Бахшҳо

Ташкили ситод барои ҷилавгирӣ аз "дуздӣ"-и овози муҳоҷирон дар интихобот

Иззат Амон, раҳбари иттиҳоди ҷавонони тоҷик дар Русия аз таъсиси як ситоди интихоботӣ дар шаҳри Маскав хабар медиҳад.

Оқои Амон дар саҳифаи Фейсбукаш сабаби таъсиси “Ситоди интихоботӣ-2015”-ро дар пойтахти Русия “фаъол кардани иштироки муҳоҷирон ва ҷалби таваҷҷуҳи онҳо ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ ва назорати раванди интихобот дар қаламрави ин кишвар” гуфтааст. Ба гуфтаи ӯ, ситод аз ҷониби “як гуруҳ дӯстдорони Ватан, ки дар муҳоҷират қарор доранд”, таъсис меёбад. “Албатта ин ситод ба кӯмак ва дастгирии шумо азизон ниёз дорад. Мову шумо набояд иҷоза диҳем, ки ин бор ҳам гуруҳи ҳоким (яъне ҲХДТ) овозҳои мардумро бидуздад. Ҳадаф дорем дар ҳар як нуқтаи овоздиҳӣ дар манотиқи Русия намоянда ва нозир бигузорем, то дуздон овозҳои мардумро надузданд”.

Иззат Амон дар суҳбат бо “Озодагон” иброз дошт, ситод аллакай ҷаласаи аввали худро баргузор кард: “Иштирокчиёни ситод 10 нафар сарназоратчиро интихоб карданд. Ба наздикӣ сарназоратчиҳо ба минтақаҳои гуногуни Русия рафта, барои худ ёрдамчиёнро интихоб мекунанд”. Ӯ инчунин аз фаъолсозии як сомонаи интернетӣ бо номи elections.tj хабар дода афзуд, айни ҳол ба ҷамъоварии мавод барои ин торнамо машғуланд. Ба гуфтаи вай, сомонаи мазкур дар мавриди кори ситод ва фаъолиятҳои онҳо маълумот нашр хоҳад кард.

Интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон моҳи феврали соли 2015 баргузор мегардад.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Шумо ба интихобот чи кор доред, ба кори худ машгул шавед. Хамин мухочирон аз дасти Шумо барин мутахамон саргардон гаштанд. Ба фикрам ин шахс шахрвандии Руссияро дорад, барои хамин супоришхои хочагони худро ичро менамояд. Изхоротхои охири ин шахсро дар сомонаи мазкур як бор назар кунед, бад мефахмед ки ин шахс ки хаст ва ба чи кор дар нохунак машгул аст. Худо нигох дорад аз ин тоифа мутахамон.

Салох
Иззатбои депутатшави чибало, ки пеш аз пода чанг бардоштесаи.

Dev
Jamshed,
Chi kor dorand? Hub kor dorand, hakku haloli har yak tojik ast,ki ba intihobotu kori hukumat fikru akidaashro guyad.Agar onho ba kori hud mashgul shavand, tu ba kori hud(tagorazani) mashgul shavi , mani arobakash kordor nashavam... in hukumat chi kore muvofiki tabi hud asat hamonro mekuinad.Mo 20-u and sol ast,ki shohidi kori hukumati tuem. Tu barinho dushmani halki tojiked.Shumo mehohed tojik hamesha gulom bimonad.Jo tojiki sodai ,ki alakaj ba gulomi uns girifti digar...

Муҳоҷир
Иззат Амон агар ғамхори халқу Ватанаш мебуд муҳоҷирони зиёд - ҳамватанонашро фиреб намедод, ҳайронем, ки ин "ватандӯст" ба интихобот чӣ кор дорад? Ё ки супориши навбатии хоҷагонашро иҷро карда истодааст. Агар ҳамин Иззат Амон ва боз якчанд ҳамибаринҳо набошанд. муҳоҷирони тоҷикро дигар кӣ фиреб медода боша? Рости гап урусҳо нисбати ин хели тоҷикҳои мо боинсофтаранд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)