Бахшҳо

Шокирҷон Ҳакимов: Идораи давлат дар Тоҷикистон демократӣ нест

Суҳбати ихтисосии хабарнигори “Озодагон” Сипеҳри Кароматулло бо ҳуқуқдон ва муовини райиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Шокирҷон Ҳакимов.


“НА ҲАМА ОРЗУВУ ОРМОНҲОИ МИЛЛАТ АМАЛӢ ШУДААНД”


Озодагон: Дар остонаи 20 солагии қабули Қонуни асосӣ қарор дорем ва назари Шумо дар дар мавриди мувофиқати бандҳои Сарқонун бо ҳаёти ҷамъият чӣ аст? Шумо фикр мекунед, он чи дар Қонуни асосӣ замонат дода шудааст, дар амал тадбиқ мешавад?

Шокирҷон Ҳакимов: “Бо мурури замон таҳаввули муносибатҳои ҷамъиятиро ба инобат гирифта, бо назардошти анъана, фарҳанг, вижагиҳои сиёсӣ ва ғайра мувофиқи мақсад донистанд, ки шакли давлат, сохти шакли давлат, танзими муносибат миёни сатҳҳои мақомоти давлатӣ ва ғайраро дар Қонуни асосӣ муқаррар намоянд. Мавриди амал қарор додани Қонуни асосӣ гувоҳ аст, ки то ҳол на ҳама орзуву ормонҳои миллат амалӣ шудаанд. Масалан, тарз ва усули идораи давлат ба шакли ҷумҳурӣ ва моҳияти демократӣ доштани он мувофиқат намекунад, усули таҷзияи ҳокимияти давлатӣ дар амал тадбиқ нашудааст. Бояд гуфт баробарии шаҳрвандон дар назди қонун ва суд таъмин нест, шаҳрвандон имконияту шароити амалӣ намудани ҳуқуқҳои конститутсионии худро дар дохили кишвар надоранд ва падидаву зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла коррупсия, маҳалгароӣ ва ғайра ба иштироки онҳо дар идораи давлат, ҳаёти сиёсӣ ва амалӣ намудани ҳуқуқҳои фарҳангиашон халал мерасонад”.

Озодагон: Гуруҳе Қонуни асосии моро дар радифи қонуни асосии кишварҳои озодтарини ҷаҳон мегузоранд, вале чаро дар амал мо, тавре он гуруҳ тазаккур медиҳад, дар зинаи чаҳорум қарор надорем?

Шокирҷон Ҳакимов: “Эътибори Қонуни асосиро на бо дастовардҳои иқтисодиву фарҳангӣ ва ё варзишӣ, балки бо вазъи сиёсии кишвар муқоиса мекунанд ва ченаки баҳогузорӣ мушаххасоти дигар аст. Масалан, дар Қонуни асосӣ шароити зиндагӣ, вазъи иқтисодӣ, иродаи қишри иҷтимоии мушаххас ва сатҳи фаросати элитаи сиёсиро ба назар нагирифта, ҳарчиро навиштан мумкин аст, аммо риоя ва тадбиқи амалии он мушкил мебошад. Дар илми муосир критерияи асосии муқаррар намудани самаранокии Қонуни асосӣ мувофиқати меъёрҳо ва арзишҳои он ба воқеияти амалӣ шудани Қонуни асосӣ мебошад. Агар таносуби расмият ва воқеият ҳар чи қадар зиёд бошад, эҳтироми шаҳрвандон ба Қонуни асосӣ камтар гардида, он ҳамчун санади ҳуқуқию сиёсӣ рисолат ва таъиноти иҷтимоии худро сармаранок ба анҷом расонида наметавонад. Аз ин нуқтаи назари ман, ягон тоҷики бофазилат бо он розӣ шуда наметавонад, ки дар ҷаҳони муосир Қонуни асосии мо мақоми чаҳорум дошта бошад. Агар медошт, пас сатҳ ва сифати зиндагии мардум, эътибори байналмилалии кишвари мо дар ин мақом ҷой мегирифт”.

