаро ночиз мешуморад ва бар илова ба дигарандешон таҳдиду фишор меоварад, оқибаташ ногувор мешавад. Ҳоло асри 21 аст, ҳамаро намешавад ҳамчун ғулом нигаҳ дошт ва тарс дод. Бо таҳдиду зургӯӣ наметавон вазъро ҳамеша зери назорат гирифт. Вақте иддае аз мардум паёмашону ҳарфашонро ба ҳукумат аз ҳар тариқе наметавонанд бирасонанд ва ба он посух бигиранд, роҳи дигар меҷӯянд. Роҳе ки ба манфиат нест...

Онҳоро экстремисту тундгаро ва ё террористу зархарид, гуфтан, роҳи ҳал буда наметавонад. Онҳо вақте мебинанд, аз тариқи ҳарфу қоғазу қалам, ҳарфашон ба ҳукумат намерасад, сӯи Калашников мераванд. Ва он ҷомеаро ноором, кӯдаконро ятим ва ашки модаронро мерезонад. Эҳтимоли аз миён рафтани миллату давлат ҳам истисно нест.

Онҳое ки имрӯз барои ҳукумат қудратнамоӣ мекунанд, бо ҳарфҳои дуруғашон роҳбариятро бовар мекунонанд, ки мушкилие дар ҳукумат нест ва мухолифон худашон мушкил доранд ё ин ҳама камбудиҳоро нодида мегиранд, барои манфиатаке Тоҷикистонро дар оинаи худ ба ҳукумат нишон медиҳанд, бидонанд, бо ин васила мардумро ба ҷониби Калашников таҳрик медиҳанд. Ва ин корест нобахшиданӣ ва хиёнат ба Ватану миллат!
Худоё аз он рӯз паноҳ!


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
NURIK
asli gap hamin ast....hukumat tovoni mukolama bo mukholifonashro nadorad....

ВАТАНДОР
гоҳе барои пикет, гирдиҳамоӣ ва флешмобу дигар эътирозҳо, қонунан иҷоза бидиҳад ва амнияти онҳоро таъмин бикунад....БРАТИШКА МЕГУМ ЧИЗЕ МЕХОҲӢ?!

журналист
Ин бача, нафахмидем ки леквидитор аст ё журналист ё философ, ба икара сайти исломии худатон аст харчи дахантонда омад мулохо гуфтан мегиред. О ту набуди дар Сафина зунукат гирифтаги буд имруз ки ронданат, пагонота нишон мети. Ин чи аст?? пур аз хатову маъниву.

Точик
журналист,
Чи иқа сафсата меги рост мега Далер гапош дуруст аст....шарм намедори... гапи дуруста инкор мекуни....

11
флешмоб ба фоидаи давлат аст камбудихояшро исло мекунад

Точик, Дар дили мана ин бародар гуфт! ВАК,те дар Сафина кор мекард, як чумбиши ч,авононро мехост барорад. Идеяи ин ч,унбиш Махала парарасти, миллатпарастиро аз байни точик,икон бурдан. Шахрвандони Точикистонро якчо кардан буд. Хукумат инро намехохад, ва бачаро зада шикастан. NURIK,
NURIK,

KHOLIS
Dalerjon barodari aziz behtarin suhanhro rui zabon giriftai ki hlo ham az bahr qatrai ob meboshand.Salomat boshed hudovand nigohboni shumo va honadonaton boshad.
ba VATANDOR va JURnalist pastarin budani hudro nishon doded .
Ozodagon tu behtarini dar jahon.

муслим
Агар Президент иштибоҳоро ислоҳ накунад боз вазъият бад мешавад....

Кудрат
Шумо писарам дурт кайд кардед дар чомеае ки мо ба сар мебарем лаббайгухо хеле ва хеле зиеданд Вой бар холи ману миллати ману ояндаи кишвар бо чунин лабайгуйхо

Ғуломбой
Шукрона кунен, ки ғулом ҳастед, шукрона кунен,ки инхел ҷавонон кам каст,шукрона кунен,ки ҳолатон аз ин бад мешавад.

Бародари азиз Далер, магзи гапро гуфти, рахмат. Афсус хукумати мо танхо рохи зуриро пеша кардааст. Тавони гуфтушунид надорад, гайр аз фишор рохи халли дигареро намечуяд. Хамаи ин окибати нек надорад... Давлатдорони давр хамчун золимтарин, бемасьулияттарин, гасбгар, парокандакуни давлату миллат дар ТАЬРИХ боки хоханд монд.

Асад
салом далер бародар, худо хифзат кунад! Чи тавре арабхо мегуянд" хакро гуй! Агар-чи талхаст" мо дар Асл медонем ки хасти, ба суханхои ин бародарони гумон бад гуш накун!! Дар амони Худо!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)