Бахшҳо
21 ноя 2014 12:16Тоҷикистон / Сиёсат

Баҳси шарикӣ, демократия ва ҳуқуқи инсон дар мулоқоти Раҳмон бо Григуле

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо Ивета Григуле, роҳбари ҳайати парлумони Иттиҳоди Аврупо доир ба робитаҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ масоили густариши ҳамкорӣ, рушди демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсонро дар Тоҷикистон баррасӣ намудааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар хитоб ба Григеле изҳор доштааст, ки “Иттиҳоди Аврупо дар симои Тоҷикистон метавонад шарики боэътимоди худро дар минтақаи аз нигоҳи геополитикӣ басо муҳими Осиёи Марказӣ, ки дар хатти пеши мубориза бо хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир қарор дорад, дошта бошад”.

Раисиҷумҳур таъкид кардааст, ки “таҳкими муносибот бо Иттиҳоди Аврупо ва сохторҳои он, аз ҷумла Парлумон, яке аз самтҳои афзали сиёсати хориҷии Тоҷикистон аст. Рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, зербино ва амнияти минтақавӣ се самти афзали робитаҳои Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо мебошад.”

Зимни мулоқот аз рушди муносиботи тиҷории ҷонибҳо низ истиқбол шудааст. Ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳаҷми гардиши мол миёни Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо аз 362 миллион доллари амрикоӣ дар соли 2012 ба 534 миллион дар соли 2013 расидааст.
Мӯҳр
Сарчаноб
Хамааш дурусту неки ай бини боло гап задан дар Точикистон мумкин нест хамиша кайд накарданд

мехр
Барои бунёди демократия, ҷомеаи шаҳрванди, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, хар як шахс худ бояд сахмгузор барои дастраси ба ин арзишхо бошад. Дониши кофии муосир ва саъю кушиши беандоза рохро ба суи ин арзишхо хамвор месозад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)