Бахшҳо

Посухи Академия ба Кабирӣ: Хатари ҲНИТ аз ДИИШ-у Толибон камтар нест!

Як гуруҳ кормандони Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи илмҳои Тоҷикистон бо пахши як изҳорот нашри матлабҳои зиддинаҳзатиро аз ҷониби худ тасдиқ карда, афзудаанд, ки ин вазифаи онҳост. Дар изҳороти ин гуруҳ, ки аз ҷониби Шодибой Атоӣ, як масъули Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии Академияи улум нашр шудааст, аз ҷумла таъкид гардидааст, ки ҲНИТ баробари ДИИШ ва Толибон барои ҷомеа хатар дошта, бояд аз байн бурда шавад. Ба иддаои онҳо хатари ҲНИТ рӯзафзун аст, чун вақтҳои охир дар худи Академия низ ҷонибдорони сиёсати Кабирӣ пайдо шудаанд. Онҳо таъкид кардаанд, ки барои ҳар ҳарфашон омодаанд, дар додгоҳ посух диҳанд.

Кормандони Академия бо нашри изҳорот тасдиқ кардаанд, гуруҳе, ки Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ мавриди назар қарор додааст, онҳо мебошанд.

Дар изҳороти кормандони ин бахши академия, аз ҷумла омадааст, “муҳтарам Кабирӣ, як гурӯҳе, ки дар назар доред, кормандони илмии Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии АИ ҶТ мебошанд. Мо вазифадор ҳастем, ки тамоми равандҳои муосир, аз он ҷумла Исломи сиёсиро омӯзиш ва таҳқиқ намоем. Ҳамчун муҳаққиқ ва шаҳрванд вазифадор ҳастем, ки фаъолияти Шуморо таҳлил кунем, дар бораи фазосозии ғайримиллӣ, ғайридунявӣ ва ғайриилмии ҳизби Шумо ҷомеаро низ огоҳӣ диҳем.”

Кормандони Академияи улуми Тоҷикистон иддао доранд, ки “ин иқдом ба хотири таҳкими арзишҳои дунявӣ ва таъмини зиндагии осоишта ва шарафмандонаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст. Мо набудани ҳизбҳои диниро дар ҷомеа имрӯз ва оянда низ пайгирӣ мекунем ва ҷомеаро аз ин хатар огоҳӣ медиҳем.”

Пажуҳишгарони равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи улуми Тоҷикистон таъкид мекунанд, ки дар таҳияи наворҳои зиддинаҳзатӣ даст надоранд ва танҳо матолиберо нашр мекунанд, ки асоси илмӣ доранд. Онҳо мегӯянд, омодаанд, ки ба ҳарфҳои худ дар додгоҳ посух диҳанд: “Тӯли моҳҳои охир мақолаҳое, ки кормандони ин марказ навишта бо чоп расониданд, моҳияти илмӣ-оммавӣ дошта, фақат дар натиҷаи омӯзишҳои илмӣ омода гардидаанд. Ин кормандон мисли шумо сиёсатмадор нестанд ва ба ягон ҳизбу ҳаракате ҳам вобаста нестанд. Онҳо ҷаҳонбинии илмиро тарғиб мекунанд ва соҳиби унвон ва ихтирооти илмӣ ҳам ҳастанд.”

Дар идома кормандони Академияи улум иддао кардаанд, ки ҲНИТ тавони сохтани ҳуввияти миллии тоҷикро надораду сокинони Тоҷикистон бояд барои аз саҳнаи сиёсат берун кардани он тасмим гиранд. Ба қавли онҳо, гӯиё аҳзоби сиёсии хусусияти исломӣ дошта, ҳамеша боиси нооромии кишварҳо шуда, хидмати хирсонаи ҲНИТ ба сокинони Тоҷикистон камтар аз ДИИШ ва Толибон нест: “Ин ҳизб бояд барвақт аз фазои сиёсии Тоҷикистон ва ҷомеаи тоҷик барканор мешуд, аммо бо шиори озодии анархистона ва бесарусомони демократигуна боқӣ мондааст. Аммо ҷомеаи тоҷик бояд тасмим гирад, ки чунин чеҳраҳои ифротгар ва тавтиаангезро ҳар чӣ зудтар аз фазои сиёсӣ берун созад, зеро бо ҲНИТ миллати тоҷик дар оянда наметавонад, як қадам ба пеш равад. Ҳизби Шумо таҷассумгари симои миллати тоҷик нест ва дар оянда ҳам нахоҳад буд.”

