Бахшҳо

Иброҳим Усмонов: Ҳукумат ба одатҳои исломӣ мухолифат накунад (ВИДЕО)

Сипеҳри КАРОМАТУЛЛО

Хабарнигори “Озодагон” дар остонаи 22-юмин солгарди иҷлосияи 16-ум, ки дар матбуот бо номи “иҷлосияи тақдирсоз” ном бурда мешавад, бо Иброҳим Усмонов, мушовири пешини раисиҷумҳури Тоҷикистон мусоҳибае анҷом дод ва суоли нахустин ҳам ин буд, ки чаро баъди ин ҷаласа ҷанг дар Тоҷикистон қатъ нашуд?

Иброҳим Усмонов: “То соли 1992 дар Тоҷикистон ҳукумат набуд. Иҷлосияи 16-ум ҳукумат ташкил кард ва дар ҷамъбасти яксола маълум шуд, ки ҳукумат вуҷуд дорад. Тоҷикистон аз беҳокимиятӣ қадам ба сӯйи ҳокимиятдорӣ гузошт. Албатта, на дар ҳама ҷо ин ҳукуматро эътироф мекарданд, вале эҳсос мешуд, ҳукумат вуҷуд дорад. Дар он вақт ҳамсояҳо муайян карданд, ки бо кӣ гап мезананд ва қувваҳои мухолифин дар авоили моҳи декабр хостори гуфтушунид бо ҳукумати нав шуданд. Яъне, дар зарфи як соли аввал ҳукумат худашро нишон дод, аз ин лиҳоз гуфтан, ки ваъз бадтар шуду беҳтар не, ғалат аст.

Вазъият замоне бадтар шуд, ки иҷлосияи 16-ум давом мекард. Маҳз дар ин вақт бо тавтеаи касе ё гуруҳе - гуруҳи дохилӣ аст ё хорҷӣ дар ин маврид ҳозир баҳс карда наметавонем – даҳо ҳазор нафар аз води Вахш, яъне аз навоҳии Панҷ, Қубодиён, Қумсангир, Шаҳритус, Бешкент ба Афғонистон гузашт. Он вақт дар он ҷо на ҳукумати Раҳмон Набиев фаъолият мекард ва на мухолифин. Кӣ онҳоро ба по хезонд? Ин суол муҳим аст! Ин суол бояд рушан шавад, вақте маълум кардем, баъд дақиқ мешавад, ки вазъ бадтар шуд ё беҳтар. Бинобар ин, иҷлосияи 16-ум воқеан таърихӣ ва созанда буд. Созанда ба он маъно, ки давлати моро аз нобудӣ нигоҳ дошт. Сухан сари давлат аст, на ҳукумат, чун Тоҷикистон қариб давлаташро аз даст дода буд”.

Озодагон: Ба таъкиди Шумо баъди иҷлосияи 16 мардум “бо тавтеаи касе ё гуруҳе ба Афғонистон фирор карданд. Яъне, маҳз баъди ташкили ҳукумати ба истилоҳ нав ин ҳодиса иттифоқ афтод…

Иброҳим Усмонов: “Мардуми зиёде аз води Вахш Тоҷикистонро тарк карданд. Он қувваро кӣ таҳрик дод, кӣ ба сари мардум фишор овард, то мардум Тоҷикистонро тарк кунад? Ҳоло ҳеҷ кас ба ин чиз баҳо надодааст. Дар ВАО-и мустақил ва расмӣ имрӯз қаҳрамонҳое пайдо шудаанд, ки росту дурӯғ сухан мегӯянд, ҳол он ки ин чиз омӯхта нашудааст. Як гуруҳ ба тарафи ҳукумат сангандозӣ мекунад, гуруҳи дигар ба тарафи мухолифин, аммо ҳеч кас наметавонад бигӯяд, кӣ кард. Масалан, пиразане, ки ба вай на ҳукумат кор дошт ва на мухолифин ба он сӯйи марз рафт. Он замон киро душман эълон карда буданд. Чун дар он рӯзгор мардуме, ки аз марз ба сӯйи Афғонистон гузаштанд, ба мухолифин наздик буданд. Ҳукумат бошад, дар Хуҷанд буд, дар онҷо ҳеч кас ба ҷанг шарик набуд. Ҳоло дар даст санад надорам, ки гӯям, фалон қувваҳо инҳоро таҳрик карданд. Албатта, қувваҳои ташкилкунанда ба ҳукумат ҳам такя мекарданд, шояд ба мухолифин ҳам такя мекарданд, ба қувваҳои дохилӣ ҳам такя мекарданд, ба қувваҳои таъриxӣ низ такя мекарданд, аммо илми омӯзиши ин замон ба ҳадде нарасидааст, то ба ин ҳодисаҳо баҳо диҳем”.