Озодагон: Дар боло ишора кардед, ки Қонуни асосӣ бо ҳаёти ҷамъият мувофиқат намекунад. Чӣ кор бояд бикунанд, то ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси Қонуни асосӣ рушд бикунад?

Шокирҷон Ҳакимов: “Давлат бояд тамоми нерӯи зеҳнӣ ва имкониятҳояшро ҷиҳати беҳтар кардани зиндагии халқ равона кунад, бар хилофи манфиатҳои гуруҳҳои муайян, бояд ба конститутсионализм, парламентаризм, равия ва мафкураи гуногуни сиёсӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва рақобати солими иқтисодӣ авлавият дода, коррупсия, маҳалгароӣ, шахспарастӣ ба таври оилавӣ идора кардани сатҳҳои мухталифи ҳокимияти давлатиро маҳкум намояд. Ҳамчун зуҳуроти халалдоркунада эътироф намудани ин омилҳо боиси риояи бечунучарои Қонуни асосӣ мегардад. Бидуни шак, ин кори мушкил иродаи сиёсӣ, хиради давлатдорӣ, таҳаммулпазирӣ ва гузашт кардан аз манфиатҳои шахсиву гуруҳиро металабад”.

“ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО ДАСТОВАРДҲОИ ҚОНУНИ АСОСИИ СОЛИ 1994-РО ХАЛАЛДОР КАРД”


Озодагон: Ба назари Шумо чи зарурат вуҷуд дошт, ки ду маротиба ба Қонуни асосӣ тағйирот ворид шавад?

Шокирҷон Ҳакимов: “Зарурати ислоҳоти конститутсионӣ дар соли 1999 натиҷаи фаъолияти Коммисияи оштии миллӣ ва дар соли 2003 натиҷаи ташаббуси гуруҳи аъзоёни Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон будааст. Ба Қонуни асосӣ ҳаштоду шаш тағйиру иловаҳо ворид шуд. Албатта, баъзе меъёрҳои воридшуда боиси мукамалтар гардидани Қонуни асосӣ гардид, аммо ҳамзамон моҳияти баъзе тағйиротҳо, дастовардҳои Қонуни асосии соли 1994-ро халалдор намуд. Масалан, ваколат ва салоҳиятҳои перезидент ва тартиби интихоби он, таъсиси парламенти думаҷлиса, ба маҷлиси олӣ додани ҳаққи тафсири қонунҳо, мушаххас нашудани вазъи ҳуқуқии сарвазир, мухолифатҳо оид ба амалӣ намудани усули таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ва ғайра, на барои такмили Қонуни асосӣ, баръакс боиси ба вуҷуд овардани заминаҳо дар таҳкими низоми худкомагӣ дар Тоҷикистон шудаанд”.

Озодагон: Дар Қонуни асосии мо, дунявият махсус таъкид шудааст ва ин аз ҷониби гуруҳҳо ба таври воруна тафсир мешавад. Ба назари Шумо асли дунявият дар Қонуни асосӣ чист?

Шокирҷон Ҳакимов: “Дунявият мазмуни ҷудо будани мактаб аз масҷид ва масҷид аз давлатро дорад. Аммо баъзеҳо моҳияти давлатро дарк намекунанд, динро аз давлат ҷудо карданӣ мешаванд, ки ин дуруст нест. Масалан, мақолаи илмӣ, рисола ва китоби олими соҳаи дунявӣ мавриди таҳқиқу таҳлил ва ташхиси олим, мутахассиси соҳаи мушаххаси илми дунявӣ ё муассисаи илмӣ-тадқиқотӣ бояд қарор гирад. Бинобар ин, аз ҷониби идораҳои давлатӣ мавриди омӯзиш қарор додани осори динӣ бар хилофи Қонуни асосӣ буда, дар бораи будани сензура гувоҳӣ дода, аз дахолати давлат ба кори эҷодии мутахассисони соҳаи дин шаҳодат медиҳад. Дар зимн, мувофиқи мақсад мебуд, ки қонуни дин ва ташкилотҳои динӣ ислоҳ шавад. Баъзе дастуру фатвоҳо бошад, ба арзишҳои давлати демократӣ мухолифат мекунад. Тартиби интихоб ва ҷо ба ҷогузории имом-хатибон, инчунин масъалаҳои ҳаҷро низ бояд пурра ба ихтиёри ташкилотҳои динӣ вогузошт ва механизми ҳамкориро бо Вазорати корҳои хориҷӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ танзим намудан, яке аз масъалаҳои мубрам дар робита ба муносибат миёни давлат ва ташкилотҳои динӣ мебошад”.

