Бахшҳо
27 окт 2014 10:04Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Ифшои 25 ҳолати хешутаборбозии мансабдорон: Президент чӣ?

Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз аввали сол дар ниҳодҳои давлатӣ 25 ҳолати хештаборбозӣ ё худ, хизмати якҷоя ё таъини ғайриқонунии хешовандонро ба вазифаҳои давлатӣ ошкор кардааст.

Ин ниҳод бо такя ба моддаи 9-и қонуни Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бо коррупсия” таъкид мекунад, ки хизмати якҷоя ё таъини хешовандони наздик ба вазифаҳои давлатие, ки ба ҳамдигар тобеъ ё ҳисоботдиҳанда мебошанд, манъ аст. Оҷонсии мубориза бо фасод меафзояд, 25 ҳолати нақзи ин талаботро тайи соли равон ошкор кардаанд, ки аз ин 6 ҳолат аз ҷониби раёсати Оҷонсӣ дар вилояти Суғд, 3 ҳолат дар Хатлон, 5 ҳолат аз ҷониби раёсат дар шаҳри Душанбе ва 11 ҳолат аз ҷониби Раёсати пешгирии коррупсияи Оҷонсии мубориза бо фасод ошкор шудааст.

Соли гузашта аз ифшои 19 ҳолати фаъолияти якҷояи хешутаборон дар як ниҳод хабар дода шуда буд, ки бар асоси қонунгузории кишвар ҳолати мусоидаткунанда ба ҷиноятҳои коррупсионӣ маҳсуб меёбад.

Фаттоҳ Саидов, раиси Оҷонсии мубориза зидди фасоди молӣ дар Тоҷикистон, қаблан дар робита ба ин мавзуъ изҳор дошт, ки “агар дар як сохтор ман кор кунам, наздиконам наметавонанд, зердасти ман бошанд.”

Аммо дар мавриди хизмати якҷояи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва писараш -- Рустами Эмомалӣ, сардори Хадамоти гумрук, ки аввалӣ раиси ҳукумат асту дувумӣ тобеи бевоситааш мебошад, раиси Оҷонсии зидди фасод гуфт, ин дар доираи қонун аст.

Ин дар ҳолест, ки мунтақидони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷмуҳури Тоҷикистон, ки беш аз бист сол боз зимоми қудрат дар кишварро дар даст дорад, аз зиёд шудани наздикони раисиҷумҳур дар вазифаҳои давлатӣ шикоят доранд. Ҳоло ду фарзанди ӯ -- Рустами Эмомалӣ ва Озодаи Раҳмон ба ҳайси раиси Кумитаи гумрук ва муовини аввали вазири умури хориҷӣ кор мекунанд. Домоди раисиҷумҳур -- Ҷамолиддин Нуралиев ноиби аввали вазири молия буда, ширкати пулчинаки IRS дар роҳи Душанбе – Чаноқ низ ба ӯ марбут дониста мешавад. Иттилое, ки худи ӯ борҳо рад кардааст.

Ахиран Амируллоҳ Холов, додарарӯси оқои Раҳмон шаҳрдори Қӯрғонтеппа таъин шуда, бародаронаш Ҳасан Асадуллозода раҳбарии “Ориёнбонк” ва Амонуллоҳ Саъдуллоев раёсати бахши фурӯши барқ дар ширкати "Барқи тоҷик"-ро бар уҳда доранд.
Мӯҳр
хабарнигор
Ҳамин ниҳодро дар бораи хешутаборбозӣ дар фурудгоҳи душанбе пурсед. чанд руз пеш як мавод дар интернет хондам ки хешу таборбози дар ин ниҳод авҷ гирифтааст.

Это всего лишь капля из моря, можно написать целую книгу про сколько людей он пристроил.
...

хабарнигор
Ин хам матлаби дакик дар бораи хешу таборбози:

https://faraj.tj/authorities/6768-ta1171o-dor1251-ronandai-tayera-ho12031251-shud



.html

Оё имкон дорад, ки дар пасманзари хабаратон инро хам пушиш бидихед?

САФАР
Ин холат дагалона вайрон кардани Кодекси мехнати Чумхурии Точикистон мебошад. Фатох Саид холо кор кардан мехохад.

Ситора
Сабаб дар чист ки Хеши Чаноби Оли боши кор мекуни набоши не Ин Чумхурии мо бо хамин Хешу таборбози 23 сол шид ки пеш намеравад

шахрванд
инхо рататсия намешаванд мобарин?

инхо мо барин рататсия намешаванд?

Хама сохторхои кудрати бо коррупционерхои калон аз як клан хастанд, ва ин гапхои шумо маътали "собака лает..."-ро ба хотир меорад.

hakikatju
Ozodagon charo nomi muarifi makolaro namenavisi yo metarsi

холиса
как будто шумо раис мешуден ин кора намекарден. хаматон хамин хел рафтор мекарден. бо чи ика обсуждать мекунен дигароя. шахсан ман агар раис мешудам, аввал аз хешу табор ва дустони наздиконам шуруъ мекардам. чунки бегонахоба бовари надорам.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)