Номаи Эмомалӣ Раҳмон ба Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов
Эмомалӣ Раҳмон, райиси ҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли як барқияи шодбошӣ унвони ҳамтои туркманаш Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро бо солгарди Иди миллии Туркманистон табрик кардааст.
Дар номаи табрикии Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла омадааст: “Дар Тоҷикистон ба муносибатҳои дуҷониба миёни кишварҳои мо эҳтироми беандоза қоиланду нисбат ба он аҳамияти самимӣ, дӯстона ва пурмазмун зоҳир менамоянд. Ҳамкорӣ бо Туркманистон имрӯз дар стратегияи сиёсати берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи афзалиятнок дорад”.
Дар идомаи барқияи мазкур гуфта мешавад, “муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркманистон бо шарофати кушишҳои муштараки мо имрӯз бо рушди муназзам чӣ дар шакли дуҷониба ва чӣ дар шакли бисёрҷониба тавсиф мегарданд. Барои афзун кардани ҳамкориҳо аз рӯи тамоми самтҳо заминаи ҳуқуқии ҷиддӣ ба роҳ монда шудааст”.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар паём ба Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бо ибрози ҳавасмандӣ ба ҳамкории бештари муштарак афзудааст, “мутмаинам, мо бо кушишҳои муштарак ин имкониятҳои пуриқтидорро пурра татбиқ менамоем ва ба ҳадафҳои мусбати гузошташуда ба манфиати ояндаи босубот ва дурахшони кишварҳоямон ва дар маҷмӯъ, дар минтақа шарафёб хоҳем гашт. Шуморо ба он бовар мекунонам, ки мо аз ҷониби худ тамоми ҷидду ҷаҳдамонро ба он равона месозем, ки муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон ба манфиати мардумонамон рушду таҳким ёбанд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |