Бахшҳо
16 сен 2011 08:25Гузориш

Эътироз дар шакли корпартоӣ хатар дорад?

Таи бист соли истиқлол дар Тоҷикистон бори нахуст кормандони корхонаи тилошӯии "Зарафшон"-и шаҳри Панҷакент баҳри талаби ҳаққи худ аз роҳбарияти корхона эътироз намуданд. Онҳо таъкид кардаанд, ки дар сурати бароварда нашудани талаботашон даст ба корпартоӣ хоҳанд зад.

Азбаски чунин ҳодиса дар бист соли охир ба вуқуъ наомада буд, бархеро нигарон намуд. Ба ҳамин ваҷҳ "Озодагон" ин ҳафта аз коршиносон чунин суол намуд:

Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон

Ин падидаҳо метавонанд паёмади нохуб ҳам дошта бошанд. Чунин проблемаҳо дар аксари муассисаҳо вуҷуд дорад ва ҳар кадоми онро ба гуруснанишинӣ ва корпартоиҳо табдил диҳем оромии ҷомеа халалдор мегардад. Дар натиҷа сармоягузорон меҳаросанд ва аз сармоягузорӣ худдорӣ мекунанд. Ин ҳам ба амнияти иқтисодӣ ва ҳам ба амниятӣ сиёсии мо хавфи ҷиддӣ дорад. Бояд дар назар дошта бошем, ки тафаккури аврупоиҳо дар кадом сатҳ  аст ва тафаккури мардуми кӯҳистонҳои Тоҷикистон дар чӣ сатҳ қарор дорад. Тафовут хеле зиёд аст ва аз ин сабаб хавфи ин гуна эътирозҳо барои Тоҷикистон зиёдтар аст. Фарҳанги тоҷикон дар асри 20 ва аввали асри 21 ин фарҳанги гуфтугӯ ва музокирот аст ва ин моро ба сулҳу саодат расонида истодааст. Ба ин хотир хуб мебуд агар ҳамаи ин норозигиҳо бо гуфтугӯ ва музокирот ҳалли худро ёбанд.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ

Ҳодисаҳои коршиканиву эътирозҳо як раванди маъмулист ва бояд бошад. Ҳатто ин ҳодисаҳоро дар кишварҳои пешрафта мебинем, ки сатҳи зиндагии мардум хеле баланд аст, маош ба маротиб  болотар аст, вале бо ин вуҷуд корпартоии дастаҷамъона ва эътирозҳои мардумӣ рух медиҳанд ва ин як амри табиист. Мо набояд аз ин гуна ҳолатҳо тарс дошта бошем, баръакс ин нишон медиҳад, ки сатҳи дониши мардум ва шинохти ҳуқуқи мардум боло рафта истодааст ва онҳо дигар ба ҳама он шарте, ки корфармоҳо болояшон таҳмил мекунанд, розӣ шуда наметавонанд.  Ин ҷо ягон ҷои тарс нест, балки бояд як каме ба мушкилоти мардум расидагӣ кард. Аз тарафи дигар хуб мешуд ташкилотҳое мисли иттифоқҳои касаба, ки вазифаи асосиашон ҳимояи ҳуқуқҳои кормандон аст фаъолтар бошанд ва дар чунин ҳолатҳо ба меҳнаткашон кӯмак расонанд.  Вале мутаассифона, иттифоқҳои касабаи мо худро ҷузъи системаи ҳукуматӣ тасаввур мекунанд ва то ба ҳол нашунидаем, ки дар ҷое барои ҳимояи ҳуқуқи мардум талош карда бошанд. Нодуруст аст, ки сатҳи тафаккури мардуми мо аз аврупоиҳо паст аст, балки ҷаҳонбинӣ ва тафаккури ҳамон коршиносоне, ки ин ҳарфҳоро мегӯянд пасттар аст, ки онҳо ҳамеша миллатҳои моро аз дигарон паст медонанд ва онҳо худашон ҳастанд, ки метарсанду ҷуръату ҷасорат надоранд. Ин камбудии худро болои миллат таҳмил карданианд. Ман мутмаинам, ки миллати мо бо ин ҳама тамаддуну ҷаҳонбинӣ ҳеч гоҳ ду масъала: дифоъ аз ҳуқуқи худ ва бенизомиро ба ҳам омехта нахоҳад кард. Бояд, ки ҳимоя аз ҳуқуқи шаҳрвандон бо риояи қонунгузории кишвар вуҷуд дошта бошад ва аз тарафи дигар набояд мо ҳамеша мардумро тарсонем, ки ҳама гуна адолатхоҳӣ боиси бенизомӣ ва қонуншиканӣ мешавад.