Масъулини Академия аз мақомоти дахлдори Тоҷикистон хостаанд, аз омезиши дин бо сиёсат ҷилавгирӣ кунанд. Онҳо мегӯянд, вақтҳои охир дар Академияи улуми кишвар, аз ҷумла дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ ҷонибдорон ва таблиғгарони идеологияи пешгирифтаи Муҳиддин Кабирӣ пайдо шудаанд, ки “ба ҷои таҳқиқоти илмӣ дар бораи масъалаҳои мубрами ҷомеаи тоҷик ва ҷаҳон ба тарғиби фарҳанги туркӣ дар зери ниқоби “Исломи таҳаммулпазирии Фатҳулло Гулен” тарғиб ва фазосозӣ мекунанд. Муаллифони изҳорот барои мисол, маҷмӯаи мақолаҳои Н. Одилов, Р. Назаров, К. Олимов, А. Шамолов, Х. Зиёев ва дигаронро бо номи «Ҳикмати таҳаммул» зикр кардаанд, ки аз ҷониби нашриёти «Ирфон» ба нашр расидааст.

Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии АИ ҶТ 1 июни соли 2014 дар назди Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Ҳадафи аслии Марказ тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ ва фалсафӣ ва омӯзиши равандҳои муосири сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар Тоҷикистон, минтақа ва ҷаҳон, оянданигарии илму технологияи пешқадам ва роҳу усулҳои амалигардонии ҷаҳонбинӣ ва дастовардҳои илмӣ арзёбӣ мешавад.
Мӯҳр
шумо академикхои атеист!кани чи ихтиро кардаед ки унвони академик гирифтаед факат лагандбардори! 2 милион мардикор ихтиро кардаед!бар зидди Худо камар бастаед(иншооллох шармандаи ин дунье ва охират)

Мегуянд гунахкор бештар чорр мезанад, ва асаби мешавад... мухтарам "АКАДЕМИКХО" Наход то ин хад чавоби эхсосоти, гайримантики ва бетахкик.!

Марказ
Аз чопи Изҳороти Марказ миннатдорӣ менамоем ва хамзамон хоҳишмандем, ки ҷумлаи зеринро "Кормандони Академия бо нашри изҳорот тасдиқ кардаанд, гуруҳе, ки аз ҷониби Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ дар бадномкуниҳо ва таҳияи матолиби зиддинаҳзатӣ айбдор шуд, онҳо мебошанд"- тағйир диҳед. Зеро мо ҳеҷ вақт барои "бадномкуниҳо ва таҳияи матолиби зиддинаҳзатӣ", ки бо номи мустаор чоп мешаванд, масъул нестем ва даст надорем. Иддаои М.Кабирӣ дар ин хусус беасос ва бидуни далел аст ва шоистаи як сиёсатмадори шинохта нест. Бори дигар таъкид мекунем, ки ин бинишҳо ва навиштаҳои мо андешахои шахсии кормандони воқеии (бидуни номи мустаор) илмии Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илми АИҶТ мебошанд. Мо дар ин ҷо М.Кабирӣ ва ҲНИТ-ро бадном накардаем, балки мафкура ва чаҳонбинии хатарзои эътиқодмеҳвари онҳоро таҳлил ва нақд намудаем ва дар оянда низ нақд хоҳем кард, зеро таассуб фарогири ҷомеаи Тоҷикистон шудааст ва барои зудуда намудани ин падида бояд на танҳо як маркази муайян, балки тамоми ҷомеаи Тоҷикистон мубориза барад!!!

