Бахшҳо

Эмомалӣ Раҳмон: Нақзи Сарқонун нооромӣ меорад

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҳамоиши рӯзи 5-уми ноябр бахшида ба 20-умин солгарди қабули Сарқонун аз эҳтимоли нооромию ихтилофҳо дар кишвар ҳушдор дод.

Ӯ таъкид намуд, ки нооромию ихтилофҳо дар заминаи нақзи меъёрҳои Сарқонун ба вуҷуд меоянд: “Мо имрӯз шоҳиди ҳол ҳастем, ки дар баъзе кишварҳои ҷаҳон бинобар сарфи назар гардидани меъёрҳои Конститутсия ва қонунгузорӣ ва риоя накардани онҳо давлату ҷомеа ба хатарҳои вазнин ва мушкилоти сангин рӯбарӯ гашта, гирифтори ихтилофҳои мафкуравию мазҳабӣ ва бархӯрди манфиатҳои сиёсиву иқтисодӣ гардида, ҳатто хатари парокандагӣ ва тақсимшавии давлатҳоро ба миён овардааст.”

Раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид намуд, ки нооромиҳои солҳои 90-ум халқи Тоҷикистон низ дар пайи поймол гардидани меъёрҳои конститутсионӣ ба вуҷуд омада, афзуд, ки халқи тоҷик оқибатҳои даҳшатноку фоҷиабори мухолифати мусаллаҳона ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро бо чашми худ дид ва ин моҷаро давлати моро қариб ба вартаи нобудшавӣ оварда расонид: “Мо бояд инро ҳаргиз фаромӯш накунем ва ба ҷавонони имрӯза низ талқин намоем. Бадхоҳони миллати тоҷик тавассути ба роҳ андохтани низои дохилӣ ва бозиҳои сиёсӣ тавонистанд миллати тоҷикро ба гирдоби мухолифати сиёсӣ ва муқовимати мусаллаҳона кашида, ҳазорон нафарро қурбони манфиатҳои ғаразноки худ гардонида, зиёда аз як миллион нафар сокинони кишварро ба муҳоҷирони дохилӣ ва фирориён табдил диҳанд.”

Эмомалӣ Раҳмон бо зикри солҳои нооромӣ таъкид намуд, ки маҳз қудрати ваҳдатсози Сарқонун буд, ки дар асоси меъёрҳои он мо Комиссияи оштии миллиро таъсис додем ва қарорҳои он тавассути мақомоти олии конститутсионӣ - Президент, Маҷлиси Олӣ ва Ҳукумати кишвар амалӣ гардиданд: “Метавон гуфт, ки механизми зикргардида бозёфти нодири ҳалли низои дохилӣ мебошад.”

Ӯ ин усули дастёбӣ ба оромиро дарси ибрат хонда, илова намуд, ки он метавонад ба ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ ҳамчун усулу имконоти бо роҳи гуфтушунид ва дар чорчӯбаи қонун ҳал намудани ихтилофоти дохилӣ дастурамал шавад.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон илова изҳори боварӣ намуд, ки мардуми кишвар дигар намегузоранд, ки андешаву ғояҳои ифротиву бегона вориди мафкураи ҷомеаи мо гашта, ваҳдати миллиамонро халалдор созанд: “Барои ин ба мо зарур аст, ки танҳо дар чорчӯбаи Конститутсия ва қонун зиндагӣ карда, барои амалишавии ҳадафҳои стратегии давлат пайваста кӯшиш намоем ва мардум, хусусан наврасону ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва эҳтирому риояи қонун тарбия кунем.”
Мӯҳр
Ворис
то вакте махалчиги хаст аз конун ва риояи он харф задан даркор нест

Далер
Мухтарам Чаноби Оли То кай Шукрона карда гардем Охир кариб 2 млн Точик дар Мухочирати мехнати кор ва фаолият аз зану фарзандонашон чудо зиндаги доранд 23 сол шуд Шукрона кардем Оё ягон бор ягон Вазири шумо фикри 2 млн Точикро кардааст Харгиз Не То кай ин давом мекарда бошад Агар шумо коргарони Хифзи Хукукро фармон дихед ки Сала биёранд Онхо кала меоранд Безор Шидем аз хамин Зиндачудои Сабр кунед нагз мешавад 23 сол сипари шуд То Охири умр Шукрона карда гардем

шахрванд
Мардуми точик боз 23 сол хаст,ки бе барк хастанд,магар ин накзи хукукхои шахрвандхо нест? ТО ИН БЕ БАРКИ ДАВОМ МЕКАРДА БОШАД?. Охир 5сол пеш ваьда карда буданд,ки бе барки дар Точикистон афсона мемонад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)