Абдуғанӣ Маҳмадазимов, сиёсатшинос

Вақте 1500 кас корпартоӣ мекунанд, яъне аз як гиребон сар мебароранд ин на фақат эътирозро нишон медиҳад, балки шаҳодати он аст, ки дар Тоҷикистон синфи коргар вуҷуд доштааст. Зеро синфи коргар кори пурмаҳсул ва сифатнок дорад ва дар ҷомеа мафкураи истеҳсолиро ба вуҷуд меорад. Ин боиси хушнудист, ки дар Тоҷикистон фарҳанги истеҳсолӣ вуҷуд доштааст ва инро дастгирӣ кардан даркор аст. Паҳлӯи дигари масъала ин аст, ки соҳибони аслии корхонаи тиллои Зарафшон бо саҳми 75 дар сад хитоиҳо ҳастанд ва чунин хулоса кардан мумкин аст, ки онҳо барои фароҳамсозии шароити корӣ бештар меҳнат неву, балки аз пайи суди зиёд ба даст овардан рафтаанд. Коргарони ин корхона бо чунин роҳи эътироз нишон доданд, ки чӣ мушкилӣ дар ин корхона вуҷуд дорад ва ин боиси дастгирист.

Амният Абдуназаров, раҳбари созмони "Демократия"

Мо дар як кишвари худкома зиндагӣ дорем ва дар натиҷаи корпартоии онҳо шояд мушкилоте ба вуҷуд ояд. Лекин ба андешаи ман ин падидаи мусбат аст. Ҷаноби Солиев, раиси Иттифоқи касабаи Тоҷикистон бояд дар фикри он бошад, ки вазифаи ӯ аз кормандон ва ҳуқуқи онҳо дифоъ кардан аст. Чунки имрӯз мардум ихтиёрӣ ва ғайриихтиёрӣ дар қайди Иттифоқи касаба ҳастанд ва аъзоҳаққиро месупоранд. Боре изҳороти ҷаноби Солиев дар бораи дифоъ аз ҳуқуқи меҳнатии шаҳрвандонро нашунидаам. Ба ҳамин хотир мардум бори аввал худашон барои дифоъ аз ҳуқуқҳои худ садо баланд кардаанд. Ин бисёр падидаи хуб ва қадаме ба сӯи ҷомеаи демократист ва умедворам тамоми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз иттифоқҳои касаба ва дигар ташкилотҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон худашон аз ҳуқуқҳояшон дифоъ кунанд. Ҷаноби Солиев ҳам бедор мекунанд то вазифаи муқаддаси худро содиқона иҷро кунад. Баъзеҳо мегӯянд, ки тафаккури мардуми Шарқ аз мардуми Ғарб фарқ дорад ва демократияи шарқиён аз ғарбиён тафовут дорад. Вале демократия худ мардумсолорӣ аст ва новобаста аз он ки дар Амрикову Аврупо аст ё Осиёву Африқо ҳама ҷо ҳамон демократия аст. Чӣ хеле як моҳ аст ё як офтоб аст демократия ҳам ба ҳамин монанд аст. Лекин хусусияти хоси ҳар минтақа ва маҳалро ба инобат мегирад. Бо ин вуҷуд ҳар фард новобаста аз он ки дар кадом кишвар аст ва сохтори он чигуна аст, бояд аз ҳуқуқи худ дифоъ кунад. Аммо дар Тоҷикистон ҳуқуқи шаҳрвандон расман дар қонун вуҷуд дорад, воқеан ҳуқуқҳояшон маҳдуд аст. Аз ҷониби дигар мо аз кӯдакӣ бо мафкураи шукр гуфтан калон шудаем. Мардум бояд аз ҳуқуқи худ дифоъ кунад ва ба иттифоқҳои касаба ё вазифаашро адо кунад ё ин ки мардум кулан тарки иттифоқ кунанд. Зеро дар давоми 20 соли ягон нафъаш нарасидааст ва гӯё ҷаноби Солиев ҳамин идораро иҷора гирифтааст.

