Бахшҳо

Нигаронии президент аз саркашию силоҳи бархе сокинони Хоруғ

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳафтаи равон дар мулоқот бо Шодихон Ҷамшед, раиси вилояти Бадахшон аз гурези сокинони Хоруғ аз хидмати ҳарбӣ нигаронӣ карда, таъкид намудааст, ки дар дасти бархе аз афроди ин шаҳр ҳанӯз ҳам силоҳи оташфишон вуҷуд дорад.

Тавре манбаи “Озодагон” иттилоъ дод, дар мулоқот Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки кор дар самти халъи силоҳи оташфишон, ки ҳоло ҳам ғайриқонунӣ дар дасти афроди алоҳидаи вилоят, бахусус шаҳри Хоруғ қарор дорад, беҳтар ба роҳ монда шаваду корҳои фаҳмондадиҳӣ барои пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои муташаккил дар қаламрави Бадахшон бештар гарданд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз кашол ёфтани иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар вилоят, махсусан дар шаҳри Хоруғ изҳори нигаронӣ намудааст.

Нигаронии раисиҷумҳур дар ҳолест, ки тибқи иттилои Вазорати мудофиаи Тоҷикистон нақшаи даъвати ҳарбии ҷавонон то 31-уми октябри соли равон дар ҷумҳурӣ 83,28% иҷро гардидааст. Аз ҷумла дар ноҳияҳои тобеи марказ 74,1% Суғд- 82,1 %, дар ВМКБ 94,7% ва вилояти Хатлон 98,1 % ва дар комиссариатҳои ҳарбии 4 ноҳияи шаҳри Душанбе 75% -и нақша иҷро гардидааст. Вазорати мудофиаи Тоҷикистон мегӯяд, то 31-уми октябри соли равон якчанд ноҳияи кишвар, аз ҷумла ноҳияҳои Дарвоз, Ишкошим, Мурғоб, Рӯшон, Роштқалъа ва Шуғнони вилояти ВМКБ, шаҳри Норак ва ноҳияҳои Ҳамадониву Ҷиликӯли вилояти Хатлон, ҳамчунин шаҳри Қайроққум ва ноҳияи Ғончии вилояти Суғд нақшаи даъвати тирамоҳиро 100% иҷро намуданд. Ноҳияҳои Истиқлолу Шаҳристони вилояти Суғд ва ноҳияҳои Балҷувон, Хуросон, Темурмалик ва шаҳри Қурғонтеппаи вилояти Хатлон нақшаи мазкурро барзиёд иҷро карданд.

Мавсими тирамоҳии даъвати ҳарбии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ҳамасола аз 1 октябр оғоз гардида, то 30 ноябр идома меёбад.
Мӯҳр
КОРХОИ ФАХМОНДАДИХИ ин чи бошад?Мухтарам рохбарон кани зудтар фахмонед чи.Фахмонед,ки чи тавр дар фасли зимистон мардум бе барк,оби гарм,газ зиндагони карда метавонад?Чи хел бо ин хел оиликхои давлати ва нафкаи ночиз зиндаги кардан мумкин?Фахмонед,ки чи тавр як гурух рохбарон руз аз руз бо рохи горату дузди бой шуда истодаанду,мардуми бечора боз камбагалтар.Ман метавонам боз даххо саволи дигар дихам.Кани як фахмонед чи мани беакли нодонро.Ха боз аз хотиратон набаред маро девона баровардан.

