Бахшҳо

Прокурор Холиқзода: Маст набудам ва ҳеч куҷое нагурехтам!

Фирӯз Холиқзода, собиқ корманди додситонии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ки субҳи барвақти 28-уми сентябр кӯчарӯбро пахш карда, ахиран тибқи қонуни афв озод шуд, сарусадо дар бораи маст буданашро рад кард.

Дар ҳоле, ки додгоҳи шаҳри Душанбе дар асоси шикояти наздикони кӯчарӯби марҳум, Зеварбону Пирова қарори афви Холиқзодаро мавриди бозбинӣ қарор додааст, худи ӯ дар суҳбати кутоҳе бо “Озодагон” сарусадо дар бораи маст буданашро рад намуд. Ӯ гуфт, ки маст набуд ва таъкид намуд, ки аз ҷои ҳодиса низ нагурехтааст.

Холиқзода аз посух ба суолҳои дигари “Озодагон” дар бораи ин қазия худдорӣ карда, афзуд, ки ҷузъиёти ин қазия дар додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ қарор дорад.

Ин дар ҳолест, ки наздикони Зеварбону Пирова, роҳруби 53-солаи тоҷик, ки дар пай садамаи нақлиётии Холиқзода даргузашт, аз афв шудани ӯ изҳори норозигӣ намудаанд ва дар асоси шикояти онҳо додгоҳи Душанбе афви ин корманди додситониро бозбинӣ мекунад. Феълан Фирӯз Холиқзода, ёвари 31-солаи додситони ноҳияи Исмоили Сомонӣ, писари Кароматуллоҳ Холиқов, собиқ декани факултети ҳуқуқшиносӣ тибқи қонуни нави афв озод шудааст.

Ҳодисаи пахши Зеварбону Пироваи 53-сола, ки ба ҳайси кӯчаруб фаъолият дошт, субҳи 28 сентябр ҳангоми тамиз кардани роҳи назди меҳмонхонаи “Ҳаят Реҷенсӣ” дар хиёбони Исмоили Сомонӣ рух дод. Ҳамкорони Зеварбону, ки шоҳиди ҳодиса будаанд, дар суҳбат бо "Озодагон" гуфтанд, қазия соати 4:30 дақиқа рух дод: “Мошин баъди он ки Зеварро пахш кард, ҳатто суръатро паст накарда ҳамчунон ба роҳаш идома дод. Вақте ду ҳамкори дигарамон ин ҳодисаро диданд, аз тарс аз ҳуш рафтанд. Онҳоро ба Қарияи Боло бурданд” -гуфтанд тамизкорон. Наздикони Зеварбону ба “Озодагон” гуфтанд, суръати мошин ба ҳадде баланд будааст, ки ҷасади марҳумро ба қисмҳо ҷудо кардааст.
Мӯҳр
Рости вакте хабари озод шудану авф гардидани чунин як шахси беору номусро шунидам, ба дил гуфтам, ки хар нафар метавонист ба чунин холат афтаду хеч кас аз садама эмин нест ва мошин низ техника асту на хамеша кафолат дорад. Яъне бисёре одамони хубеанд ки чунин дучори садама мегарданду боиси захми ё ба халокат расидани нафаре мешаванд. Аммо фарки он гуна одамон дар чист? Дар он ки онхо пушаймон мешаванду на як бору ду бор аз наздикони курбонишуда бахшиш мепурсанду назди халк низ гунохашонро икрор менамоянд. Ин акам боша чи мегад? ман хеч кучо нагурехтаму маст хам набудам. Заррае имону инсоф ва номус доштан даркор ай инсон! Ту боиси марги сангини нафаре шуди! Аз барои баландсуръатии мошини ту, ки чи хеле гуфти маст набуди, яъне ту дар холати хушёр буданат чунин мошин мерони, чисми он нафар пора пора шуд. Наход баъди ин хама туро вичдон азият надихаду ин кадар хавобаландонаю магрурона сухан куни? акнун ман фикри нафаронеро ки гуфта буданд падари арчманду баобруят аз дастаи ту барин писари беномус сактаи дил шуд, дастгири мекунам. Хайфи ту!

БА ЖУРНАЛИСТОНИ АЗИЗ
Афсус ва сад афсус, ки чаноби Фируз Холикзода дигар равонаи махбас намегардад. Мувофики маълумоте, ки ман дорам, аз рузе, ки гап-гапи конуни авф сар шуд, дигар хеч касе аз хонаводаи Фируз хонаводаи мархумро напурсид, нарафт ва ёд накард. Фируз хам дар сухани охиринаш дар додгох аз марги он модар не, аз барбод рафтани собикаи 8-сола ва карераи ояндааш афсус хурд, ки ин ба чарохати наздикони мархум намак шуд. У гуфтааст, ки дар хукми суд хамааш хаст. Бале, мухтарам ЖУРНАЛИСТОН, як бор хамон хукмро ё намедонам, халномаро дастрас карда бубинед, ва агар тавонед барои мардум хам чоп кунед. Дар он чо хамааш хаст. Дар вакти садама масофаи биниш зиёда аз 100 метрро ташкил медодааст, ки ин барои пешгирии ходиса комилан кофист. Тамоми холати техникии мошин чавобгуи талабот будааст, аз чумла, тормозхои он ки Фируз умуман аз онхо истифода накардааст. Ва дигар холатхои ходиса. Яъне хамаи ин далели он аст, ки ходиса ба тасодуф камтар шабохат дорад. Албатта, хукми судро танхо суди болои метавонад тахлилу барраси кунад ва мо ба ин умедворем. Ба хар сурат, бародарони ЖУРНАЛИСТ, канор наистед ва хакикатро ошкортар намоед.

ИН МАРДАКАМ НАМЕХОСТ,КИ БА ИН ХОДИСА ДУЧОР ОЯД. ТАКДИРУ КИСМАТ ХАМИН БУДАСТ. ХУДОВАНД МОРО ИМТИХОН МЕКУНАД. АГАР ХУДОВАНД МЕХОСТ,,ИН ОДАМ ЗИНДОНИ МЕШУД, ЛЕКИН АВФ ШУД.ЛЕКИН АЗИБИ ВИЧДОН ТО ОХИРИ УМРУШ ИН МАРДАКА ОРОМ НАМЕМОНА.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)