Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 21 феврал 2019, 04:27

Роҳи “Telenor” ба Узбакистонро 25 ҳазор доллар ҳамвор кардааст?

18 ноябр 2014, 17:51

Ширкати мухобиротии “Telenor” эҳтимол аз тариқи додани пора ба бозори Узбакистон ворид шудааст.

Нашрияи “Klassekampen”-и Норвегия санадеро мунташир кардааст, ки тибқи он ширкати “Vimpelcom Ltd”, ки “Telenor” яке аз саҳмиядоронаш маҳсуб мешавад, барои гирифтани иҷозатномаи фаъолият дар Узбакистон 25 ҳазор доллар пардохт кардааст.

Ба навиштаи расонаҳо ширкати “Vimpelcom” ба ҳисоби ширкати “Takilant”, ки соҳибаш Гаяне Авакян, яке аз наздикони Гулнора Каримова, духтари калони президенти Узбакистон-Ислом Каримов мебошад, пул ворез кардааст. Тибқи навиштаи нашрияи “Klassekampen” раҳбари ширкати “Telenor” ва узви шӯрои директорони ширкати “Vimplecom” аз ҷавоб ба саволи чӣ гуна иҷозатномаи фаъолият дар Узбакистонро гирифтааст, худдорӣ кардааст.

Нашрия афзудааст, қазияи мазкурро додситонии Норвегия дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои Ҳолланд ва Шветсария пайгирӣ мекунанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мухтарам Озодагон ва муаллифи ин макола,
аз хамаи Шумо хохиш менамоям, ки ба хатогихои грамматики ва маънои ахамияти калон дихед!!! Масалан, сарлавхаи макола "Роҳи “Telenor” ба Узбакистонро 25 ҳазор доллар ҳамвор кардааст?" аст. Барои чи пасоянд ё худ суффикси "-ро" ба "Узбакистон" часпондаед? Хол он ки гап оиди фирмаи мобили "Теленор" меравад.. Аз коидаи забони точики истифода бурда, ин сарлавхаро ислох менамоем. Яъне "Роҳи “Telenor”-ро ба Узбакистон 25 ҳазор доллар ҳамвор кардааст?" Баъд аз он тачрибаи номгузории давлатхоро вайрон накунед.
Ташаккур барои диккататон!
Посух додан
  • Мехр

  • 19 ноябр 2014 07:58
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Миллат. Шумо суффикс ва префикс гуфта гаштедия. Мухимаш доллара бехато навистааст.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!