Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 25 июн 2019, 19:27

Раисҷумҳури Қирғизистон бо даъвати шоҳ ба Саудӣ меравад

25 ноябр 2014, 11:58

Алмосбек Отамбоев, раисҷумҳури Қирғизистон бо даъвати шоҳи Арабистони Саудӣ барои анҷоми як сафари расмӣ ба шаҳри Риёз меравад.

Абдурраҳмон ибни Саид ал-Ҷумъа, сафири Арабистони Саудӣ дар Бишкек гуфтааст, сафари Отамбоев ба Риёз рӯзҳои аввали моҳи декабри соли равон сурат хоҳад гирифт.

Ба гуфтаи ал-Ҷумъа, раисҷумҳури Қирғизистон дар ин сафар бо мақомоти аршади Арабистони Саудӣ, аз ҷумла вазири молия, раиси Маҷлиси шӯро ва шоҳи Саудӣ – Абдуллоҳ ибни Абдулазиз Оли Сауд мулоқот хоҳад кард.

Ӯ мегӯяд, ин нахустин сафари мақомоти расмии Қирғизистон ба Арабистони Саудӣ буда, дар ҳошияи он намояндагони ду кишвар як қатор мувофиқатномаҳоро низ ба имзо хоҳанд расонд. Боздиди Отамбоев аз Арабистони Саудӣ дар ҳолест, ки қаблан шоҳ Абдуллоҳ ибни Абдулазиз ӯро барои анҷоми як сафари расмӣ ба Риёз даъват карда буд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Хорич

  • 28 ноябр 2014 05:41
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хукумати Точикистон дар пайи хамла ба салафихо эьтимоди Сауди ва Иморотро аз даст дод ба шиьанарои ба хотири Ирон хамла накард ва шиьахо бо истифода аз тухмат ханафихои равшанфикрро ба салафи тухмат карда равонаи зиндон доранд то барои ташвики мазхаби шиьа шароит мухаё созанд, тамоми хизбу харакатхои мухолифи точик мин чумла Хизби нахзат дастпарвар муштарии Ирон мебошад, хукумати Точик ба хотири аз даст надодани гардиши молии Точикистону Ирон, дар масьалаи шиьа хомуш аст, вале ин ба Инкилоби шиьахои точик ва дар оянда чанги шиьа ва сунни оварда мерасонад, ки суннихо бо истифода аз Афгонистон хамчу сарпанох чанги дарозмудат хоханд кард шояд хунхои зиёд рехта шавад. Мо чавонон шояд аз чанд генерал олимтар бошем аммо афсус ба мардуми азиз хизмат карда наметавонем.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!