Озодагон: Аммо кишварҳои дигар дар ин моҷаро нақш доштанд? Масалан, Узбакистон ва ё Русия?

Иброҳим Усмонов: “Маъмулан мегӯянд: “дарвозаатро маҳкам кун ва ҳамсояатро дузд нагир”. Ман он замон дар матбуот навишта будам, ки яке аз гунаҳкорони ин воқеаҳо Эрон аст. Чунки пуштибони қувваҳои мухолифин Эрон буд. Он вақт ақидае ҳам буд ва мегуфтанд Узбакистон ё Русия даст дорад. Мардум аз рӯйи диди худ менавишт. Инҳо дахл доштан ё не, ман бори дигар такрор мекунам, касе аз рӯйи санад собит накардааст. Ҳеч роҳбар ё қумандоне, ки дар ҷанг ширкат дошт то ҳол иқрор накардааст, ки тарафе дар ин кор кумакашон кард”.



ДАР БАРГУЗОРИИ ИҶЛОСИЯИ 16 УЗБАКИСТОН БЕВОСИТА ШИРКАТ КАРД

Озодагон: Баъди иҷлосияи шонздаҳум ҳукумати ба истилоҳ қонунӣ ташкил шуд ва худи Шумо ҳам дар ин ҳукумат ба кор оғоз кардед. Оё дар дохили ин ҳукумати нав шахсиятҳои норозӣ пайдо шуданд?

Иброҳим Усмонов: “Бубинед, баъди он ки ҳукумати нав ташкил шуд, дар зарфи чаҳор соли аввал Тоҷикистон чаҳор сарвазирро иваз кард. Аз соли 1992 то 1994 чаҳор сарвазир- Абдумалик Абдуллоҷонов, Самадов, Каримов ва Яҳё Азимов иваз шуд. Ҳар сол як сарвазир иваз мешуд. Ин нишони он буд, ки ҳанӯз дар ҳукумат барои қуввае, ки дар дохили ҳукумат ҳаст, ба ҷараёне, ки дар дохили ҳукумат ҳаст, боварӣ набуд. Дар ин муддат вазирҳо зуд-зуд иваз мешуданд. Барои чӣ? Барои он ки ба вазифаи таъйиншуда мувофиқат намекарданд ва иваз мешуданд. Дар худи маҳалҳо афроди норозӣ зиёд буд ва ба ҳукумат бовар надоштанд. Агарчи қадам ба қадам ҳукумат пеш мерафт, вале дар маҳалҳо бовар надоштанд. Чунки солҳои 1993-1995 истеҳсолот надоштем. Ягон соҳа кор намекард ва мардум намедонист, ояндааш чӣ мешавад”.

Озодагон: Чеҳраҳое, ки Шумо ном бурдед ба ҳукумат бовар надоштанд ва ё ҳукумат ба онҳо эътимод надошт?

Иброҳим Усмонов: “Инҳо аз кор холӣ карда шуданд. Ҳеч кадом аз ин шахсиятҳое, ки ном бурдам, ихтиёран аз вазифа нарафтаанд. Онҳоро Шӯрои олӣ бо пешниҳоди сардори давлат иваз кард. Яъне, онҳо вазифаи ҳамон давраро иҷро карда натавонистанд. Вазифае, ки барои ба охир расонидани ҷанг ба душашон гузошта шуда буд, иҷро карда натавонистанд. Зурашон барои иҷро кардани ин вазифа нарасид. Касе ба онҳо халал расонд. Барои он ки ин халалрасониро дарк кунед, як нуктаро зикр мекунам. Пеш аз иҷлосияи 16-ум дар иҷлосияи 15-уми Шӯрои олӣ тамоми қувва ба он нигаронида шуда буд, ки Раҳмон Набиевро аз вазифа сабукдӯш кунанд. Мухолифине, ки дар сессия ҳузур дошт, тамоми фикрашон ба он буд, ки Набиевро аз кор холӣ кунад. Сессия дигар тақрибан вазифа надошт. Барои ин баромади сиёсӣ дар сессия табъан ба муқобили мухолифин буд. Норозигӣ ва ҷанге, ки дар мо авҷ гирифт, яку якбора қатъ карда намешуд. Фурсат лозим буд, ки он қатъ шавад. Душману дӯст тақсим шуд. Он системае, ки дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ пеш гирифта шуд, роҳи дуруст буд. Ҳам аз нигоҳи кадрӣ, ҳам аз нигоҳи ҳарбӣ ва ҳам аз нигоҳи иқтисодӣ. Аммо барои пешрафти иқтисод ҳеч кор набуд. Дараҷаи аввали кор сулҳ буд, ки мардум ба ҳам ояд ва соҳиби дару хонаи худ шавад.

