Бахшҳо

42 270 нақлиёти шахсӣ дар пойтахт ба қайд гирифта шудааст

Санҷишу амалиёти вижаи кормандони БДА ва кумитаи андоз нишон доданд, ки  сабаби иҷро нагардидани нақшаи андоз  аз соҳибони воситаҳои нақлиёт, дар он аст, ки  баъзе аз соҳибони воситаҳои нақлиёт автомашинии худро истифода наменамоянд ё ронандаҳое, ки дар рустоҳои дурдаст умр ба сар мебаранд, воситаи нақлиётро бе ягон муоинаи техникиву пардохти андоз истифода мекунанд.

Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз ин кумитаи андоз иттилоъ доданд, дар таваққуфгоҳи воқеъ дар кӯчаи  Шамсӣ 16-и ноҳияи Синои пойтахт ҳангоми рейди муштарак рақамҳои давлатии якчанд адад автомобилҳои сабукрав, боркаш ва мусофиркаш  аз ҷониби гурӯҳи корӣ барои    ба мӯҳлатҳои дароз пардохт накардани андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт,  гирифта шуда, маводҳои лозима тартиб дода шуд. Зимнан, таҳлилҳо нишон доданд,ки нақшаи пешбинишуда нисбат ба семоҳаи соли 2010 ба маблағи 707 ҳазору 581 сомонӣ зиёд гардидааст, дар сурате ки аз рӯи маълумотҳои БДА-и шаҳри Душанбе  шумораи умумии зиёдшудаи воситаҳои нақлиёт ҳамагӣ 1904 ададро ташкил менамояд, ки нисбат ба нақшаи андози семоҳаи соли сипаригашта 34 фоиз зиёд мебошад. Дар ҳолате ки шумораи воситаҳои нақлиёт ҳамагӣ 4,7 фоиз зиёд шудаасту халос.  Шумораи умумии воситаҳои наклиёти шахсӣ агар дар таърихи 1-январи соли 2010  40 ҳазору 366 адад бошад, пас ин шумора ба 1- январи соли 2011 42 ҳазору 270 ададро ташкил медиҳад.  Дар шаҳри Душанбе дар семоҳаи аввали соли 2011 нисбат ба ҳамин давраи соли 2010 аз соҳибони воситаҳои нақлиёт  ба маблағи 139 393 сомонӣ андоз кам ҷамъоварӣ гардид, ҳол он ки дар ин давра аз рӯи маълумоти БДА беш аз 1900 адад воситаҳои нақлиёт зиёд ба қайд гирифта шудааст.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)