Вазорати умури дохилӣ мегӯяд мардеро боздошт кардааст, ки дар муомилоти ғайриқонунии сангҳои қимматбаҳо даст дошт.
Бино ба иттилои ин ниҳод, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Шӯъбаи умури дохилӣ дар ноҳияи Конибодом, дар назди Донишгоҳи металлургии шаҳри Чкалов Шовалӣ Алишеров соли таваллудаш 1958, сокини ноҳияи Хуросон, бо гумони муомилоти ғайриқонунии металҳои қиматбаҳо, сангҳои қимматбаҳои таббиӣ ё марворид дастгир карда шуд. "Дар вақти кофтукови шахсӣ аз ӯ 42-адад сангҳои қимматбаҳои “ёқути сурх” (рубин) вазнаш 43,01-грамм, дарёфт ва мусодира карда шуд. Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад",-иттилоъ медиҳад ВКД.
Мӯҳр