ҚУВВАҲОИ РАСМИИ ТОҶИКИСТОН БА УЗБАКИСТОН ВА РУСИЯ ТАКЯ МЕКАРДАНД

Озодагон: Бархе таъкид мекунанд, дар баргузории иҷлосия нақши ду давлат - Узбакистон ва Русия калидӣ буд.

Иброҳим Усмонов: “Дар баргузории иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ Узбакистон бевосита ширкат кард. Шумо гумон накунед, ки дар дунё ягон давлате ҳаст, ки дар онҷо ҷанг давом дораду худаш ба худаш омада ҳал кунад. Барои он ки дар Афғонистон мардум ба иҷлосияашон даъват шаванд, соли 2001 дар Бони Олмон ҷаласа барпо карданд, ки байрақбардори он амрикоиҳо буданд. Дар Либия ва Гурҷистон низ амрикоиҳо буданд. Қувваҳои расмии Тоҷикистон он вақт ба Узбакистон ва Русия такя мекарданд. Сухан на фақат дар бораи Эмомалӣ Раҳмон меравад, балки дар бораи Акбаршо Искандаров ҳам меравад. Дар он замон Акбаршо Искандаровро Русия дастгирӣ мекард. Мухолифин, ки дар муқобили ҳукумат қарор доштанд, ба мамлакатҳои дигар, аз ҷумла ба Ҷумҳурии исломии Эрон такя мекарданд. Бе такягоҳ ҳеч кас дар ҳеч кучо ба чизе нарасидаст.

Яке аз қувваҳое, ки ба иҷлосияи 16-ум даъват мекард, Фронти халқии Кӯлоб бо раҳбарии Сангак Сафаров буд. Дар ин маврид ин гуруҳ борҳо бо вазири корҳои хориҷии Русия Козирев, намояндагони Узбакистон гуфтугӯ доштанд. Гуруҳи дигар, ки қаблан дар ҳукумат буданд, бо раҳбарии Сафаралӣ Канҷаев талош мекарданд, то иҷлосия баргузор шавад. Сафаралӣ Кенҷаев то иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ худро раиси Шӯрои олӣ ҳисоб мекард, иҷлосияи 15-и Шӯрои олӣ расман ӯро аз вазифа холӣ кард ва ӯ аз Тоҷикистон рафт. Вале қувва ҷамъ кард, барои он ки аз кор холӣ шуданашро ғайриқонунӣ меҳисобид. Моҳи сентябр Раҳмон Набиев ҳам аз кор холӣ шуд, ин гуруҳ ҳам барои баргузории иҷлосия тайёрӣ медид ва ин гуруҳ ҳам ба Русияву Узбакистон такя мекард. Худи Акбаршо Искандаров, раиси вақти Шӯрои олӣ ҳам аз таъсири Русия ва Узбакистон озод набуд. Ҳамаи ин қувваҳо заминаи баргузории иҷлосияро гузоштанд. Азбаски минтақае, ки дар онҷо иҷлосия баргузор гардид, ба Узбакистон наздик буд, ба ин раванд бештар дахолат кард”.

Озодагон: Дар аввал барои ин ду кишвар Сафаралӣ Кенҷаев нафари боътимод ба ҳисоб мерафт, ба вижа барои Узбакистон. Вале чаро дар як они воҳид нафари дигар ба ҳайси раиси Шӯрои олӣ муаррифӣ гардид, барои ин кишварҳо чеҳраи нав лозим буд?

