Бахшҳо
19 ноя 2014 11:06Ҳуқуқи инсон

Ҳалокати ду бародар аз Фархор дар ҷанги Сурия

Маҳмудҷон РАҲМАТОВ

Файзиддин Қосимов, сокини ноҳияи Фархор чанд рӯз пеш дар Сурия кушта шудааст. Тобистони имсол аз ин кишвари арабӣ хабари ҳалокати бародари ӯ Сангак расида буд.


Тибқи хабарҳо, чанд рӯз пеш як ҷавони зодаи ноҳияи Фархор дар ҷанги Сурия кушта шудааст. Мақомоти ҳукумати ноҳияи Фархор рӯзи 17 ноябр бо тасдиқи ин хабар гуфтанд, ки ин ҷавон сокини ҷамоати “Гулшан” -и ин ноҳия аст. Ин ҳам дар ҳоле ки тобистони соли ҷорӣ хабари кушта шудани бародари ин ҷавон низ дар ҷанги Сурия расида буд. Рустам Насриддинов, муовини раиси ноҳияи Фархор рӯзи 17 ноябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “хабари кушта шудани Файзиддин Қосимов, писари Сайфиддин Қосимов, аз ҷамоати “Гулшан” –и ноҳия чанд рӯзи пеш ба мо расид. Падараш аз ин ҳодиса бохабар аст.”Ба гуфтаи ҷаноби Насриддинов, “Файзиддин ҳамроҳи бародараш Сангак ва ҳамсараш Саодат чанд соли пеш ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия рафта ва дар ин муддат ба Тоҷикистон барнагаштааст. Онҳо аз Русия ба Сурия рафтаанд, ки аввал хабари кушта шудани Сангак ва ҳамин чанд рӯзи пеш ҳалокати Файзиддин ба мо расид.”

Сайфиддин Қосимов, сокини 70-солаи ҷамоати “Гулшан”-и ноҳияи Фархор низ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ хабари кушта шудани ду фарзандаш дар ҷанги Сурияро тасдиқ кард. Вай гуфт, “Сангак, ки 22 сол дошт, моҳи июл дар ҷанги Сурия ҳалок шуда буд.” Аммо ба гуфтаи амаки Сайфиддин, “хабари кушта шудани Файзиддин, писари дигарам чанд рӯзи пеш ба ман расид.” Амаки Сайфиддин афзуд, “аламамро тоза накунед. Аниқ онҳо фавтидаанд. Хайр чӣ кор кунам, онҳо дар Русия кор мекарданд. Аммо баъди моҳи май дигар бо онҳо сӯҳбат карда натавонистам. Ҳоло аз ин кор ҳеҷ кас огоҳӣ надорад, ҳатто ҳамсарам. Худо накунад, огоҳӣ пайдо кунад.”

Ин сокини ноҳияи Фархор мегӯяд, то охирон лахҳа, замоне, ки хабараши кушта шудани писаронашонро аз мақомот шунидам, фикр мекард, ки онҳо дар Русия кору зиндагӣ мекунанд. Дар ҳамин ҳол, мақомоти корҳои дохилии ноҳияи Фархор низ хабари марги Сангак ва Файзиддин Қосимовро тасдиқ карда ва гуфтанд, ки нисбати ин ду ҷавон, ки дар ҷангҳои Сурия ҷангидаанд, парванда боз шуда ва тафтишот идома дошт.

Тибқи иттилои масъулони ҳукумати ноҳии Фархор, 6 ҷавон аз ин ноҳия дар кишварҳои арабӣ ғайрирасмӣ таҳсил мекарданд, ки аз онҳо як нафараш баргашта ва панҷ тани дигар дар хориҷ боқӣ мондаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, танҳо дар Сурия то 200 нафар аз ҷавонони тоҷик меҷанганд ва то имрӯз дар бораи ҳалокати то 50 нафар аз зодагони Тоҷикистон дар ин кишвари арабӣ гузоришҳо ба даст расидаанд.

Бознашр аз Радиои Озодӣ


Дар акс намое аз дарвозаи Мактаби ҷамоати деҳоти Гулшан, ки Сангак ва бародараш Файзиддин дар он таҳсил кардаанд
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)