Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 18 январ 2017, 11:04

Отамбоев ба даҳҳо зодаи Тоҷикистон шаҳрвандӣ дод

1 декабр 2014, 09:49

Алмосбек Отамбоев, раисиҷумҳури Қирғизистон, бо имзои як қарор ба 447 атбои хориҷӣ шаҳрвандии кишварашро додааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Қирғизистон бисёре аз ин нафаронро собиқ шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил медиҳанд, ки асосан зодаи ноҳияи Ҷиргатол, Мурғоб, Ёвон ва вилояти Суғд мебошанд.

Дар қатори атбои нави Қирғизистон, намояндагони миллатҳои узбак, уйғур, муғул, рус ва украинӣ низ номбар шудаанд, вале миллати ягон нафарашон тоҷик зикр нашудааст. Ҳамаи собиқ шаҳрвандони Тоҷикистон миллаташонро қирғиз нишон додаанд, гарчанде бархе аз онҳо ному фамилияи сирф тоҷикӣ доранд.

Рӯйхати атбои нави Қирғизистон


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Бебок

  • 1 декабр 2014 17:01
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Боке нест дар Узбакистон 15 миллион худша узбак навишт зинда мондем -бу касе ки миллат ва хуввияташро фурухтааст ичозати ба хоки Точикистон ворид шуданро набояд дод- хох точики узбакистон аст хох киргизистон ва хох нафаре ки чехраи точики дораду дар паспорташ узбак навишта шудааст яъне аз ин пас конуне бояд вазъ шавад то ин гуна ашхос вориди хоки Точикистон нашаванд. хамчунин шахсоне ки забони модари модарбузургии (модарй гуфта наметавонем чун модараш хам аз ёд бурдааст) худро аз ёд бурда худуди Точикистони мо барои вай харом аст агарчи набераи Айни ва Турсунзодаву дигархо хам бошанд..

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!