Иброҳим Усмонов: “Ман гумон мекунам, дар инҷо шахсиятҳои интихобшуда асос набуданд. Асос минтақаи пешбарандаи муқовимати сиёсӣ буд. Азбаски дар муқовимати сиёсӣ мардуми минтақаи Кӯлоб бештар иштирок доштанд, қувваи пешбаранда ба муқобили ҳукумати муваққатӣ ва ба муқобили қувваҳои диние, ки ҳукумати муваққатӣ каму беш ба он такя мекард, онҳо буданд. Яъне, онҳо бештар дар ҷанг саҳим буданд. Пас хоҳу нохоҳ ба онҳо такя мешуд. Барои ин роҳбари минтақаи Кӯлобро ба сифати роҳбари Тоҷикистон пазируфтанд. Дар он шабу рӯз Эмомалӣ Раҳмон раҳбари вилояти Кӯлоб буд. Такрор мекунам, азбаски қувваи пешбаранда дар ин муқовимати сиёсӣ минтақаи Кӯлоб буд, аз ин минтақа шахсияти аввал ба сифати роҳбари Тоҷикистон таъйин шуд. Албатта касе таъйин накардааст, балки иҷлосия таъйин кард. Дар иҷлосия руҳияи асосиро кӣ ифода мекард? Ҳамон Фронти халқие, ки аз минтақаи Қӯрғонтеппа мухолифатро хориҷ карда буд”.

МО БО ШИОР ЗИЁДТАР ЗИНДАГӢ МЕКУНЕМ

Озодагон: Дар инихоботи президентии солҳои 90-ум Шумо шахси боэътимоди Раҳмон Набиев будед. Он замон тарафдори мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ ҳам будед ва аз ин нигоҳ ба неруҳои рушанфикри ҷомеа наздиктар будед. Чаро дар интихобот аз номзадии Давлат Худоназаров пуштибонӣ накардед?

Иброҳим Усмонов: “Ман аввалин шахсе ҳастам, ки пешниҳод кардам, дар Тоҷикистон ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шавад. Он ки ман ё каси дигар ҳамроҳи Давлат Худойназаров буд ё на ҳеч рабте ба рушанфикр будани ман ё каси дигар надорад. Рушанфикр ин ҳамроҳи Давлат Худоназар будан ё набудан нест! Давлат Худоназаров ҳам монанди ман рушанфикр буд. Ӯро эҳтиром мекунам, коргардони синамои барҷастаи мо аст. Аммо ман он одамро ҳамчун сиёсатмадор намешинохтам. Вай сиёсатмадор набуд. Вай одами соҳаи фарҳанг буд. Ӯро қувваҳои мухолифин ҳамчун қувваи сиёсат пеш буранд. Давлат Худоназаров, депутати халқии ССР буд, дар Маскав эътибор пайдо кард, аз ҷумла вай ба гуруҳи либерал-демократҳо, ки Собчак ба ин гуруҳ роҳбарӣ мекард, ҳамақида буд. Бо даъвати Давлат Худоназаров, Гулрухсор ва Сангинов, Собчак барои ҳалли буҳрони сиёсӣ ба Тоҷикистон омад. Яъне, вай ин гуна шахсият буд. Назди ман аз штаби интихоботии Давлат Худойназаров нафаре омад ва даъват кард, вале гуфтам, алакай ба Раҳмон Набиев розигӣ додам, ки шахси боваринокаш бошам, лекин ман бовар надорам, Давлат Худоназаров барои Тоҷикистон аз Раҳмон Набиев беҳтар кор карда тавонад”.

Озодагон: Шумо ҳамчун шахси боэътимоди Раҳмон Набиев таассуф намехӯред, ки ҳукумати он дер напоид ва шикаст хӯрд?

Иброҳим Усмонов: “Ман аз як чиз мутаасифам, ки мо бо шиор зиёдтар зиндагӣ мекунем. Дар он вақт ва ҳоло низ. Барои мо шиор аз ҳама чиз муқаддастар шудааст. Дигар ҳамааш ҷараёни одии давлатдорӣ буд. Раҳмон Набиев метавонист кор кунад, агар шиорбозиву митингбозиҳо намебуданд”.

Озодагон: Бори ихир Раҳмон Набиевро кай дидед ва чаро ӯ ба ҳукумати нав напайваст?

Иброҳим Усмонов: “Суҳбати ман дар аввали соли 1993 буд. Суҳбати ман хусусияти сиёсӣ надошт. Мо барои чанд дақиқа ба дидорбинӣ рафтем ва ӯ дар бораи ин ки чаро ба ҳукумати нав наомад сухан нагуфт ва мо ҳам напурсидем, ки чаро ба ҳукумат напайваст. Ҳолати он шахс ҳолати шахсеро мемонд, ки алакай ҳамаи ҳодисаҳоро ба сифати табиӣ қабул карда буд. Он ки чаро наомад ё меомад беҳтар буд ё беҳтар набуд ба вазъияти ҳамон рӯзи Тоҷикистон вобастагӣ дошт. Гумон мекунам, он чи ба амал омад ин кори хуб буд, аммо ин дуруст ба амал омад ё не ин нуктаро ман намедонам, чун дар иҷлосия набудам. Аммо шахсияти нав барои фурунишонии воқеаҳо зарур буд”.