ВА ДАР БОРАИ ИНТИХОБОТ ВА ШАРТИ ИТТИҲОДИ АВРУПО


Озодагон: Дар арафаи интихоботи парлумонии соли 2015 Иттиҳоди Аврупо ба шарти баргузор кардани интихоботи шаффоф 251 миллион евро ваъдаи кӯмак кардааст. Ба фикри Шумо ҳукумати Тоҷикистон ин шартро иҷро карда метавонад?

Шокирҷон Ҳакимов: “Дар муқоиса аз кишварҳои узви ИДМ, СҲШ ва Созмони кишварҳои исломӣ, давлатҳои алоҳидаи аврупоӣ, Амрико ва созмонҳои онҳо доимо талош мекунанд, густариши ҳамкориро бо Тоҷикистон бо равандҳои демократӣ вобаста кунанд. Аммо чунин ба назар мерасад, на ҳама вақт ва на дар ҳама ҳолатҳо ба чунин тавсияҳо раҳбарияти сиёсӣ ва ҳукумати Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҷиддӣ медиҳад. Маҳз натиҷаи муносибат сабаб шудааст, ки дар муқоиса ба давлатҳои минтақа ба кишвари мо сармояи хориҷӣ камтар ворид гардад. Чунин ҳолатро зимни сафарҳои хориҷӣ дарҳол мушоҳида кардан мумкин аст. Бинобар ин дар тамоми дунё воситаи асосии танзими эътирозҳо ва таҳкими заминаҳои ваҳдати миллӣ интихоботи одилона будааст. Ман гумон намекунам, ки дар ҳамаи ҳавзаҳои интихоботӣ шахсиятҳои огоҳ аз сиёсат дар интихобот иштирок кунанд.

Тавре ки аз таҷриба бармеояд, дар аксари ҳавзаҳои интихоботӣ номзадҳо бо мақсади вонамуд кардани рақобати сиёсӣ дар мувофиқа бо сатҳҳои мухталифи ҳокимияти давлатӣ вориди интихобот мешаванд. Аз ин рӯ, критерияи муайянкунандаи интихоботи одилона ва ҳаққонӣ маҳз он ҳавзаҳое бошанд, ки дар он бархӯрди шахсиятҳо, ҳизбҳо ва манфиатҳо мушоҳида мешавад. Ба парламент ва мақомоти намояндагӣ дар маҳалҳо ворид шудани вакилон аз ҳизбҳои мухолиф ва шахсиятҳои алоҳида тариқи худпешбарӣ ба тадбиқи усули таҷзияи ҳокимияти давлатӣ мусоидат намуда, боиси зиёдтар гардидани таъсир ва аҳамияти мақомоти қонунгузор ва намояндагӣ дар низоми ҳокимият мегардад. Бидуни шак, интихоботи демократӣ на танҳо аз иродаи сиёсии сардори давлат, инчунин аз муташаккилии шаҳрвандон ва созмонҳои онҳо, таъсири мусбати омилҳои беруна низ вобастагӣ дорад. Мансабдорони давлатие, ки намехоҳанд дигар мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ таҳти назорати парламент бошад ё он гуруҳое, ки интихоботи одилона манфиатҳои онҳоро халалдор менамояд, бахусус мансабдорон, ки бидуни муносибатҳои коррупсионӣ наметавонанд, хизмати давлатиро ба анҷом расонанд, бидуни шак бар хилофи манфиатҳои миллӣ интихоботи демократиро бо истифода аз ҳар роҳу восита халалдор мекунанд”.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)