Ба номи Аллох касам шармам мебиёд бо хамин хел Академик наход он кадар бе саводе бошен ..ман ба шумо савол медихам ки дар ин 23 сол чи хизмат ва чи кор карден ва чи хизмат карден ба мардум ???

м
ана акнун таин шуд ин академик мегад агар дар точикистон яагон ходисаики шид авал инхо гунахкоранд

инхо академики чаъли (такалуби=гайривокеи )хастанд зеро агар дуруст тахкик мекарданд имруз мавкеи эрони исломиро дар чахон медиданд ки шаш кудрати чахони чихел дар пешаш зону заданд..академикхо нодуруст гуфтед сабаби ин чангхо шумо хастед ки чомеаро аз ислом дур карда мардумро ба рахи фиску фасод мебаред ва ин мардум мачбур мешаванд барои хифзи ин арзиши иллохи даст ба мубориза зананд...озоди озодиатро бо чопи ин макула ( гуфта) исбот кун....

Талаба
Э рӯи шумо барин академикҳо қурут!!!
Ҳамин ҳам ҷавоб шуд! Ҳамин ҳам посух шуд!
Ин академияву академикҳо ба ном илм иснод овардаанд.

Ин ҳарфро бинед
Ин ҳизб бояд барвақт аз фазои сиёсии Тоҷикистон ва ҷомеаи тоҷик барканор мешуд, аммо бо шиори озодии анархистона ва бесарусомони демократигуна боқӣ мондааст.

Будан ё набудани як ҳизб аз мағзҳои мурғини шумо вобаста нест, балки ин мурод ва тасмим гурӯҳи нафарҳоест, ки дар ин ҷомеа ҳаракати сиёсиро ташкил додаанд ва тибқи муқаррароти ҷумҳурӣ ҳизби худро ташкил кардаанд. "Бояд" ё "набояд" гуфтани шумо дар ягон канони илмӣ намеғунҷад. Бо "...шиори озодии анархистона ва бесарусомони демократигуна..." шумо чӣ гуфтанӣ ҳастед, дар Тоҷикистон анархия ҳаст? Илтимос, пеш аз истифодаи терминҳои каму беш ба луғатҳо назар афканед, бинед онҳо чӣ маъно доранд. Бо ин суханатон шумо назму тартиботи ҷорӣ дар Тоҷикистонро зери суол бурдаед.
Дар Тоҷикистон анархия нест, балки назму низому мураттабе ҷорист.
Каме фикр кунед, агар қобилияташро дошта бошед.

Ба чои он ки корхои илмиро ба пеш баранд боз ба сисесат кордоран ин ба ном академикхо.Унвонхои шуморо ба гайр аз Токистон дигар ягон мамолики дигар намешиносад.Бехтараш барои илму фарханг кор кунед.

Академияи улуми Точикистон худаш чи коре ро барои рушди кишвар анчом дода аст, ки имруз ин кадар даъвохои беаклона мекунад? АИ ЧТ. хам аз тарафи кумитаи амният ва бо накшаи рубоб менавозанд.

NO NAME
Salom.ba akademikhoi TJK wumo az bajoi on ki dar borai sathi ilm ki dar TJK past hast tahqiq kuned to sathi ilmro bolo bardored.Dar borai yk Hizbe tahqiq mekuned ki TJK va Jahon gabul va ehturof kardaast. ki in kori wumo be foyda ast.Wumo bo in koraton xudatonro shirin mekuned xalos. Man mutmainam ki agar hamin HNIT sari gudrat oyd ba mo yk demokratiyi voqeira meorad.va mardumi TJK tohol azhnit zarar nakardaand Har zarareki dida and azwumo ast, unvonhoi ki wumo griftaed fikur nameknm ki ba ivazi doniwi wumo bowad,in makolahoi ki wumo menavised aslan xonanda nadorad.