ДАР БОРАИ ИНТИХОБОТ, САТР, НАМОЗХОНИВУ ТИЛОВАТИ ҚУРЪОН

Озодагон: Имрӯз дар ҷомеа бархӯрди дунявихоҳон бо исломгароён мушоҳида мешавад. Дар ин маврид бештар дунявихоҳон ба муқадассоти Ислом метозанду онро зери таҳқир мегиранд ва ҳамчунин фишор рӯйи онҳое, ки ҳиҷоб мепӯшанд ва намоз мехонанд бештар гардидааст. Ба назари Шумо чаро?

Иброҳим Усмонов: “Дар масъалаи тадбиқи Ислом тарафдори онам ки ба намозхонӣ, рӯзадорӣ, закот додан, ҳаҷ рафтан ва тадбиқи инфиродии одатҳои исломӣ ҳукумат мухолифат накунад. Ва ман гумон мекунам, ҳукумат дар ин самт мухолифат намекунад. Ман дар масъалаи идораи исломӣ ҳақиқатеро зикр мекунам. Дар тамоми давраи гуфтушуниди сулҳи Тоҷикон ягон чизе ба масъалаи имони мусалмонӣ дахл надошт. Мо ягон протакол дар бораи он ки одати мусалмонӣ дар Тоҷикистон чӣ гуна шавад, имзо накардем. Чунки ин мавзӯи баҳс набуд. Агар сатр гирифтан ба таври ихтиёрӣ, бе валвалаи матбуотӣ ба роҳ меомад, ин як чизе оддӣ буд, касе парво намекард. Аммо ин хусусияти сиёсӣ пайдо кард.

Масалан, рӯзномаи “Наҷот”- чопи нимаи солҳои 2000-умро бинед, вақте гап дар бораи зан ва духтари боиффат меравад, сурати зани чодардор нашр мегардад, аммо агар дар бораи фоҳишаҳо бошад, акси духтараки рӯяш кушода. Чӣ фоҳиша фақат духтари рӯяш кушода аст? Яъне, муқобилгузории сиёсӣ ба вуҷуд оварданд. Ин албатта ба ҳукуматдорон маъқул нашудагист. Ё дар Душанбе намоз рафтан гӯё як чизи бисёр муҳим шуд. Рӯзи ҷумъа аз кӯчаҳо гузашта намешуд. Ҳеч вақт дар маъракаҳои тоҷикӣ кӯдаки то шонздаҳ сола, ки одамҳои калонсол ҳузур доранд, нишаста тиловат намекард. Дар маъаракаҳо барои тиловати Қуръон онҳо машғул мешуданд. Яъне, ин хусусияти сиёсӣ додан ба раванди оддӣ аст. Бародарони аҳли Ислом хусусияти сиёсӣ намедоданд, шояд ҳама чиз ҳал мешуд”.

Озодагон: Мо дар арафаи интихоботи парлумонӣ қарор дорем ва ҳарфу ҳиҷо дар робита ба шаффоф гузаштани интихобот матраҳ аст. Ҳатто Иттиҳоди Аврупо ба ивази кумаки зиёди молӣ аз ҳукумат хостааст, интихоботи шаффофро доир кунад. Ба назари Шумо то чӣ ҳад интихобот шаффоф ва озод мегузорад?

