Бахшҳо

Имом-хатибони Узбакистон: Яҳудиҳоро эҳтиром ва Исроилро дӯст доред

Имом-хатибони Узбакистон аз мусалмонони кишварашон хостаанд, нисбат ба яҳудиҳо эҳтиром қоил бошанд ва Исроилро дӯст бидоранд.

Бино ба қавли торнамои “Ҳаракати мардумии Узбакистон” ин даъвати имом-хатибон дар хутбаи намози ҷумъаи 21 ноябр сурат гирифта ва онҳо барои таъсиргузор шудани ҳарфҳояшон мисолҳое низ овардаанд. Эргаш Сулаймон муаллифи ин матлаб мегӯяд, имом-хатиби масҷиди “Аҳмад Яссавий”-и ноҳияи Яшнарободи шаҳри Тошканд аз пайғамбари Ислом Муҳаммад (с) мисол задааст, ки амалҳои нохуби ҳамсояи яҳудашро, монанди ба ҳавлии ӯ рехтани партов таҳаммул мекард. “Худованд дар Қуръон яҳудҳоро “аҳли китоб” хондааст. Бубинед, Худованд онҳоро кофир нагуфтааст. Аз ин рӯ, мо бояд яҳудиён ва масеҳиёнро эҳтиром намоем, бо онҳо дар фазои мусолиматомез зиндагӣ ва камбудиҳояшонро таҳаммул кунем, он гуна ки камбудиҳои бародар ва хоҳарҳоямонро таҳаммул мекунем”,-гуфтааст ин имом-хатиб.

Даъватҳои ба ин монанд дар масоҷиди дигар низ садо додааст. Имом-хатиби масҷиди “Кукалдаш” - Анвар Қорӣ Турсунов аз намозгузорон тақозо кардааст, ба таҳрики ифротгароҳои динӣ, ки талош мекунанд дар шабакаҳои иҷтимоӣ мардумро алайҳи яҳудиён ва кишвари Исроил шӯронанд, дода нашаванд: “Ин ба истилоҳ мусулмонон бар хилофи Қуръон ва суннати пайғамбар Муҳаммад (с) амал мекунанд. Замони Ҷанги ҷаҳонии дуввум узбакҳо кӯдакони яҳудиро дар хонаҳои худ ҷой доданд. Яҳудиҳо низ бандаи Худоянд ва Исроил як кишвари комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳаст”.

Эргаш Сулаймон дар хулосаи матлаби худ менависад, дар Узбакистон мавзӯи намози ҷумъа таҳти назорати Идораи дин аст ва имом-хатибон ҳақ надоранд ба дигар мавзӯҳо бипардозанд ё аз мавзӯи додашуда берун шаванд: “эҳтимол аст, ки мавзӯи даъват ба эҳтиром ва дӯст доштани яҳудиёну Исроил кори Хадамоти амнияти миллии Узбакистон бошад. Яҳудситезӣ кори хубе нест, аммо ин даъвати ногаҳонӣ моро ба андешидан водор мекунад. Оё ин ба ҳайси пора ба хадамоти махсуси Исроил нест, ки дар марги “Ҷаслик” ба мухолифони динӣ ва сиёсии режим кумак карданд? Хадамоте, ки тӯли 20 сол ба режими Каримов дар ҷустуҷӯ ва нобуд сохтани фаъолони исломӣ дар Узбакистон кумак кард”.
Мӯҳр
Мехр
Имом- хатиби узбак "Яҳудиҳоро эҳтиром ва Исроилро дӯст доред" гуфтааст, аммо дар бораи даъват ба тахаммул ва эътирофи хакки бародарони Точики мусулмони худ харфе намегуяд.

яхудихоро бад дидан ибодат аст зеро онхо душманони Худо хастанд ва касе душманони Худоро бад бинад ба хотири куштани паёмбарони Худо ва мухолифат бо шариъаташ онгох Худоро хурсанд кардааст.

душанбе
Дар рузхои наздик имомхатибони низ ин суханро хоханд гуфт

Мухтарам эмомхатирони Узбекистон оё Шумо намедонед, ки дар тамоми дунё яхудихон дар байни мусулмонон тафрика меандозанд. Махз онхо барои номуд кардани ислом ва мусулмонон даст доранд. Шумоён боз дават мекунед, ки онхоро дуст доред.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)