Бахшҳо

Ҷавоби Дастгоҳ ба Кабирӣ: Ҳалли мушкили шумо ба дасти мо нест

Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон ба номаи Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки барои баргузории анҷумани пеш аз интихоботии ҳизбаш толор хоста буд, ҷавоб додаст. Тавре аз дафтари матбуоти ҲНИТ хабар доданд, дар номаи ҷавобии Дастгоҳи иҷрояии раисҷумҳур омадааст, “ҷудо кардани толор ба салоҳияти онҳо дохил намешавад, дархости ҲНИТ ба шаҳрдори Душанбе ирсол шудааст”.

Ин дар ҳолест, ки масъулини ҲНИТ мегӯянд, онҳо қаблан чунин нома ба унвони Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе ирсол карда буданд, аммо то ҳол ҷавоберо нагирифтаанд. Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи раиси ҲНИТ дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, номаи Муҳиддин Кабирӣ ба раиси Дастгоҳи президент замоне ирсол гардид, ки қаблан онҳо ба Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе барои ҳалли ин мушкили худ муроҷиат карда буданд. Ба қавли сухангӯи раиси ҲНИТ, ин ҳизб дар таърихи 30 сентябри соли ҷорӣ бо навиштани номае аз Убайдуллоев барои пайдо кардани толор кумак хост, вале бо гузашти беш аз як моҳ посухеро нагирифтааст.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, танҳо ҳизби расмии динӣ дар Осиёи Миёна мебошад. Ин ҳизб дорои таърихи 40-сола буда, соҳиби торнамову нашрияи худ мебошад ва ба гуфтаи масъулинаш беш аз 40 ҳазор узв дорад ва қарор аст, 16 декабри соли ҷорӣ анҷумани пешазинтихоботии он баргузор шавад ва раҳбарияти ин ҳизб барои барпо кардани ин маъракаи сиёсии худ ба мақомот муроҷиат карда, гуфт, ба толоре ниёз дорад, ки ҳадди ақал тавони ҷой кардани 700 нафарро дошта бошад.

Дар ҳамин ҳол, масъулини ҲНИТ мегӯянд, онҳо дигар бовар надоранд, мақомот ин мушкилашонро ҳал кунад ва аз ин рӯ, тасмим гирифтаанд, анҷумани худро дар қароргоҳи марказии ҳизб дар шаҳри Душанбе баргузор кунанд.
Мӯҳр
апап
Дар Файзобод чаласаро дар юнучказор гузаронида будед ку? Чор курпачаро партоед дар ягон юнучказор гузаронед анчуманатонро. Точикиш бкне.

Хамном, вактхои охир ба шумо шубха дорам. Охир агар вокеан ба чунин як толор ниёз дошта бошед, созед. Ман фикр мекунам, ки максади вокеии шумо на толор, балки боз хам аз сиёхкунихо хол ба даст овардан аст. Дах соли охир толор мегуеду чавобашро каблан худатон медонед, инро чи хел фахмем?!
Ёд доред, бо ивази 300 доллар футболи Манчестерро дар Британияи Кабир тамошо кардед? Як сизон барои футбол ба хоричи дур наравед, худаш тахмин маблаги як толори коли калон мешавад. Сони, ин маблагхоро нахзатихо барои футболтамошои раисашон намедиханд! Хамин тавр не. Бо сесад доллар дасти кам ба 10 оилаи узви нахзат як халтаги орд додан мумкин!

амин
барои хама чой ефта мешавад дар ин дуне афсус брои мусулмонон дар ин дуне чое пайдо кардан амрест махолрпр

Мухочир
Тавба . тамоми Точикистонро аз худ кардаандее . дар тавони дастгохи президент набошад . дар тавони раиси шахр набошад . дар тавони ки метавонад бошад хал кардани ин масъала ? маскарабози хамаш . сиёсат ро бо конуни чангал омехта карданд .

Хизб таърихи 40сола дораду,як карогохи хубам надорад.Дар як кунчи шахр,сохиби як бинои хурдакак,хатто ба як толор кудраташон намерасад.Чаноби Кабири аз аввал як корчаллон буду сиесатмадор не.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)