Иброҳим Усмонов: “Барои доир шудани интихоботи шаффоф ҳизбҳои нерӯманд лозим аст. Дар интихобот мардум ба ҳизб баҳо медиҳанд. Азбаски дар мо системаи маҷоритарии интихобот вуҷуд дорад, ба баъзе шахсиятҳои машҳур ҳам баҳо медиҳанд. Шахсиятҳои машҳур ва ҳизб дар гирудори сиёсӣ ва иҷтимоӣ намудор мешаванд. Ман дар гирудори иҷтимоӣ ғайр аз намояндагони Ҳизби халқи демократии Тоҷикистон ҳеч каси дигарро намебинам. Дар гирудори давлатдорӣ, вазифадорӣ дар вазоратҳо ва муассисаҳо, ки вазифа надошта бошанд ва фақат ин ҳизб саҳм дошта бошад, дигар аҳзоб ва ҳизбҳо ба таври алоҳида шинохта намешаванд. Дар масъалаи ҳизбҳо ман ду ҳизберо мебинам, ки электорат дорад. Ин Ҳизби халқи демократии Тоҷикистон ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мебошад. Ҳизбҳои дигар ба ҳадде, ки ақалан як миқдори муайян ҷамъ карда тавонанд, қувват надоранд. Онҳо ё ба ёрдами касе эҳтиёҷ доранд ё онҳо ба ғайришаффоф будан эҳтиёҷ доранд. Албатта, имконияти сад дарсад шаффоф гузаронидани интихобот ҳаст. Вале ин тавр мешавад ё не инро интихобот нишон хоҳад дод”.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Восеъи Диловар
Чи лозим сафсата гуфтан!Куввахои панславяни ва пантуркистии дохили дар якчояги бо Руссия ва Узбакистон миллати моро тибки накша катли ом карданд.Хар кучое,ки точики босавод буд катл гардид.Чаро вокеъахои куштори точиконро дар Душанбе моххои декари соли 92,январ,феврал ва марти соли 1993 ба ёд намеоред урток Усмонов.Дар водии Вахш ва сохили Амударё бошад миллати моро бо танку туп ва самолётхо бомбаборон карда ва хамчунин самолётхои Узбакистон Геси Рогунро низ бомба заданд.Чаро инро намегуед?

пр
Как всегда мулоимхунук. Хам дар мех мезанад. хам дар наъл.

Хокирох
Солхои пеш кам- кам фикр мекардам, ки ин Иброхим Усмонов як зиеии бохирад бошад, аммо чанде васеътар назару мавкеъи ин шахсро мехфамам пайдо мешавад, ки ин хам як тарсуи бемавкеъи лаганбардор будааст. Хозир хам метарасад сухани ростро гуяд. Чи хел халк худаш ба Афгонистон рафт? Барои чи намегуяд, катли оми точикон асосан баъди он сесия сар шуда буд. . Точиккуши вахшиена дар Хисор, Душанбе ва гидру атрофи он, Вахдат, Файзобод, Комсомолобод ва водии Гарм хамааш баъди сесия Будд.

Ташаккур мухтарам Усмонов барои равшан сохтани баъзе маълумот.

Holid
Бародарони нохияи вахш ба шумо ое мушкил аст гуед ки чи тавр екуб салимов мардуми раштиро катли ом кард дар вахш ва водор сохт то гуреза шаванд бо танкхои узбакистон имрузхо чазои онро мебинад аммо сад афсус ки кам дВосеъи Диловар,

Чаноби И. Усмонов офарин бар Шумо, ки ин кадар сафсатаву дуруг мегуеду сурх хам намешавед.
Лутфан аз ОЗОДАГОН хохишмандам пас аз иваз шудани хукумат боз хам бо ин саволхо ба эшон мурочиат шавад!

''Дар масъалаи тадбиқи Ислом тарафдори онам ки ба намозхонӣ, рӯзадорӣ, закот додан, ҳаҷ рафтан ва тадбиқи инфиродии одатҳои исломӣ ҳукумат мухолифат накунад. Ва ман гумон мекунам, ҳукумат дар ин самт мухолифат намекунад''sarlavhara xato navistagiyen ,,, ami sayti ozodagona yagon odami leviy upravlyat mekna 4i? sarlavhara ifrotgaroyona navistagiyen!

Хучанди
Агар ин тавр мешуд, мумкин он тавр мешуд, Агар он тавр мешуд, мумкин ин тавр мешуд. Ин чи хели мавкеъ? Ягон гапи мушаххас хаст ми инчо?

99
Шафтолуи гап ҳамин, ки худи шумо баринҳо ба мардуми тоҷик хиёнат кардед ва вақте мерасад, ки ҷавобашро медиҳед!!!
Озодагон чоп кун! Накунӣ аз як хонандаат маҳрум шудӣ!

зиндаруд
Сафедро сиёх гуфтан ва сиёхро сафед гуфтан ва хам сурх нашудан офарин Усмонов.

Ман дар ин торики (бебарки) нишаста фикр мекунам ки то чунин шахсони шафшафгу ва чунин одати мадхиясароиву хушомадгуи дорем, боки то охири дуне то рузи киемат хам дар торики хохем зист. Ба ин масъала камтар торики (на рушани) андохтем. Ташаккур ба сиесати шукрона.
Шокирбой аз Масчох.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)