Бахшҳо

Президент: Баландтарин пояи парчам инъикосгари ватандӯстист

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар паёми шодбошияш ба муносбати Рӯзи парчам, ки ҳамасола 24-уми ноябр таҷлил мегардад, мардуми кишварро ба дӯст доштани парчами миллӣ ва эҳтироми он даъват кардааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон парчамро рамзи иттиҳоду сарҷамъии мардуми кишвар ва илҳомбахши кору пайкори фарзандони вафодори Ватан ба хотири пойдор нигоҳ доштани дастовардҳои истиқлолият ва таҳким бахшидани пояҳои давлатдории миллӣ хондааст.

Ба гуфтаи раисиҷумҳур анъанаи парчамдории тоҷикон аз умқи таърихи чандинҳазорсола сарчашма мегирад ва ва боиси ифтихор аст, ки халқи мо яке аз халқҳои соҳиби суннату анъанаҳои бостонии парчамдорӣ ба шумор меравад: “Парчами миллии мо дар замони соҳибистиқлолии кишвар мазмун ва мундариҷаи таърихии худро нигоҳ дошта, имрӯз ҳамчун баёнгари орзуву ормони аҷдоди парчамсозу парчамдори мо соҳиби эҳтироми хоса мебошад. Мехоҳам махсус зикр намоям, ки ба шарофати истиқлоли Ватан барои мардуми мо имконияти нодири таърихӣ фароҳам омад, ки таҳти парчами давлати соҳибихтиёри худ тавассути саъю талоши пайгиронаву заҳмати бунёдкорона бисёр мушкилоту монеаҳои сахту сангинро паси сар намуда, кишвари маҳбубамонро ба марҳалаи рушди бемайлон ва устувори иқтисодӣ расонанд”.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст, ки ҳар як фардро зарур аст, ки маъно ва муҳтавои парчами миллиро дарк намуда, бо заҳмати софдилона ва саъю талоши ватандӯстона ҷиҳати ободии сарзамини аҷдодиямон, таҳкими иқтидори иқтисодии давлат ва парафшонии парчами он саҳмгузорӣ намояд.
Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, маданияти арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла парчам бояд дар зеҳну шуури ҳар як фард аз овони хурдӣ тарбия карда шавад, ки ин рисолати муҳим вазифаи оила, муассисаҳои таълимӣ, зиёиён ва аҳли ҷомеа мебошад: “Миллати сарбаланди тоҷик ҳамеша таҳти парчами худ саф ороста, дар лаҳзаҳои бисёр ҳассосу душвори таърихӣ ватану миллат, забону фарҳанг ва марзу буми аҷдодиро ҳимоя намудааст”.

Эмомалӣ Раҳмон дар номаи табрикотии худ гуфтааст, имсол аз афрохта шудани баландтарин пояи парчам дар пойтахти кишварамон панҷ сол сипарӣ мешавад, ки он ифтихори хурду бузург ва инъикосгари эҳсоси ватандӯстии мардуми тоҷик буда, меҳри парчами миллӣ ҳар яки моро ба сӯи заҳмати созанда ва ободии сарзамини аҷдодӣ ҳидоят менамояд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон қайд намудааст, ки бигузор, парчами мо - рамзи давлатдории тоҷикон, ифтихору сарбаландӣ ва нангу номуси миллат дар фазои осоиштаи кишварамон то абад парафшон ва илҳомбахши раванди неки созандагиву ободгаронаи Тоҷикистон бошад.
Мӯҳр
Мехр
Парчами мо- рамзи Коваи мо, рангхояш ифодагари сиришти мо.

муслима
Баландарин пояи парчами Точикистонро, парчами Арабистон дар шахри Чидда санаи 24 сентябр тасхир кардааст. Акнун пояи парчами Точикистон дар чои дуюм.

Мехр
Муслима. Гамгин машав аз ин. Вай Парчами Арабо дар биёбони бе об коматша рост карданд. Пояи парчами Точикон дар чои сероб ва хар сол месабзаду, доимо сабзу хуррам бар сари миллаташ, паравшони мекунад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)