Бахшҳо

Ҳизби аграрӣ дар остонаи интихобот аз узвияти 441 аъзои нав хабар дод

Ҳизби аграрии Тоҷикистон (ҲАТ) мегӯяд, дар ҷараёни сафари кории Рустам Латифзода, муовини аввали раиси ин ҳизб ба вилояти Суғд сафаи аъзоёнаш бештар шудаанд.

Тавре аз дафтари матбуотии ҲАТ гуфтанд, ин сафар 20 октябр шурӯъ гардида, то 1 ноябр идома кард ва дар ҷараёни он Рустам Латифзода аз ҳама шаҳру навоҳии вилояти Суғд дидан кардааст. Ба иттилои манбаъ, дар ин сафар аслан масоили омодагии Ҳизби аграрӣ ба интихоботи парлумонии соли 2015 матраҳ шудааст. “Моҳи ноябр дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ конфронсҳои ҳизбӣ дар назар дошта шудааст, ки дар онҳо вакилон ба Анҷумани VI-и ҲАТ ва номзадҳо ба ҳавзаҳои якмандатӣ ва ягонаи ҷумҳуриявӣ пешбарӣ хоҳанд шуд”,-афзуд манбаъ.

Дафтари матбуотии ҲАТ мегӯяд, аснои сафари кории Латифзода ба ноҳияҳои Расулов ва Кӯҳистони Масчоҳ шӯъбаҳои ҲАТ таъсис гардид ва “айни ҳол дар тамоми шаҳру навоҳии вилоят, ба истиснои шаҳри Истиқлол, кумитаҳои иҷроияи ҲАТ фаъолият дошта, беш аз 14 ҳазор аъзоро муттаҳид мекунанд. Дар ноҳияҳои Спитамен, Ғончӣ, Ҷ. Расулов ва Исфара ба 441 нафар аъзоёни нав билетҳои ҳизбӣ супорида шуд”.

Манбаъ таъкид мекунад, дар суҳбат бо муовини раиси ҳизб кишоварзони вилояти Суғд бештар атрофи масъалаҳои низоми андозбандӣ дар соҳаи кишоварзӣ, таъминоти моддию техникии хоҷагињои деҳқонӣ, дастрасӣ ба қарзҳои имтиёзноки бонкӣ ва хизмати машваратӣ, бунёди корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзон суҳбат кардаанд: “Латифзода Рустам қайд кард, масълаҳои мазкур масъалаҳои меҳварӣ буда, ба лоиҳаи Барномаи интихоботии ҳизб дохил шуда, афзалиятҳои фаъолияти роҳбарият ва ҳар як аъзо мебошанд”.
Мӯҳр
Дарвеш
Инхо то гузаштани интихобот гашту гузор карда ваъдахои хушку холи медиханд, андоз аз ин хам зиёд шавад хам сухане намегуянд

11
Чунин хизб ое хаст?Хизбакон дар ъарафаи интихоботхо як чилва карда сохиби курсихои ба он хо додашуда шуда дигар ба хомуши мераванд ва то инт-и оянда.

ХАТ-нею яке аз шохахои хизби хотим!!!!!

Афанди
441 бонус аз ххдт.......хахаххааааааааааа wink

Ситора
Гайр аз Хизби Нахсати Исломи Дигар Хамаи Хизбхо Хизбхои Хукумати Яне тарафдори Хизби Халкии Думократи Точикистон мебошанд Бовар кунед Бародарони Мусулмон Илтимос чоп кунед

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)