Бахшҳо
05 ноя 2014 12:05Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Шикояти ронанда аз таъхиркорӣ дар гирифтани “права” ва шарҳи масъули БДА

Ислом Ҳалимов, сокини ноҳияи Файзобод аз таъхиркории Бозрасии давлатии автомобилӣ барои бозпас гирифтани ҳуҷҷати ронандагияш шикоят мекунад.

Ӯ рӯзи 5 ноябр ба “Озодагон” гуфт, 23 сентябр нозири БДА бо иттиҳоми баланд будани суръати мошин дар ҳудуди шаҳри Душанбе ҳуҷҷатҳои ронандагияшро гирифт, аммо то ҳол муваффақ нашудааст онро дубора дарёфт кунад. Ҷаноби Ҳалимов афзуд, тибқи муқаррарот мебоист ҳуҷҷати ронандагии ӯро ба ноҳияи Файзобод ирсол мекарданд, аммо ин иттифоқ наяфтод. Бар илова ҳар боре, ки ба Бозрасии давлатии автомобилӣ муроҷиат мекунад, ба ӯ ҷавоби дурусте намедиҳанд: “Ба Душанбе меравам, мегӯянд, ҳуҷҷатҳоят бояд ба Файзобод расида бошад. Дар он ҷо мегӯянд, чизе наомадааст. Ҳамин чанд рӯз пеш рафта будам, Бойсариев Илҳомиддин, ки ҳуҷҷатҳои маро гирифт, мегӯяд, тавассути почта дер меравад. Ростӣ хеле саргардон шудем. Боз ин ҳама равуо ба вазъияти иқтисодии мо бетаъсир намемонад”.

Ислом Ҳалимов мегӯяд, чанд ронандаи дигар низ ба ҳамин мушкил мувоҷеҳанду бо гузашти беш аз як моҳ наметавонанд ҳуҷҷати ронандагии худро бозпас бигиранд: “Як ҳамсояи дигарамон аз ду моҳ зиёд шуд, ки ҳуҷҷатҳояшро пайдо карда наметавонад”.

Дар ҳамин ҳол, Илҳомиддин Бойсариев, як масъули БДА, ки ба қавли Ислом маҳз ӯ ҳуҷҷатҳояшро гирифтааст, дар суҳбат ба “Озодагон” таъхиркорӣ дар ирсоли санадҳои ронандаҳоро ба “почта” рабт дод: “Ин айби мо нест, ин ҷо мо менависем, пртокол мекунем ва тавассути почта мефиристем. Почта дигар дар ваколатҳои мо нест. Бо почта то як ду моҳ рафта мерасад”.


Дар акс: Ислом Ҳалимов
Мӯҳр
Магар Файзобод дар Мерих аст,ҷаноби Илҳомиддин Бойсариев ? Воқиан мансабдорони мо дар бештари вақт чандон аз масъулият шинос нестанд ва ҳамеша камбудди худро болои дигарон борандози мекунанд,ин хеле зишт аст ...

.
Чор сума медодиш намешид хдта ика азоб мети....

Мехр
Дуруст кайд карда шудааст. Дар ин чо айби корманди БДА низ нест, ки ронандагон саривакт Праваи худро пайдо карда наметавонанд. Ба фикрам конун дар кадом минтакаи Точикистон вайрон карда шуд, новобоста аз махалли сукунат, бояд хуччатхои ронандаги дар хамон шуъбаи БДА нохия ва шахр нигох дошта шавад, саргардони ва нофахмихо дигар намешавад.

ронанда
Бародар мо хучатхои ронандагии худро аз ш Рогун ба Душанбе 3мох интизор шудем дар талон чойи печаткуни намонд

суман
Хамон сума надод, ки ин ин кадар овораш кард акаи Бойсариев

Ин бародар на танхо бо шумоен балки дар худи Душанбе ва нохияхои он низ хамин тавр аст. Ман ба кормандони мачаллаи 《Озодагон》як савол дорам. Аз рохбарияти БДА пурсон мешуданд, ки шаходатномаи ронандагии шахрванди дар холати вайрон кардани коидаи рох дар асоси кадом санади меъерии хукуки дар назар дорам конун е санади меъери аз чониби кормандони бозрасии автомобили гирифта мешавад? Протокол ин санаи меъери нест он дар асоси Кодекси маъмурии Чумхурии Точикистон тартиб дода мешавад ва дар ин Кодекс гирифтани шаходатномаи ронандаги (права) муайян нашудааст ва дар он танхо тартиб додани протокол ва ситонидкри чарима муайян карда шудааст. Дар конунгузории милиса, коидахои ро ва гайра низ муайян карда нашудааст. Пас ба ронандагон маълум нест, ки чаро корманди БДА хуччати ронандагиро мегиранд??????? Имконият бошад дар бораи хамин як макола ба таб мерасонидед хуб мешуд!!!!

Dev
Kajf po tadzhikskij. Chi pochtai tojik maktubu bastahoro bo sangpusht mebarad?

ризо
Dev,
Dev,

Бе дакументь хубай дига чира мегиран

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)