Бахшҳо

“РЕН ТВ”-ро ба назди муҳоҷирон дар “Садовод” роҳ надоданд (ВИДЕО)

“РЕН ТВ”, яке аз шабакаҳои маъруфи Русия дар бораи вазъи муҳоҷирони тоҷик дар бозори “Садовод”-и Маскав гузориш таҳия намудааст, ки ба иддаои Каромат Шарипов, раҳбари ҷунбиши “Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик” дар ҳолати ғуломӣ қарор доранд.

Ин дар ҳолест, ки ахиран Ҷунбиши умумирусиягии “Иттиҳоди муҳоҷирони тоҷик” бо нашри як иттилоия аз бозҷӯии дафтари корӣ, манзили истиқоматӣ ва бӯстонсарои раҳбарашон Каромат Шарипов хабар дода, меафзояд, ки худи Шарипов дар шуъбаи умури дохилии ноҳияи Вихино мавриди бозпурсӣ қарор гирифтааст. Ба иттилои манбаъ бозпурсию бозҷӯиҳо дар доираи парвандаи ҷиноӣ аз рӯи ҳодисаи 6-уми сентябр дар бозори “Садовод” сурат гирифта истодаанд.



Мақомоти Русия дар ин задухӯрди 6-уми сентябр миёни муҳоҷирони тоҷик ва кормандони созмони муҳофизатию маъмурини пулис Шариповро муттаҳам мекунанд, ки муҳоҷиронро ба чунин амалиёт водор месозад. Дар пайи ин даргирии 6-уми сентябр се тоҷик бо ҷароҳатҳои гуногун дар беморхона бистарӣ шуда, яке ҷарроҳӣ гардид.

Манбаъ мегӯяд, дар бозори “Садовод” ҳудуди 6 ҳазор муҳоҷири тоҷик фаъолият доранд, ки ҳуқуқашон нақз мешавад ва ҳомиёни ҳуқуқро низ ба қаламрави бозор роҳ намедиҳанд. Ҷунбиши “Муҳоҷирони кории тоҷик” меафзояд, ки қаблан Каромат Шарипов барои талошҳояш барои ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар бозори “Садовод” таҳдидҳои телефонӣ мегирифтааст.

Баробари ин ҷунбиши “Муҳоҷирони кории тоҷик” таъкид мекунад, ки бозҷӯии хона ва бустонсарои Шарипов аз рӯи иттиҳом ба экстремизм сурат гирифтааст. Масъулини ҷунбиш инчунин аз бархӯрди дағалонаи маъмурини рус шикоят доранд, ки бо вуҷуди бад шудани ҳоли намояндаи ҳомиладори ҷунбиш ба ӯ кӯмак накардаанд ва табиби ҳозир гуфтааст, ки “агар бемор бошад, равад дар Тоҷикистон табобат гирад.” Дар иттилоия ишора шудааст, ки эҳтимол намояндагони Тоҷикистон низ дар маърака алайҳи Каромат Шарипов даст доранд.

Фаъолони ҷунбиш ин қазияҳоро маҳкум карда, таъкид мекунанд, ки тариқи як нома аз Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия расидагӣ ба ин қазияро талаб хоҳанд кард.
Мӯҳр
Санавбар
Офарин ба Шумо акаи Каромат Мисли шумо 100 нафари дигар дар мухочират Точикон Пуштибон дошта бошанд Чумхурии Точикистон гул гул мешкуфад

Чавоб ба Санавбар, ин хел шахсон номи миллати точикро паст мезананд, худ сарона амборро аз худ намуда, бо мехоханд, ки кордиханда ба онхо хакки хизматашро дихад. Ин хел кор намешавад, танхо бо таври легали конуни корро бояд мухочирон баранд. Аз ин рафтори Каромат Шарипов маълум аст, ки саводи кофи надоштаст, бо ин кас рохбари чунбиши “Муҳоҷирони кории тоҷик” мебошанд. "Самозванец"

Дуругам мешудай да хамин хел, гапош сад дар сад дуруг аст, фикри кисахай ичада, худша пиар кардестай.. одамош бо шиштиян шизофренника офарин навиштестан

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)