Дар Туркманистон ба занҳои дуюм тамғаи танфурӯш мезананд
“Шикор”-и занҳои дувум барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба як тиҷорати муфид дар Туркманистон табдил ёфтааст, менависад торнамои “Хроника Туркменистана”.
Ин сомона дар матлабе гуфтааст, феълан дар маҳбаси Дашогуз 37 хонум бо иттиҳоми фоҳишагӣ зиндонӣ шуда, ки миёнашон солмандон низ ҳастанд. Ба иттилои “Хроника Туркменистана” як зани 52-сола ва чанд хонуми соҳиби набера низ бо ин иттиҳом нигоҳ дошта мешаванд. Аммо торнамо гуфтааст, ин занҳо боре ҳам танфурӯшӣ накарда, “гуноҳашон” танҳо дар зани дуюм будани онҳо аст: “Ба хотири мамнӯъ будани бисёрзанӣ дар Туркманистон бештари мардон никоҳи дувумро ба қайд намегиранд. Ба ин тартиб, кормандони мақомот аз занони дувум 5 ҳазор доллар талаб мекунанд. Дар сурати саркашӣ дар фоҳишагӣ муттаҳам мешаванд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |