Бахшҳо

Азми Обама ва Оқохони 4 барои беҳбуди ҳаёт дар Тоҷикистон

Расо як моҳ баъд аз эълони Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико дар бораи оғози ҳамкорӣ бо Бунёди Оқохон имрӯз, 30-юми октябр дар шаҳри Душанбе сафорати Амрико ва намояндагии доимии Бунёди Оқохон дар Тоҷикистон созишномаи нави паймони саросарии рушдро ба имзо расониданд.

Тибқи ин созишнома, ки аз ҷониби сафири Амрико Сюзан Эллиот ва намояндаи доимии Бунёди Оқохон дар Тоҷикистон Акбар Алӣ Песнонӣ имзо шуд, ҷонибҳо уҳдадор шуданд, дар панҷ соли оянда барои беҳбуди зиндагии сокинони наздимарзии Тоҷикистон бо Афғонистон 6 миллион долларӣ, дар маҷмуъ 12, 1 миллион долларро ихтисос диҳанд. Ин паймон азм дорад, тариқи мусоидат ба соҳибкорӣ, амнияти молиявии хоҷагиҳо, бахшҳои маориф ва тандурустӣ ва кӯмак ба ширкатҳои хусусию ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷойҳои нави кориро муҳайё кунаду зиндагиро беҳбуд бахшад.

Сюзан Эллиот зимни имзои созишнома изҳор дошт, ки “ин паймон ба таври мустақим ташаббуси ҳукумати Амрикоро оиди “Роҳи нави Абрешим”, ки равобити Осиёи Марказӣ ва Ҷанубиро аз тариқи бозорҳои минтақавии энержӣ, роҳҳои нақлиёту савдо, гумрукҳо ва сарҳадот ва бо ҳам пайвастани савдову одамон тавсиа мебахшад.”

Ин дар ҳолест, ки расо як моҳ пеш Барак Обама , раиси ҷумҳури Амрико эълон кард, ки бо ҳукумати Шветсия ва Бунёди рушди Оқохон дар саросари ҷаҳон ҳамкорӣ хоҳад кард ва афзуд, ки “вазифаи мо ба унвони як кишвари озод ва ба унвони як миллати озод истодан дар канори мардуми навовар ва гурӯҳҳҳои шуҷои ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Гурӯҳҳое, ки барои адолату озодӣ ва истиқлоли инсонҳо дар саросари ҷаҳон фаъолият мекунанд. Ман хушҳолам, ки имрӯз бо ҳамкорони нав дар ҷаҳон мепайвандем. Ин ҳамкорони нав ҳукуматҳо, гурӯҳҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла раҳбарони онҳо мебошанд.”

Ин ҳамкорӣ дар ҳолест, ки то ҳол низ Амрико барои беҳбуди ҳаёти мардуми Тоҷикистон ҳудуди 1 миллиард доллари амрикоӣ равона кардааст.

Бунёди рушди Оқохон бошад ҳамасола ба Тоҷикистон то 100 миллион доллари амрикоиро равона мекунад ва ният дорад, ояндаи наздик боз ним миллиард доллари дигарро барои рушди иқтисодию иҷтимоии ин кишвар сармоягузорӣ кунад. Аз тарҳҳои ҷадиди ин созмон дар Тоҷикистон, ки раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон, барои тезондани татбиқи онҳо дастур додааст, нерӯгоҳҳои Себзор ва Санобод дар вилояти Бадахшон мебошанд. Манбаъ бо такя ба баҳогузориҳои пешакӣ арзиши ин ду лоиҳаро наздики 300 миллион доллари амрикоӣ гуфта, афзуд, ки дар мавриди нерӯгоҳи беш аз 10 мегаваттаи Себзор дар ноҳияи Роштқалъа аллакай тавофуқот миёни Тоҷикистону ин созмон ҳосил шудааст. Вале оиди сохтмони нерӯгоҳи Санобод дар ноҳияи Рушон, ки ҳудуди 15 маротиба аз Себзор боиқтидортар хоҳад буд, музокирот идома доранд. Инчунин дар Хоруғ бо арзиши 62 миллион доллар бунёди Донишгоҳи Осиёи Марказӣ идома дорад.
Мӯҳр
АЛОХУМА САЛИ ЪАЛО МУХАММАДИН ВА ОЛИ МУХАММАД

jabor
ofarin Ogo khoni 4 rahamat ba shumo ki ba Tojikiston amika eordam kadesten rahmat ba shumo va avoldaton
azDushanbe

88
Офарин ба Огохон ки шумоён хаети мардуми кухистона каме бошад хам осонтар мекунед.

як чизро намефахмам ки чаро окохони 4 факат барои рушди бадахшон кушиш мекунаду мардуми дигар минтакахои точикистонро одам хам хисоб намекунад
ба фикрам ин кор барои дар оянда мустакил шудани бадахшон аст

Замир
Шумо бояд мардуми азиятдидаи точикро аз асорат рахо намоед, ба озоди расонед, бинобар ин танхо ва танхо созмонхои чамъияти ва чомеаи шахрвандиро пуштибони кунед, грантхоро ба вазиру вузаро бо ду дасти адаб оварда надихед, ин гайриконуни аст, дуруст нест. Онхо хам аз мо андоз гирифта аз нуги он медузданд хам аз шумо грант гирифта медузданду маколи ба номи мардум ба коми хукаморо инчро мекунанд. Чаро намефахмед мухтарам Огохон ва Обама, чаро созмонхои чамъияти дар Точикистон тамоман аз тамоми имконот махрум шудаанд, чомеаи шахрванди тамоман аз миён рафта истодааст. Магар намебинед???

яъне омрико аз холо сар карда барои ноором кардани точикистон дар чанд соли оянда ин накшаро бо огохони 4 тарохи кпрдаистодпаст ва хукумат бошад дар ин кори омрикову огохон сокитиро пеша кардааст..хуккмат бар ин кор эътироз кун хануз фурсат дори.

Islom
E mardum shumo kay aklidor meshavad pesh az navishtan avval andesha kuned' ba fikram monded dar asri 6'! Volo Hazrat OGOXON-chahorum Shoh-Karim al Husseyni novobasta az najod millat zabon ba hamai mardumi jahon hamatarafa (iktisodi ijtimoi tandurusti ilm....)khizmat kalon shoistayu azanda mekunad!

Аллохи ьузург мардуми точикистонро нигахбон бошад

сиесатшинос рост гуфти.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)