Ба академисянхои секулори кишвар! Ба ононе ки гуё руй аз Худованди осмонхову замин ба суи худои соъатии худ овардаанд. Худованди сохта ва дуругини худ! Айнан хамон кореро ки дар тули торихи вучудии башар фиръавнхову намрудхо ва чандаке пеш гитлеру инсутар Сталин карда буданд. Кореро ки имомаш иблис асту огози амраш аз ибтидои офариниши инсон!
Ба ононе ки калимоте чанд аз "илм" , пароканда ва тутивор дастомуз гаштаанду холи аз х,аргуна мукаддасот даъвии маърифат доранд. Идомадихандагони кори сармураббиашон, ки саропо кибр буду аз фармони Худояш чихати сачдаи такрим дар баробари шарофати инсон гардан зад.
Иноне ки бо номи Худованд ва пайравони ростини китоби У , ва хам дустдорони паёмбари ислом дар тохтутозанд.
Магар шумо хануз хам ба Худои Мухаммад(с) эмон наёвардаед?
Ба Курони карим ки охирин паёми Офаридгор асту чахони илм дар баробараш зонуи адаб зада аст шак доред? Оё шумо касоне нестед, ки даъвои илму мантик менамоеду рутбахои буланхонадори професор ва академикро ба худ х,ак задаед? Пас кучост часорату гайрати шумо. Дар кадом мактаб омухтаед ин навъи муборизаро?
Бехтар набуд, чои ингуна муборизахои номардона ва кудакона , майдоне барои гуфтугу ва муколима боз менамудед.
Мардуми точик, фарзандони Рудакии диндору Буаливу Саъдиву Хофизу Мавлоно ва Мулло ва ё Мавлоно Абдурахмони Чомии Хуросони ба осони хубро аз бад метавонанд чудо созанд. Даъват кунед ба гуфтугуи озод ва рубару и телевизиони ва сухбат ороед бо хамин Кабириву хазорон Кабирихои дигаре ки хануз яке аз хазораш ро дидаед.
Ба чои инхама тухмату бадномкунихо ва намоиши ёфтахои камназир ва тахкикоти ачибу гариби кайхони, хубтар нест, ки руи барномахои бо ном муколама, аз ХНИТ даъват намоеду дар баробари чашми мардум нолозим будани онхоро(диндоронро) ва зарурати вучуди худро исбот созед.
Мардум бошад, казоват кунандаи хубе хастанд.
Агар ин кор ро намекунед, пас огох бошед, ки ин кибри шумо хамонанди хамон кибре аст, ки аз таъзими шарофати инсон уро боз дошта буд.
Дар охир ба якояки шумо орзуи саломати ва озодаги дар зиндагиро дорам.

насриддин
Академикои мо холо дар тадкикоте хастанд ки у- зада ва и-изадаро монем ё аз байн барем э тлвба да.

Dev
Sad dar sad tarafdoram.Dar hajkikat hizbi nahzat tajassumgari simoi millati tojik nest va nameshavad .In arabdustdorii tojikon, marg ba madaniyatu farhangi tojikist.

Kishvar
Марказ,
Salom. Shumo dar navishtahoi khulosa bayon karded, ki HNIT baroi Tojikiston khatarzo hast va nametavonad chehrai Tojikiston boshad. Ammo hamzamon khudi mushkiliro bayon karda, HALLI unro bayon nakarded va ham nanavishted, ki kadom HIZB baroi Tojikiston foidaovar ast va metavonad chehrai Tojikistoni aziz mo boshad. KHulosa az in maalum meshavad, ki in hama amalhoi SHUMO gayr az amali FARMOISHI digar chize nest!!!

ук,а ки академики я зур зан ч,оизаи нобела сазовор шави, у гуфти гапо с пахмели ч,урготи труша хур дарди сар мегузара

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)