Баходур Ҳабибов, раиси Иттифоқи истеъмолгарони Тоҷикистон

Ба назари шахсии ман албатта гуфтан мумкин аст, ки ин эътироз барои Тоҷикистон ва шаҳрвандони кишвар ғайриоддӣ аст. Сарчашмаи ин гуна эътироз, яъне корпартоӣ шояд гуногун бошад. Мумкин аст ҳолати иҷтимоии коргарон вазнин аст, шояд сабаби асосии ин эътироз баланду паст кардани маоши коргарон асту бас. Ба фикри ман яке аз сабаби асосии ин ҳодиса иҷро накардани супориши президенти кишвар аз тарафи роҳбарияти ин корхона мебошад. Албатта ин метавонад барои дигар коргарони мамлакатамон мисоли намуна бошад ва фикр мекунам ин барои роҳбарияти корхонаву муассисаҳои дигари кишвар сабақ мешавад.

Толибшоҳи САЙИДЗОДА, журналист

Воқеъан ташкил ва ширкат дар гирдиҳамоӣ, гуруснанишинӣ кардан ва корпартоӣ аз намудҳои эътирози иҷтимоӣ ва сиёсии мардум маҳсуб меёбанд, ки ин равиш хоси кишварҳои демократӣ ва пешрафта мебошад. Вале бубинед дар кишвари ҳуқуқбунёду демократии мо мардумро аз ин ҳуқуқҳо бо қабули қонун манъ кардаанд. Яъне навиштаанд, ки гирдиҳамоӣ иҷозат аст, вале бо иҷозаи мақомоти расмӣ, ки ҳеч вақт онҳо иҷоза нахоҳанд дод. Имрӯз барои мардум фақат як роҳи эътироз боз аст, ки аз он истифода мекунанд, вале натиҷаи дилхоҳ ба бор намеорад. Номаҳо менависанд инфиродиву дастаҷамъӣ ба унвони мақомдорон ва аз ҷумла ба раисиҷумҳур ҳам ва шикоят мекунанд аз бедодии судҳо ва амалдорони пасту боло ва аз камиву костагиҳои рӯзгор, ки рӯзномаҳои мустақил шикоёти онҳоро ба нашр мерасонанд. Яъне то ҳанӯз як даргоҳи умед ба рӯи мардум боз аст, ки ҳадди ақал дарди хешро мегӯянд ва то ҷое хешро сабук ва шаҳрванд эҳсос мекунанд. Агар ташкили гирдиҳамоӣ ва корпартоиҳои дастаҷамъии мардумро қонун манъ ҳам накунад, дар мо кам касоне ҷуръат доранд, ки эътирози хешро бо ин роҳҳо пеши ҳокимон ба намоиш бигузоранд. Мардум эҳсоси тарс доранд, вагарна агар озодии митингу эътирозҳои оммавӣ бошад, бо ин қадар беадолатӣ ва мушкилоте, ки дар ҷомеъа аст, фикр мекунам майдонҳо ҳар рӯз пури одам бояд бошад. Вале як чизи дигар ҳам ҳаст. Масалан бубинед, дар ҳамон кишвари Мисри Араб ҳам митингу гирдиҳамоиҳо дар замони раҳбарии Муборак мамнӯъ буд, вале мардум чун аз беадолатӣ ва беҳуқуқӣ ба дод омад, тарсро фаромӯш сохт ва ба майдонҳо рехт. Ман фикр мекунам чун давлатамонро демократӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ эълон кардаем, бояд мардум аз тамоми ҳаққу ҳуқуқҳои инсонӣ ва шаҳрвандӣ бархӯрдор бошанд.

Зафар ҚУРБОНОВ, адвокат

Бояд қайд намоям, ки бо муроҷиатҳои шифоҳӣ ё хаттӣ ба роҳабрияти ин ё он корхона барои дифоъи ҳуқуқ оид ба меҳнат, ба хусус музди маош дар кишвари мо ба ҷое намерасед. Ғайр аз ин фаъолияти Иттифоқи касаба дар мо заъиф аст ва оиди ҳифзи ҳуқуқи кормандон чораи зарурӣ намеандешад. Шояд дигар роҳ набудааст, ки кормандони корхонаи тиллои Панҷакент даст ба корпартоӣ заданд ва ин аллакай бедории синфи коргари кишварро нишон медиҳад. Тамоми кишварҳои пешрафта бо нишони эътироз ва баёни он гирдиҳамоӣ ё роҳпаймоии  сулҳона мекунанд. Пас мо ки як ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳастем, ин падидаро бояд маъмулӣ  қабул фармоем. Ин ҳаққи ҳар як шаҳрванд аст ва вазифадор аст, ки аз ҳуқуқи худ дифоъ кунад.{jathumbnail off}

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)