Ватандӯст
Бародарон ва хоҳарони азиз, мардуми шариф ва баномуси Бадахшон ва аз ҷумла шаҳри Хоруғ. Дар замони Шӯравӣ мардуми Бадахшонро бо маърифати баланду саводнокӣ ва маълумоти олиашон ҳама мешинохтанд эътироф ва ҳурмат мекарданд. Мутаасифона имрӯз қисме аз мардуми Хоруғро бо силоҳдорӣ ва ё машғул будан бо маводи мухаддир мешиносанд. Нигаронии Сарвари Давлатамон аз ин корҳои номатлуб беҳуда нест. Зеро, ки Пешвои исмоилиёни ҷаҳон Аълоҳазрат Шоҳ Карим ал Ҳусайнӣ (Оғохони 4) низ гаштаю баргашта такрор менамояд, ки "касе бо силоҳ ва маводи мухаддир ғайри қонунӣ сару кор дошта бошад, он кас аз муридони Ман нест". Наход, ки мардуми шарифи Хоруғ барои фоидаи се чор каси бе нангу номус шуда ба нангу номуси худ ва номи Имоми худ доғ оранд. Не, ҳаргиз ин тавр набояд бошад. Шукронаи ОЛЛОҲ, ки мардуми Бадахшон нисбати дигар минтақаҳои Ватанамон аз барқ танқисии камтар доранд, Худо хоҳад НОБҳои Себзор ва Санобод ба кор дароянд, корхонаҳои саноатӣ ҳам ба кор медароянд.Роҳҳо ба чор тарафи дунё кушода шуданд, биёед ношукрӣ накунем. ИНШООЛОҲ баъди ба кор даромадани НОБи Роғун дар Тоҷикистон вақтҳои наздик дигар мушкилоти барқ абадан ҳал мешавад. Пас биёед бародарон мо ҳам мисли мардуми дигар минтақаҳои Тоҷикистон даст ба созандагиву ободкорӣ занем, на чизи дигар.

Мехр
Чавонони Точикистон ва махсусан Бадахшон бехтарин хисси ватанпарасти ва точикиро табиатан сохиб хастанд. Факат адолатро ба рох мондан лозим. Вале силоҳи оташфишон, ки ҳоло ғайриқонунӣ дар дасти одамоне, ки ба худ нигох медоранд ба чомеаи мо ва хаёти худи онхо хатар меоранд.

шохид
БА ВАТАНДОР МЕХЕЗИ,КИ ХОВИ....ЧИ ХЕЛИ ХАММААШ НАГЗ МЕША??? КАЙ???БО ИН ХУКУМАТ ВА БОИН
МАСУЛО??? БУЗАК БУЗАК НАМИР,КИ БАХОР МЕОЯД....

Ватандусттарин
Ватандуст! Аз навиштахот маълум, ки дар ичрои вазифаи, ба ивази 3 танга вичдонатро хам фурухтаи! Чаро аз хакикати хол сухан намерони?? Сарчашмаи хамаи касофати дар кучост, кудаки богчарави Точикистони хам медонад, чи хочати халкро бе далел бо киеси худ гухагоркор хондан?? Писарарони Хукумов бо ярок мегарданд, (шояд фарзандони дигар хешу табори райсон хам монанди онхо бошанд) гунахгор чавонони Бадахшон!!??
У конуншиканихое ки дар пойтахт аз тарафи фарзандони амалдорон содир мешаванд ва бе чазо мемонанд, ягон чавони Бадахши содир намекунад. Наход хабардор нестед, ки дар асл ки бо маводи мухадир сару кор дорад??? Дигар чизеро ба шумо едовар мешавам, дар замони шурави ингуна беисофи, беадолати, фасоди вучуд надошт. Хато чупоне дар карияи Чавшангоз дилаш пур буд, хукумат дар пушту панохаш аст, на фикри гораташ, ки аз Олимхон магит хам гузаронанд. Худоро шукр, маърифату саводноки, баномуси гурури милли чавонони Бадахшон побарчост,

Ватандусттарин,
рост гуфти бародар гаира паронданд хеч чазо мазо надиданд агар ин одиса дар хоруг мишид бо туп туфанг кати ба пеш ХУДОЁ моро дар панохат нигах дор ОМИН Ё РАБЪАЛ ОЛАМИН

токидор
МЕДОНЕМ помирихо тарафдори Президентанд ва бисераш мехоханд азмушклоташон бевосита гап занан.лек намемонаншун. Бисер гапхо дар бораи поирихо тумати нохак аст

ман хайрон мешавам чаро хисоботхои бардуруг медихед хозир рахмон аз вмкб норозиги кар боз мегуян накша ичро шуд чи даркор дуруг гуфтан токай рахмона фиреб мекуне

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)